НАРГИС ШАРИФЗОДА: «СОКИНИ ПОЙТАХТ БУДАН ИФТИХОР АСТ». Суҳбати АМИТ «Ховар» бо Сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи Душанбе роҷеъ ба нақши бонувон дар хуррамӣ, ободиву зебоӣ ва тозагии шаҳр
ДУШАНБЕ, 06.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баҳри таъмини занон бо ҷои кор, омӯзиши касбу ҳунар, саҳми намоён гузоштани онҳо дар ободӣ ва тозаю озода нигоҳ доштани пойтахт пайваста тадбирҳои зарурӣ меандешад. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» Рухсораи НУР бо сардори Раёсати мазкур Наргис ШАРИФЗОДА ҳамсуҳбат гардид, ки фишурдаи онро пешкаши хонандагони сомона мегардонем.
АМИТ «Ховар»: Тавре огоҳӣ дорем, ба Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бонувони зиёд бо масоили гуногун муроҷиат менамоянд. Мегуфтед, ки ин муроҷиатҳо асосан кадом масъалаҳоро дар бар мегиранд?
Наргис Шарифзода: Дар ҳақиқат ба Раёсати мо занону духтарони зиёд муроҷиат менамоянд. Дар бештари муроҷиатҳо бонувон дар мавриди таъмини онҳо бо ҷойи кор кумак мехоҳанд. Бояд зикр кард, ки дар 11 моҳи соли равон 11 794 нафар занон бо ин масъала ба мо муроҷиат намудаанд. Аз ин теъдод 3707 нафар занон бо ҷои кор таъмин гардиданд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 934 нафар зиёд мебошад. 1755 нафар бонувонро бо мақсади дар оянда таъмин намудан бо ҷои кор ба муассисаҳои дахлдори таълимӣ барои касбомӯзӣ равона намудем. Ба теъдоди боқимондаи муроҷиаткунандагон тавсия дода шуд, ки барои такмили ихтисос, омӯзиши касбу ҳунарҳои мутобиқ ба талаботи бозори меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ муроҷиат намоянд. Масъулини Раёсат тасмим доранд, ки дар оянда бо мақсади таъмини ҳар чи бештари занон бо ҷои кор бо Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва дигар сохторҳои марбута ҳамкории зич ба роҳ монанд. Хусусан барои таъмини занон бо корҳои хонагӣ, ки аксари занони ҷавон бо сабаби доштани фарзандони ноболиғ ба он эҳтиёҷ доранд, тадбирҳои зарурӣ андешанд. Бо ин мақсад ба ҳунаромӯзии занону духтарони ҷавон афзалият дода мешавад.
Бояд тазаккур дод, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани соли 2018 барои ба касбомӯзию ҳунармандӣ фаро гирифтани аҳолӣ ва таъмини онҳо бо шуғл, бахусус барои занону духтарон имкониятҳои зиёд фароҳам овард. Раёсат дар ин самт як зумра тадбирҳои зарурӣ андешид. Аз ҷумла, бо ин мақсад конференсияву ҳамоишҳо таҳти унвони «Рушди ҳунарҳои мардумӣ –асоси рифоҳи иқтисодии оила», «Эҳёи ҳунарҳои мардумӣ – омили даромади буҷети оила», «Мавқеи занон дар бозори меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Ҳунарҳои мардумӣ – тарғибгари фарҳанги миллӣ», «Коркарди сангҳои ороишӣ ва ранга дар шароити хона яке аз самтҳои афлиятнок дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оила ва рушди ҳунарҳои мардумӣ: ҳамкории муассир барои ояндаи пешрафта», «Нақши ҳунар дар таҳаввулоти зиндагии башар» доир шуданд, ки дар онҳо миёни коршиносону муҳаққиқон машваратҳои илмӣ-таҳлилӣ сурат гирифта, мақсади асосии онҳо дарёфти роҳҳои самараноки бо шуғл фаро гирифтани аҳолӣ, махсусан занону ҷавондухтарон мебошанд.
Бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе соли равон чандин маротиба таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ фестивал ва намоиш — фурӯши маҳсулоти дастии ҳунармандон баргузор гардид. Ҳадаф аз баргузории чорабиниҳои мазкур муаррифии ҳунарҳои мардумӣ, дарёфти армуғони арзанда барои меҳмонону сайёҳон, ҷалби таваҷҷуҳи сайёҳони хориҷӣ ба пойтахт, баровардани маҳсулоти чакан ба бозорҳои ҷаҳонӣ ва дастгирии ҳунармандон, инчунин ҳамкорӣ ва мубодилаи таҷриба намудани ҳунармандон бо ҳамтоёнашон аз дигар давлатҳо, баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии ҳунармандон оид ба андоз, стандартизатсия, гумрук, хуҷҷатгузорӣ дар рафти фаъолияти худ, баланд бардоштани таҷрибаи ҳунармандон оид ба тарзи дуруст пешниҳод намудани маҳсулоти худ дар намоишгоҳҳо ва фурӯши маҳсулоти истеҳсолнамудаашон мебошад.
Ҳамчунин Раёсат курси якмоҳаи омӯзишии «Бонуи ҳунар» -ро бо фарогирии 50 нафар ҷавондухтарон аз оилаҳои ниёзманд дар КВД «Маркази таълимии шаҳри Душанбе» ташкил намуд. Ин ҷавондухтарон дар ҷараёни омӯзиш дар курси мазкур ҳунарҳои гуногун, аз ҷумла, дӯзандагӣ, пазандагӣ, ороишгари мӯй, қаннодӣ ва ғайраҳоро омӯхтанд. Онҳо баъди хатми курси мазкур соҳиби шаҳодатнома гардиданд, ки барои бо ҷои кор таъмин гардиданашон мусоидат менамояд.
Моҳи июли соли равон дар буриши кӯчаҳои Мирзо Турсунзода ва Бухорои пойтахт нонпазхонаи нави замонавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Бинои мазкур ба таври замонавӣ, бо истифода аз нақшу нигори миллӣ сохта шуда, дар дохили он ҷойҳои махсус, аз ҷумла, барои пухтани нони таҳмол, фатир, гирдача, чаппотӣ, дигар маҳсулоти нонӣ ва хӯрокҳои миллӣ омода гардидаанд.
Дар ин макон баробари фароҳам овардани шароити корӣ барои занони ҳунарманд, ҳамчунин ҷиҳати фароғату истироҳат ва истеъмоли хӯрокҳои миллӣ барои сокинону меҳмонони пойтахт тамоми шароит муҳайё гардида, 8 нафар бонувони ҳунарманд бо ҷойи кор таъмин гардида, ҳамарӯза ба мизоҷон хизмат мерасонанд.
Тасмим гирифтаем, ки минбаъд низ таъсиси чунин марказҳои хизматрасонии занони ҳунармандро дар пойтахт ривоҷ диҳем, зеро ба ин восита занони мо метавонанд соҳиби ҷойи кор гардида, даромади хонаводаи худро афзоянд.
Масъалаи дигари муроҷиати занон- ин хушунати хонаводагӣ, дастрасии манзил, кумакҳои моддӣ, дарёфти роҳхат ба кӯдакистонҳо ва ғайраҳо мебошад. Раёсат кӯшиш менамояд, ки дар доираи салоҳияти худ ва дар ҳамкорӣ бо дигар сохторҳои марбута ҷиҳати ҳалли масъалаи муҳими ҳаёти занону ҷавондухтарон, бахусус баланд бардоштани маърифати ҳуқуқиву сиёсӣ, фарҳангиву хештаншиносии онҳо чорабиниҳои гуногунро дар шаҳраку маҳаллаҳо, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, гимназияҳо ва дигар муассисаву ташкилотҳои шаҳри Душанбе дар сатҳи зарурӣ доир намояд.
АМИТ «Ховар»: Имрӯзҳо ҳолатҳои зиёди бекоршавии ақди никоҳ миёни оилаҳои ҷавон ба яке аз масъалаҳои ташвишовар табдил ёфтааст. Раёсат дар ин маврид чӣ корҳоро ба анҷом мерасонад?
Наргис Шарифзода: Мутаассифона, масъалаи бекоршавии ақди никоҳ миёни оилаҳои ҷавон дар шаҳри Душанбе низ сабаби ташвиш аст. Дар 11 моҳи соли 2018 1327 ҳолати ҷудошавии оилаҳои ҷавон ба қайд гирифта шудааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2017 158 ҳолати ҷудошавӣ зиёд мебошад. Чуноне аз таҳлилҳо бармеояд, сабаби асосии ҷудошавии оилаҳои ҷавон- ин омода набудани навхонадорон ба ҳаёти мустақилона, фарзандор нашудан, мувофиқ наомадани хислати келин ба хушдоман ва ё баръакси он, майзадагӣ, нашъамандӣ ва ғайраҳо мебошанд.
Бояд зикр намуд, ки як сабаби ҷудошавиии оилаҳои ҷавон –ин ҷой доштани хушунат дар ин хонаводаҳо мебошад. Раёсат дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии «Маркази худшиносии бонувон дар шаҳри Душанбе» ва шуъбаву бахшҳои кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои пойтахт ҷиҳати татбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии аз 3 майи соли 2014 «Дар бораи Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023» дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи Садриддин Айнӣ, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ва дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №№ 10, 35,41,42,48,52,60,61,62,65,73, 95, 100 ҷиҳати таҳкими оилаҳои ҷавон ва пешгирии хушунат дар онҳо миёни омӯзгорону донишҷӯён ва сокинони шаҳраку маҳаллаҳо ҷамъомадҳои тарғиботӣ-фаҳмондадиҳӣ доир намуд.
Зимни баргузории мулоқоту суҳбатҳои мазкур мутахассисону коршиносони соҳа дар мавзӯъҳои «Фарҳанги оиласолорӣ ва тамаддуни ҷаҳонишавӣ», «Оила-асоси пойдории тамаддуни миллат» ва «Зӯроварӣ ҷиноят аст» маърӯза карда, иштирокдоронро ба пос доштани арзишҳои миллӣ, аз ҷумла, риояи фарҳанги оиладорӣ даъват намуданд.
Ҳамчунин дар Донишкадаи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ, Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон ва дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҷиҳати коҳиш додани амалҳои номатлуб, аз ҷумла, зӯроварӣ дар оила, ки яке аз сабабҳои асосии ҷудошавии навхонадорон маҳсуб мешавад, ҳамоишҳои омӯзишӣ-машваратӣ таҳти унвони «Оилаи солим-асоси пойдории давлат ва ҷомеа», «Ҳифзи арзишҳои миллӣ –рисолати мо», «Хушунат дар оила ва даст задании ҷавонон ба худкушӣ» гузаронида шуд. Инчунин аз ҷониби масъулини Раёсат дар мавзӯъҳои «Солимии оилаи миллӣ- рукни муҳимтарини рушди ҷомеаи миллӣ», «Зан олиҳаи дониш», «Сиёсати давлатии ҷавонон-оинаи арзишҳои миллӣ ва рисолати аҷдодӣ», «Мавқеи занону мардон (зану шавҳар») дар оила аз нигоҳи шариат», «Зӯроварии ҷисмонӣ ва оқибатҳои он дар раванди модаршавӣ» бо сокинони шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт, аз ҷумла, донишҷӯёну омӯзгорон суҳбату мулоқот доир намуданд.
Раёсат дар ҳамкорӣ бо шуъба ва бахшҳои кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои шаҳри Душанбе давоми 11 моҳи соли равон дар ҳамаи шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт бо мақсади иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 14 декабри соли 2016 «Дар бораи тасдиқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимити давлатии шаҳри Душанбе оид ба татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2015 «Дар бораи Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои солҳои 2017-2019 дар шаҳри Душанбе» ва Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» машваратҳои маърифатӣ- ҳуқуқӣ дар масъалаҳои оиладорӣ, нақши зан — модар дар оила, ҳуқуқҳои оилавиии занон ва роҳҳои ҳалли мушкилоти хонаводагӣ доир намуд.
Бояд тазаккур дод, ки соли равон ҳамчунин дар Муассисаи давлатии «Боғи Ирам» озмуни ҷумҳуриявии фарҳангӣ –маърифатӣ таҳти унвони «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» миёни оилаҳои ҳунарманди ноҳияҳои ҷумҳурӣ доир гардид. Дар ин озмун беҳтарин оилаҳои ҳунарманди ноҳияҳои шаҳри Душанбе иштирок намуда, ҳунари худро ба намоиш гузоштанд. Дар ин озмун Олимҷон Абдиллоев (ҳайкалтарош) аз ноҳияи Сино сазовори ҷои аввал ва Назрӣ Қаландарова (зардӯз) аз ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҷои дуюмро соҳиб шуданд.
Дар Муассисаи давлатии «Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев» барномаи фарҳангӣ-маърифатӣ таҳти унвони «Оила- сарчашмаи зиндагӣ» доир гардид. Дар он ба 10 ҷуфт навхонадорон шаҳодатномаҳои ақди никоҳ ва ба чор оилаи беҳтарину намунавии шаҳри Душанбе туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.
Дар ин давра Раёсат дар маҷмӯъ дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдори ноҳиявӣ 130 мулоқоту суҳбат, 87 семинарҳои омӯзишӣ, 23 озмуну викторинаҳо, 17 маҳфилҳои фарҳангӣ, 4 мизи гирд ва конференсия, 30 вохӯрӣ дар назди майдончаҳои варзишӣ ва 500 гардишҳои маърифатӣ –иттилоотӣ дар мавриди пешгирӣ аз фарҳанги бегона доир намуд.
АМИТ «Ховар»: Аз ҷониби Раёсат дар мавриди татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 апрели соли 2017 «Дар бораи Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022» кадом корҳо ба сомон расидаанд?
Наргис Шарифзода: Бо мақсади иҷрои қарори мазкур дар пойтахт як зумра корҳои фарҳангию маърифатӣ роҳандозӣ гардидаанд. Масалан, аз 4 то 23 майи соли равон курси омӯзишии «Духтарони сарвар» барои зиёда аз 40 нафар донишҷӯдухтарони муассисаҳои таълимии мамлакат, аз ҷумла, Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрӣ ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ ташкил ва баъди хатми курси мазкур ба онҳо гувоҳнома супорида шуд.
Инчунин аз 23 ноябри соли равон марҳилаи дуюми омӯзишии курси мазкур доир гардид, ки дар он донишҷӯдухтарон аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ҷалб гардидаанд.
Ҳадаф аз баргузории курси мазкур- ин пеш аз ҳама, омода намудани ҷавондухтарон дар риштаи сиёсату ҳуқуқ ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқҳои онҳо, фароҳам овардани шароити мусоид барои ташаккули донишу касб ва маҳорату малака, бедор намудани ҳисси масъулиятшиносӣ дар онҳо, пешбурди ғояҳои мухталифи инсондӯстӣ, ватанпарастӣ, ҳифзу эҳтироми арзишҳои миллӣ, инчунин талқини баробарии гендерӣ ва мубодилаи таҷриба дар ин соҳа мебошад.
АМИТ «Ховар»: Риояи одоби шаҳрнишинӣ яке аз масъалаҳои мубрамест, ки имрӯз бо мақсади тарғиби он дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе гурӯҳи таблиғотӣ таъсис ёфтааст. Шумо, ки аъзои ин гурӯҳ ҳастед, каме дар бораи фаъолияти он барои хонандагони сомонаи мо маълумот медодед.
Наргис Шарифзода: Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ гурӯҳи таблиғотӣ барои тарғиби одоби шаҳрнишинӣ, густариши корҳои ободонӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинони пойтахт ташкил гардид. Роҳбарии ин гурӯҳро муовини Раиси шаҳр Мавсума Муинӣ ба зимма дошта, аъзои он аз мудирони шуъбаҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ва роҳбарони сохторҳои тобеи мақомот иборатанд. Гурӯҳи мазкур дар баробари моҳияти Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», инчунин одоби шаҳрнишинӣ ва пешгирии фарҳанги бегонапарастӣ, бемориҳои сироятӣ, нашъамандӣ, терроризму ифротгароиро миёни сокинони шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт шарҳу тавзеҳ медиҳанд.
Гурӯҳи муштараки таблиғотӣ шурӯъ аз 31 январи соли равон дар ташкилоту идора ва муассисаҳои таълимии пойтахт бо сокинон доир ба мавзӯи мавриди назар мулоқоти судманд доир намуда истодааст.
Воқеан ҳам сокини пойтахт будан ифтихор аст. Барои ба ин ифтихор сазовор гаштан ҳар як сокини шаҳрро зарур аст, ки фарҳанги шаҳрнишиниро риоя намуда, дар хуррамгардонӣ, ободиву зебоӣ ва тозагии пойтахт саҳм гузорад.
Мутаассифона, тавре ба мушоҳида мерасад, баъзе сокинони пойтахт фарҳанги шаҳрнишиниро риоя накарда, ба тозагии атрофи биноҳои истиқоматӣ, даромадгоҳ ва зинапояҳо бетаваҷҷуҳӣ зоҳир намуда, меҳнати шабонарӯзии кормандони муассисаҳои беҳдошту поккории шаҳрро қадр намекунанд. Онҳо ба рафтори ношоистаи фарзандонашон, ки аз ҷумла, ба поймол намудани майсазорон, гулу буттаҳо, шикастани дарахтон, корношоям гардонидани молу ашёи ҷамъиятӣ ва ифлос намудани атрофи биноҳои истиқоматӣ даст мезананд, муносибати бепарвоёна доранд.
Тавре мушоҳида мешавад, имрӯзҳо дар пойтахт истгоҳҳои муосири нақлиёти ҷамъиятӣ, майдончаҳои варзишӣ ва дигар иншооти мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ мавриди истифода қарор дода мешаванд. Сокинони шаҳрро зарур аст, ки ин иншооти бо маблағи калон ва заҳмати зиёд бунёдшударо эҳтиёт намоянд ва нисбат ба нафароне, ки ба вайронию фарсудашавии истгоҳҳо, нақлиёт ва дигар моликияти ҷамъиятӣ роҳ медиҳанд, бетарафӣ зоҳир накунанд.
Лозим ба ёдоварист, ки бобати баланд бардоштани фарҳанги шаҳрнишинии сокинон бо Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе 28 декабри соли 2000 Маромномаи сокини пойтахт қабул гардидааст, ки он хусусияти тавсиявӣ дорад.
Сокинон ва меҳмонони пойтахт бояд ҳатман Маромномаи сокини пойтахт ва «Қоидаҳои тартиботи ҷамъиятӣ ва санитарӣ дар шаҳри Душанбе» -ро, ки бо Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз 16 октябри соли 2008 тасдиқ гардидааст, риоя намоянд.
Қоидаҳои мазкур таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, ободонӣ ва санитариро дар шаҳри Душанбе муайян менамоянд. Дар санади мазкур омадааст, ки риояи тартиботи ҷамъиятӣ, қоидаю меъёрҳои санитарию гигиенӣ ва эпидемиологӣ дар кӯчаву маҳаллаҳо, боғу гулгаштҳо, майдончаҳои варзишӣ, клубу театрҳо, кинотеатрҳо, нақлиёти шаҳрӣ, ҷойи кору истиқомат, инчунин дар дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ барои ҳамаи шаҳрвандон ва шахсони мансабдор масъулият ва уҳдадорӣ маҳсуб мешавад.
Шахсоне, ки тартиби муқарраршудаи ташкил ва гузаронидани маҷлисҳо, ҷамъомадҳо, роҳпаймоиҳоро дар ҳудуди марзиву маъмурии шаҳри Душанбе, ҳамчунин тартиби муқаррарнамудаи Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро вайрон мекунанд, тибқи талаботи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти ваколатдор ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Дар кӯчаҳо, варзишгоҳҳо, хиёбонҳо, боғҳо, нақлиёт ва ҷойҳои ҷамъиятӣ нӯшидани машруботи спиртӣ, кашидани тамоку ё дар ҳолати мастӣ ҳозир шудан, инчунин аз соати 23:00 то 6:00 дар хобгоҳҳои умумӣ ва манзили зист доду фарёд кардан, бо овози баланд суруд хондан, навохтани асбоби мусиқӣ ва истифодаи таҷҳизоти садотақвиятдиҳанда, ки боиси халалдор гаштани оромии ҷамъият мегарданд, манъ аст.
