ИМРӮЗ – РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУҲОҶИРОН. Сиёсати давлатии Тоҷикистон дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ ба паст намудани шиддати он, пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва истифодаи самараноки қувваҳои корӣ равона гардидааст
ДУШАНБЕ, 18.12.2018. /АМИТ «Ховар»/. Аз соли 2000 инҷониб бо ташаббуси Ассамблеяи генералии СММ дар тамоми ҷаҳон ҳамасола 18 декабр Рўзи байналмилалии муҳоҷирон ҷашн гирифта мешавад. Бояд гуфт, ки 18 декабри соли 1990 Ассамблеяи генералии СММ Конвенсияи байналмилалӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирон ва аъзои оилаҳои онҳоро қабул намуд ва 4 декабри соли 2000 ин санаро ба расмият даровард.
Муҳоҷирати меҳнатӣ дар оғози асри 21 ба раванди умумиҷаҳонӣ ва падидаи глобалӣ табдил ёфтааст. Солҳои охир теъдоди муҳоҷирон дар тамоми дунё меафзояд. Маълум аст, ки муҳоҷирати меҳнатӣ- яке аз роҳҳои ворид намудани маблағ ба буҷаи оила мебошад. Муҳоҷирон аз ҳисоби кор дар хориҷа маблағ ба даст оварда, вазъи оилавии худро беҳтар мекунанд.
Аз ҳисоботи Созмони Милали Муттаҳид бармеояд, ки муҳоҷирати меҳнатӣ барои таъмину тақсимшавии мутаносибан баробари қувваи корӣ дар тамоми ҷаҳон кумак намуда, аз ҳисоби мубодилаи малака ва касбу кор барои пешбурди ҷараёни рушди истеҳсолоти инноватсионӣ мусоидат мекунад. Яъне, муҳоҷирон ба давлатҳои мутараққӣ ба кор рафта, дар ҷараёни фаъолият технологияҳои навро аз худ мекунанд.
Мавриди зикр аст, ки дар имрӯз муҳоҷирати меҳнатӣ ба мушкилоти куллии ҷаҳони мутараққӣ мубаддал шудааст. Шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ дар панҷоҳ соли охир аз 60 то ба 215 миллион нафар афзуда, тибқи пешбиниҳои СММ, то соли 2050 шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ дар ҷаҳон ба 405 миллион нафар хоҳад расид.
Таҳлилгарони созмонҳои байналмилалии меҳнат ва муҳоҷират таъкид кардаанд, ки истифодаи самараноки муҳоҷирати меҳнатӣ ҳам ба кишвари қабулкунанда ва ҳам ба давлати интиқолдиҳандаи он манфиати калони иқтисодӣ меорад. Бинобар ин мо муҳоҷирати меҳнатиро чун як падидаи маъмули замона бояд дарк ва қабул намоем.
Тавре дар суҳбат ба мухбири АМИТ «Ховар» муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурулло МАҲМАДУЛЛОЗОДА зикр намуд, муҳоҷират ва равандҳои он дар ҷаҳони имрӯза ба яке аз масъалаҳои муҳими глобалӣ табдил ёфтаанд. Он ҳамчун раванди мураккаби ҷамъиятӣ қариб ба ҳама ҷанбаҳои ҳаёти иҷтимоию сиёсӣ таъсиргузор аст. Муҳоҷирати аҳолӣ дар таърихи башарият нақши барҷаста дошта, ба омилҳои асосии ин раванд сокиншавии инсон бо мақсади истифодаи заминҳои бекорхобида, рушди қувваҳои истеҳсолӣ, ташаккул ва омӯзиши ирқу нажод, забонҳо ва халқҳо иртибот доранд.
Ба гуфтаи Н.Маҳмадуллозода, ҳодисаҳои навини ҷомеа, махсусан ҷангҳои шаҳрвандӣ, задухӯрдҳои мусаллаҳона ва умуман шиддат гирифтани рақобатҳои давлатҳои абарқудрат миллату халқиятҳои гуногунро маҷбур сохтанд, ки ба худ номи гуреза ё муҳоҷир гиранд.
Омили дигари муҳоҷирати байналмилалии қувваҳои корӣ — ин нобаробарии тараққиёти иқтисодии ҷаҳонӣ, даромадҳо ва имкониятҳо дар давлатҳои алоҳида, алалхусус байни мамлакатҳои тараққикарда ва мамлакатҳои рӯ ба тараққӣ мебошад. Муҳоҷирати меҳнатии аҳолӣ сабаби зудҳаракатии одамон гардида, ҷаҳонбинии онҳоро васеъ менамояд, дар маҷмӯъ ба инкишофи ҳамаҷонибаи шахсият ва қонеъсозии талаботи иҷтимоии он таъсиргузор аст. Муҳоҷирати аҳолӣ дар рушди иқтисодии давлатҳо саҳми муҳим дошта, сиёсати муфиди иқтисодию сиёсии давлатҳо бе назардошти ин падида ғайриимкон аст.
«Бояд тазаккур дод, ки вобаста ба қабул шудани Конвенсияи байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи ҳамаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо аз 18 декабри соли 1990, бо ташаббуси Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ аз соли 2000 инҷониб ҳар сол ҷашни байналмилалии Рӯзи муҳоҷирон таҷлил карда мешавад. Конвенсияи мазкур давлатҳои иштирокчии онро уҳдадор намудааст, ки мувофиқи санадҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон ҳуқуқи ҳамаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳоро, ки дар он пешбинӣ шудаанд ва дар ҳудуди давлат ё ҳудуде, ки таҳти тобеияти ҳуқуқии онҳо қарор доранд, бе ягон фарқият аз рӯи ҷинс, нажод, ранги пӯст, забон, дин ё эътиқод, ақидаи сиёсӣ ё ақидаҳои дигар, баромади миллӣ, қавмӣ ё иҷтимоӣ, шаҳрвандӣ, синну сол, вазъи иқтисодӣ, молу мулкӣ, оилавӣ ва табақавӣ ё ҳар гуна нишонаи дигар, эҳтиром ва таъмин намоянд», — зикр намуд ҳамсуҳбат.
Тибқи муҳтавои ин Конвенсия, муҳоҷирони меҳнатӣ ба мисли дигар сокинони сайёра бояд аз тамоми ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон бархӯрдор буда, ҳуқуқ доранд талаб намоянд, ки ҳуқуқҳояшон риоя ва ҳифз карда шаванд.
«Айни замон бо назардошти афзоиши шумораи муҳоҷирон дар сатҳи байналмилалӣ, низоъҳо, офатҳои табиӣ ва омилҳои иқтисодӣ, рушди номутаносиби демографӣ ва дигар масъалаҳои мубрами муҳоҷират аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид масъалаи қабули санади нави байналмилалӣ дар ин самт – Созишномаи ҷаҳонӣ барои муҳоҷирати бехатар, бонизом ва мунтазам мавриди баррасии давлатҳо қарор дода шудааст. Созишномаи мазкур усули тавсиявӣ дошта, муқаррарот ва принсипҳои асосии он дар асоси рӯзномаи ҷаҳонии рушд то давраи соли 2030 мутобиқ карда шудаанд ва дар он таваҷҷуҳи хосса ба соҳибихтиёрии миллии кишварҳо дода шудааст»,-иброз намуд Н.Маҳмадуллозода.
Ба зикри мусоҳиби мо, Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар қатори дигар давлатҳо имрӯз аз ин тағйироти равандҳои муҳоҷират дар канор нест. Тавре маълум аст, кишвари мо дорои сохтори аҳолии ҷавон буда, афзоиши ҳамасолаи аҳолии мамлакат зиёда аз 2 фоизро ташкил медиҳад. Ҳамасола қариб 150 ҳазор афроди қобили кор ба бозори меҳнат ворид мегарданд. Табиист, ки афзоиши бемайлони аҳолӣ захираҳои бузурги қувваҳои кориро ба вуҷуд меорад ва дар хориҷ бо ҷойи кор таъмин намудани қисме аз онҳо ногузир аст. Аз ин рӯ, масъалаи мазкур ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ ба паст намудани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ, пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва истифодаи самараноки қувваҳои корӣ дар дохил ва хориҷӣ кишвар равона гардидааст.
«Дар ин замина, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади мусоидат ба ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ ҳанӯз соли 2001 Конвенсияи байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи ҳамаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳоро тасдиқ ва санадҳои миллиро ба он мутобиқ намуда, бо кишварҳои асосии қабули муҳоҷирони меҳнатӣ, аз ҷумла Федератсияи Россия, Қазоқистон, Беларус ва дигар давлатҳо созишномаҳои марбутаи ҳамкорӣ бастааст. Дар ҷумҳурӣ шароити зарурӣ барои таъмини хизматрасониҳои ройгон ба муҳоҷирони меҳнатӣ таъмин буда, барои омодагии касбӣ, бо кор таъминсозии муташаккилонаи онҳо дар хориҷ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо як қатор барномаҳо амалӣ шуда истодаанд», — гуфт ҳамсуҳбат.
Бояд зикр намуд, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» Рӯзи байналмилалии муҳоҷирон дар ҷумҳурии мо низ таҷлил карда мешавад. Дар ин рӯз конфронсу семинарҳои махсус ва дигар барномаҳои алоҳидаи ҷашнӣ баргузор мегарданд.
Дар робита ба он имрӯз дар Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомад баргузор гардида, дар он намояндагони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии мамлакат, Созмони байналмилалии меҳнат дар Тоҷикистон ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ иштирок менамоянд.
Ибодат ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»