Ғолибони мусобиқаи кушоди байналмилалӣ оид ба гӯштини озод муайян шуданд
ДУШАНБЕ,11.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии тайёрии олимпии дастаҳои мунтахаб» мусобиқаи кушоди байналмилалӣ оид ба гӯштини тарзи озод баргузор шуд.
Дар ин бора сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба гӯштини тарзи озод Абдурозиқ Олимов ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод. Зикр шуд, ки мусобиқаро муовини Президенти Кумитаи миллии олимпӣ Аҳтам Абдуллозода ифтитоҳ намуда, ба варзишгарон барору комёбиҳо таманно намуд.
Дар мусобиқа беш аз сад паҳлавон аз давлатҳои Қирғизистон, Россия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аз рӯи нуҳ дараҷаи вазнӣ миёни ҳам рақобат карданд.
Дар натиҷа, аз рӯи 6 дараҷаи вазнӣ варзишгарони Тоҷикистон- Муҳаммад Икромов (57кг), Ҷамшед Шарифов (65кг), Саидҳасан Ашрафхонов (70кг), Ғуломҷон Шарифов (74кг), Баҳодур Қодиров (86кг), Раҳмонҷон Маҳмадбеков (97 кг) пирӯз шуданд.
Дар ду дараҷаи вазнӣ (79 кг, 125кг) варзишгарони Ӯзбекистон, дар як вазн (61кг) варзишгари Қирғизистон ғолиб омаданд.
Ба иттилои Абдурозиқ Олимов, мақсад аз баргузории мусобиқа омода шудани варзишгарон ба мусобиқаҳои интихобӣ ҷиҳати дарёфти роҳхат ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 мебошад.








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