Ҳамчунин таваққуфи воситаҳои нақлиёт дар ҷойҳои ба ин мақсад таъйиннагардида, бунёд ва гузоштани гаражҳо барои мошинҳои шахсӣ бидуни қарори Раиси шаҳри Душанбе ва насби радиошунавонию карнайҳои радио дар биноҳои истиқоматӣ, хобгоҳҳои умумӣ ва кӯчаву шоҳроҳҳо мамнӯъ мебошад.
Бояд тазаккур дод, ки занон, ки пеш аз ҳама, модар ва тарбиятгаранд, дар ободиву тозаю озода нигоҳ доштани пойтахт саҳми намоён гузошта метавонанд. Дар ин мулоқоту суҳбатҳо мо онҳоро ба ҳамкорӣ даъват намуда, таъкид менамоем, ки ба фарзандон дӯст доштани шаҳр ва аз сокини пойтахт ифтихор доштанро талқин созанд.
Ҳамчунин тибқи тарифҳои муқарраргардида, пардохти саривақтии ҳаққи хизматрасонии коммуналӣ (барқ, гармидиҳӣ, алоқа, кашонидани партов)-ро анҷом дода, истифодаи сарфакоронаи обу барқро риоя намоянд.
Тибқи иттилои масъулин, мутаассифона, баъзе сокинон дар пардохти ҳаққи хизматрасонии коммуналӣ ба кашолкорӣ роҳ медиҳанд. Набояд фаромӯш кард, ки сари вақт пардохт намудани ҳаққи хизматрасонии коммуналӣ ба фаъолияти самараноки сохторҳои ба онҳо марбут мусоидат менамояд.
Бояд ёдовар шуд, ки иҳотаи қитъаҳои замин, дар айвонҳои хонаҳо овехтани ҳар гуна анҷому либосҳо, худсарона дигар кардани сохти хонаҳои истиқоматӣ манъ аст.
Дар боби 5-и санади мазкур ҳамчунин омадааст, ки маъмурияти корхонаҳо, ташкилотҳо, раёсатҳои манзиливу коммуналӣ, дигар сохторҳо, новобаста аз мансубияти идоравӣ, иҷорагирон ва соҳибмулкон уҳдадоранд, ки биноҳо ва иншооти ҳудуди худро, аз ҷумла, ҷӯйборҳои обёриву обгузар, пиёдароҳҳо, мавзеи сабзазор ва истгоҳҳои нақлиётро тоза нигоҳ доранд.
Ҳолати дигаре, ки сабаби нороҳатии сокинон ва меҳмонони пойтахт гардидааст, ин риоя нагардидани фарҳанги истифодаи телефони мобилӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, бахусус дар кӯчаву бозор ва нақлиёти мусофиркаш мебошад.
Баъзе шаҳрвандон дар нақлиёти ҷамъиятӣ тавассути телефонҳои мобилӣ бо садои баланду гӯшхарош ва дурудароз гуфтугӯ намуда, ҳатто баъзан бо ҳамсуҳбатони худ ҷанҷол карда, бо суханони кабеҳу дурушт табъи мусофирони дигарро хира мегардонанд.
Мо аз ҳамаи сокинони пойтахт даъват ба амал меорем, ки ба қадри заҳмати сангини роҳрӯбҳо ва дигар кормандони соҳа расанд, зеро тозагиву озодагӣ вақте муяссар мегардад, ки дигарон онро риоя намоянд, нагузоранд, ки сабзазору дарахтони бо заҳмати зиёд парваришёфта поймолу хароб гарданд.
Ҳар меҳмон ё сайёҳи хориҷие, ки ба Тоҷикистон меояд, пеш аз ҳама, кӯчаву хиёбонҳо, майдону гулгаштҳо, осорхонаҳои таърихию фарҳангӣ, бозору мағозаҳо, ҳамчунин муносибату рафтор ва муомилаи сокинони пойтахтро дидаву омӯхта, аз рӯи он ба таъриху фарҳанги миллати мо баҳо медиҳад.