Лаёқатмандон аз курси омӯзишии «Духтарони сарвар» мегузаранд
ДУШАНБЕ, 13.12.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе марҳилаи дуюми курси омӯзишии «Духтарони сарвар» оғоз гардида, то 21 декабри соли равон идома меёбад. Ба курси мазкур донишҷӯдухтарон аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ҷалб гардидаанд.
Тавре сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Наргис Шарифзода ба мухбири АМИТ «Ховар» иброз дошт, курси омӯзишии «Духтарони сарвар» бо дастгирии Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз ҷониби Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати иҷрои «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017 – 2022» роҳандозӣ гардидааст.
Номбурда ҳамчунин иброз дошт, ки соли равон курси омӯзишии «Духтарони сарвар» барои зиёда аз 40 нафар донишҷӯдухтари муассисаҳои таълимии олии мамлакат, аз ҷумла, Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ доир гардид, ки баъди хатми он ба донишҷӯдухтарон гувоҳнома супурда шуд.
«Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати беҳбуди вазъи иҷтимоӣ ва фароҳам сохтани имкониятҳо барои илму касбомӯзии бонувон, таъмину ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат дар ин самт чандин барномаҳои давлатӣ рӯйи кор омаданд. Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе чиҳати иҷрои ин дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ин самт тадбирҳои зарурӣ меандешад. Ташкили курси омӯзишии «Духтарони сарвар» аз ҷумлаи ин тадбирҳои муҳим маҳсуб мешавад», — афзуд Н.Шарифзода.
Мавсуф ҳамчунин таъкид намуд, ки ҳадаф аз баргузории курси мазкур фаъол гардонидани ҷавондухтарон ва ҳиссагузории бевоситаи онҳо дар бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои занон ҳангоми пешниҳод ва таъйин намудан ба вазифаҳои роҳбарикунанда ва интихоби кадрҳои болаёқат аз ҳисоби ҷавондухтарон мебошад.








Имрӯз иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир гардид
ДУШАНБЕ-ШАҲРИ САБЗ. Дар пойтахт зиёда аз 12 миллион дона гулҳои мавсимию бисёрсола шинонида мешаванд
Бо иштироки 2500 нафар кӯдакон дар Душанбе барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор гардид
Дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал оғоз гардид
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Озмуни «Беҳтарин маводи телевизионӣ, матбуотӣ ва радиоӣ дар шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
«QR-РОҲНАМО». Шаҳри Душанбе ба марҳилаи нави сайёҳии рақамӣ қадам мегузорад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ бо иштироки 20 ҳазор нафар ҳамоиши идона доир шуд
Рустами Эмомалӣ бо Сафири Чин дар Тоҷикистон Го Ҷитзюн мулоқот намуданд
Дар Душанбе даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарманди сол» ҷамъбаст гардид
Таҷлили бошукуҳи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе
Рустами Эмомалӣ ва Валентина Матвиенко ба «Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии ба номи Ю.А. Гагарини шаҳри Душанбе» ташриф оварданд






