Лука Модрич соҳиби ҷоизаи «Тӯби тиллоӣ»-и имсола гардид

Декабрь 4, 2018 10:40

ДУШАНБЕ, 04.12.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Парижи Франсия маросими супоридани ҷоизаи «Тӯби тиллоӣ» баргузор шуд.

Тавре  шореҳи варзиш Бобо Холмуродзода  ба мухбири АМИТ «Ховар»  хабар дод,  даври тиллоии Месси ва Роналду ба анҷом расид. Дар ин маъракаи муҳташаму муҳимтарини сол ниммуҳофизатгари дастаи  шоҳонаи «Реал Мадрид» ва дастаи мунтахаби  Хорватия Лука Модрич Месси ва Роналдуро паси сар гузошта, ҷоизаи «Тӯби тиллоӣ» — ро соҳиб шуд.

Маврид ба ёдоварист, ки дар даҳ соли охир ин ҷоиза танҳо ба Месси ва Роналду насиб мегардид. Дар ин маросим Леонер  Месси дар зинаи 5-ум қарор гирифт. Килиан Мбаппе дар ҷои 4-ум мавқеъ касб кард. Антуан Гризманн ва Криштиану Роналду дар зинаҳои 3-юм, 2-юм ва ниҳоятан Лука Модрич соҳиби ҷоизаи «Тӯби тиллоӣ» дар соли 2018 гардид.

Ёдовар мешавем, ки Лука Модрич ҳамроҳ бо дастаи  футболи  «Реал Мадрид» ғолиби Лигаи қаҳрамонҳои Аврупо шуда, бо дастаи    мунтахаби  Хорватия ба даври финалии Ҷоми ҷаҳон-2018 роҳ ёфта буд.

 

Декабрь 4, 2018 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд