Хок неъмати бебаҳост, зеро аҳолиро бо маводи ғизоӣ таъмин мекунад. Ба Рӯзи байналмилалии хок бахшида мешавад

Декабрь 5, 2018 15:07

ДУШАНБЕ, 05.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. Хок қабати ҳосилхези замин буда, яке аз моддаҳои мураккаб ва омехтаи табиӣ маҳсуб меёбад. Ҳамаи инро ба назар гирифта, моҳи декабри соли 2013 Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид 5 декабрро Рӯзи байналмилалии хок   эълон кард ва аз аҳолии ҷаҳон даъват намуд, ки ба қадри ин неъмати бебаҳо бирасанд.

Вобаста ба аҳамияти хок ва истифодаи дурусти он мухбири АМИТ «Ховар»  бо Директори Институти хокшиносии Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои кишоварзӣ Шариф Хоҷаев ҳамсуҳбат гардид.

Ба гуфтаи Шариф Хоҷаев, ҳоло дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда  аз 34 намуди хок  маъмул мебошад. Илми хокшиносӣ  дорои таърихи куҳан буда, олимони тоҷик низ дар омӯзиши он ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидаанд.

«То имрӯз аз  тарафи мутафаккирони бузурги тоҷик дар васфи хок бисёр шеъру қасида ва манзумаҳо гуфта шудаанд. Умуман  хок неъматест, ки тамоми мавҷудоти зинда, аз ҷумла инсонро бо ғизо ва маҳсулоти кишоварзӣ таъмин менамояд. Олимони Институти хокшиносии Академияи илмҳои кишоварзии ҷумҳурӣ  дар  тамоми манотиқи мамлакат  тадқиқоти илмӣ гузаронида, корҳои илмии муҳимро пеш мебаранд. Ҳоло олимони Иниститут аз рӯи 7 мавзӯи  илмӣ фаъолият менамоянд»,- гуфт директори Институти хокшиносии Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ба иловаи номбурда, 16 октябри соли 2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи хок» қабул карда шуд, ки он  принсипҳои асосии сиёсати давлатӣ, асосҳои ҳуқуқии фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро бо мақсади оқилона ва эҳтиёткорона истифода бурдани хок, нигоҳ доштани сифат, ҳосилхезӣ ва ҳифзи онро аз падидаҳои манфӣ муайян карда, маҷмўи муносибатҳои бо ҳифзи хок алоқамандро танзим менамояд.

«Ҳамеша хок ба эҳтиёҷот зарур буда, он аз инсоният нигоҳубини хуб талаб менамояд. Ҳар қадаре, ки деҳқонону кишоварзон нисбат ба замин ва хок беҳтар рафтор намоянд,  ҳамон қадар  барои таъминоти ғизоии худ ҳосили хуб ба даст меоранд. Барои ҳосили хуб ба даст овардан, пеш аз ҳама, истифодабарандагони заминро лозим аст, ки барои беҳдошти ҳолати хок корҳои назаррасеро, ба мисли шӯршӯӣ ва истифодаи нуриҳои минералӣ ва  органикӣ  ба анҷом расонанд. Ин ҳолат метавонад ҳосилнокии заминро баланд бардорад. Имрӯз олимони соҳаи кишоварзиро зарур аст, ки усулҳои пешрафтаи илмиро рӯи кор оранд,  то дар оянда таъминоти ғизоии мамлакат пурра ба роҳ монда шавад. Ҳоло дар манотиқи ҷумҳурӣ зиёда аз 37 ҳазор гектар заминҳои обёришаванда дар ҳолати ғайриқаноатбахш қарор доранд. Моро мебояд  сари вақт  ин заминҳоро аз худ намуда, ҳолати беҳдошти онро хуб намоем, зеро  ин дар оянда барои таъмини амнияти озуқаворӣ дар кишвар мусоидат менамояд.   Заминҳои мазкур асосан шӯршуда, ботлоқ ва сангзор  мебошанд»,- зикр намуд Шариф Хоҷаев.

Номбурда  иброз медорад, ки олимони Академияи илмҳои кишоварзии ҷумҳурӣ  вобаста ба истифодаи замин ҳамеша ба деҳқонон маслиҳатҳо медиҳанд.  Ҳоло  ки давраи замина гузоштан ба ҳосили соли оянда аст, тавсия дода мешавад, ки кишоварзон  баъди ғунучини ҳосили ба дастомада бояд на камтар аз 30 – 35 сантиметр  заминро шудгор намоянд. Ҳамчунин аз истифодабарандагони замин хоҳиш карда мешавад, ки ҳеҷ гоҳ заминро оташ назананд, зеро дар қабати ҳосилхези замин зиёда аз 1000 намуд микроорганизмҳои  фоидаовар  мавҷуд мебошанд, ки дар натиҷаи оташ задан нест мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки соли 2003  аз тарафи олимони Институти хокшиносӣ якумин Съезди хокшиносони Тоҷикистон барпо шуд. Дар ин съезд тамоми олимони хокшинос аз Россия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Амрико ва Канада иштирок намуда, вобаста ба ҳосилхезии хок ва омилҳои баландшавии он маърӯзаҳо намуданд. Инчунин соли 2015  дар ҷаҳон Соли ҷаҳонии хок эълон гардид, ки  дар он аз тамоми манотиқи дунё олимон ҷамъ шуда, перомуни беҳтар намудани ҳолати  заминҳо гуфтушунид намуданд.

Холисаи АСОМИДДИН,
АМИТ «Ховар»

Декабрь 5, 2018 15:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд ҷаласаи сайёри Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ дар назар аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 август, сешанбе, 224-умин рӯзи соли 2025 аст
Барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ омӯзиши забони олмонӣ оғоз меёбад
Дурнамо ва густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Покистон баррасӣ гардид
Далер Наимов: «Дастаи мо аз шахсони зираку кордон иборат аст»
Имрӯз дар Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Истаравшан ҳунари шонасозӣ ривоҷи тоза меёбад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад