МО ҲАМА БАРОБАРЕМ! Имрӯз- Рӯзи байналмилалии маъюбон

Декабрь 3, 2018 11:34

ДУШАНБЕ, 03.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади ҳарчи бештар ҷалб намудани таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мушкилоти  шахсони имконияташон маҳдуд   Ассамблияи   генералии СММ  соли 1992  3 декабрро ҳамчун Рӯзи байналмилалии  маъюбон эълон намуд. Аз ин рӯ ҳамасола дар тамоми дунё, аз ҷумла  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон он чун Рӯзи байналмилалии  маъюбон   таҷлил мегардад.   Бояд гуфт, ки ҳоло дар ҷаҳон беш аз як миллиард нафар маъюбон  ба қайд гирифта шудаанд, ки 15 фоизи аҳолии  рӯи Заминро  ташкил медиҳанд.

Мақсади асосии баргузор намудани  ин сана ба хотири бештар равона намудани диққати аҳли ҷомеа ба мушкилоти маъюбон, ҳифзи эътибор, ҳуқуқу муваффақиятҳои онҳо ва иштирокашон дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ мебошад.

Бояд гуфт, ки  ҳифзи иҷтимоии маъюбон, аз ҷумла, шахсони дорои имконияти маҳдуд яке аз самтҳои муҳим ва асосии сиёсати иҷтимоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад. Аз замони ба даст овардани Истиқлолият то имрӯз тамоми талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таъмини кафолатҳои иҷтимоии мардум, хусусан маъюбон равона гардида, дар ҷумҳурӣ заминаи ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии маъюбон пурра таҳия ва мавриди амал қарор дода шудааст.

Ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  соли 2016 аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017- 2020» таҳия ва қабул гардид, ки мақсади асосии он фароҳам овардани шароити мусоид барои маъюбон, беҳтар намудани вазъи тандурустӣ ва солимгардонии онҳо мебошад.

Ҳамчунин моҳи марти соли равон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорки ИМА зери Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи шахсони маъюб имзо гузоштанд.

Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи шахсони маъюб аз тарафи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 13 декабри соли 2006 қабул гардида, 3 майи соли 2008 баъди аз ҷониби 20 давлати олам тарафдорӣ ёфтан ҳукми қонунӣ гирифт. Ба ҳолати моҳи ноябри соли 2017 — 175 давлати олам ва Иттиҳоди Аврупо иштирокчии Конвенсия мебошанд. Баъди ҳукми қонунӣ гирифтани Конвенсия Кумита оид ба ҳуқуқи шахсони маъюб бо 18 аъзо ташкил карда шуд.

Инчунин ҳамасола бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ба оилаҳое, ки 2 нафар ва зиёда аз он маъюб доранд ва ба маъюбоне, ки ба воситаҳои тавонбахшии маъюбӣ ва воситаҳои ёрирасони техникӣ эҳтиёҷманданд, воситаҳои протезию ортопедӣ, маҳсулоти тавонбахшӣ, асобағал ва аробачаҳои маъюбӣ харидорӣ  ва тақдим карда мешаванд.

 Илова бар ин, роҳбари Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон  (ИММТ)  Асадулло Зикрихудоев иброз дошт, ки имрӯзҳо шароити будубоши маъюбон ва шахсони дорои имконияти маҳдуд хеле хуб буда, онҳо аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста дастгирӣ меёбанд.    Ба иттилои номбурда, Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон  соли 1990 таъсис ёфта, ҳадафи аслии он ҳимоя намудани ҳуқуқ ва манфиатҳои шахсони имконияташон маҳдуд мебошад.

Ҳамчунин зикр намуд, ки Иттиҳодия дар 35 шаҳру ноҳияҳои кишвар намояндагиҳои худро дошта  50 ҳазор  шахсони дорои маъюбиятро дар бар мегирад. Мақсади ташкилот- ин намояндагӣ ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои маъюбон ва ташкилотҳои онҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Давоми фаъолияти худ ташкилот бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилотҳои байналмилалию ҷамъиятии ватанӣ ҳамкории зич намуда, дар таҳияи санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрие, ки ба ҳифзи иҷтимоии маъюбон алоқаманданд, бевосита ширкат меварзад.

Тибқи иттилои  А. Зикрихудоев,  холо дар Тоҷикистон  146 ҳазору 725    нафар шахсони маъюб ба қайд гирифта шуда, аз онҳо 26 ҳазору 246    нафарашонро кӯдакон ташкил медиҳанд.

Бояд зикр намуд, ки имрӯз бахшида ба ин ҷашн бо дастгирии ташкилотҳои байналмилалӣ ва сохторҳои давлатӣ бо иштироки  ҳунармандоне, ки имконияти маҳдуд доранд, барномаҳои фарҳангӣ ва варзишӣ доир  мегарданд.

Аз ҷумла, имрӯз дар Маркази исмоилияи шаҳри Душанбе  Конгресси миллии шахсони маъюби Тоҷикистон оғоз ёфта, то 5 декабри соли равон идома мекунад.

 

Ибодат ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

Декабрь 3, 2018 11:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд ҷаласаи сайёри Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ дар назар аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 август, сешанбе, 224-умин рӯзи соли 2025 аст
Барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ омӯзиши забони олмонӣ оғоз меёбад
Дурнамо ва густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Покистон баррасӣ гардид
Далер Наимов: «Дастаи мо аз шахсони зираку кордон иборат аст»
Имрӯз дар Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Истаравшан ҳунари шонасозӣ ривоҷи тоза меёбад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад