Каратэчиёни тоҷик дар Чемпионати Осиёи Марказӣ сазовори 9 медал гардиданд
ДУШАНБЕ, 20.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. Варзишгарони Тоҷикистон дар Чемпионати Осиёи Марказӣ оид ба каратэ WKF миёни наврасон, ҷавонон ва калонсолон 9 медал (4 тилло, 3 нуқра, 2 биринҷӣ) ба даст оварданд. Дар ин бора аз Федератсияи каратэ-дои Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, дар ин мусобиқа медалҳои тиллоро Муҳаммадхӯҷа Азаматов (-52кг), Парвиз Азизиён (-70кг) миёни наврасони 14-15-сола ва Умед Сафаров (-76кг) миёни ҷавонони 16-17-сола сазовор шуданд. Медали чоруми тиллоро варзишгарони мо дар равияи кумитэи даставӣ дар ҳайати Фаррух Раҳимов, Маҳмаёри Ҳикматулло, Исмоил Раҷабов, Ҳоҷиқурбон Маҳмадов, Муҳаммад Тешаев, Абдуваҳоб Шарапов, Умед Сафаров миёни ҷавонони то 18-сола ба даст оварданд.
Муҳаммад Тешаев (-55кг), Бекзод Маҳмудов (+76кг) миёни ҷавонони 16-17-сола, Абдуваҳоб Шарапов (-67кг) миёни ҷавонони то 18-сола медалҳои нуқра ба даст оварданд. Ҳоҷиқурбон Маҳмадов (-60кг) ва Фаррух Раҳимов (+87кг) миёни ҷавонони то 18-сола сазовори медали биринҷӣ гардиданд.
Ба иттилои манбаъ, чемпионати мазкур 17-18 декабр дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон бо иштироки варзишгарон аз Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Эрон баргузор шуд.
Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати 16 нафар, аз ҷумла 10 варзишгар ба ин мусобиқа сафарбар гардида буд.








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






