«ШАҲРИ ОРЗУҲО». Барои тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳои шаҳри Душанбе барномаи фарҳангӣ-солинавӣ доир карда мешавад
ДУШАНБЕ, 13.12.2018. /АМИТ «Ховар»/. 29 декабри соли равон дар толори Сирки давлатии Тоҷикистон ба муносибати фарорасии Соли нави мелодӣ барои хонандагону тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳои ҳудуди шаҳри Душанбе таҳти унвони «Шаҳри орзуҳо» барномаи рангини консертӣ баргузор мегардад.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, барномаи фарҳангии мазкур дар асоси Қарори Раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ роҳандозӣ карда мешавад.
«Дар ин барномаи фарҳангӣ қариб 2 ҳазор нафар тарбиятгирандагони мактаб – интернатҳои ҳудуди пойтахт ва оилаҳои камбизоати он фаро гирифта шуда, дар назар аст ба ҳар яки онҳо аз номи Раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ туҳфаҳои солинавӣ тақдим карда шаванд», — афзуд манбаъ.
Бояд гуфт, ки тибқи ин қарор дар ин рӯзҳо шахсони масъули дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба аёдати пиронсолону ятимони пойтахт мераванд. Инчунин дар арафаи ид ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва мавриди ниёзи аввали мардум баргузор мегардад.
Хотиррасон менамоем, ки бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе 31 декабр аз соати 20:00 то 22:00 дар майдони «Дӯстӣ» Шоу-барномаи солинавӣ доир карда мешавад. Дар ин рӯз дар чор ноҳияи пойтахт, аз ҷумла, дар «Майдони 800-солагии Москва», Амфитеатри «Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ», Боғи «Дӯстии халқҳо», хиёбони Сино, назди Филармонияи давлатии Тоҷикистон ва Сирки давлатии Тоҷикистон, ки арчаҳои идона гузошта шудаанд, барномаҳои фарҳангию фароғатӣ бо иштироки ҳофизону ҳаҷвнигорони маъруфи мамлакат баргузор мегарданд.








Раиси шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Аммар»-ро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Дар шаҳри Душанбе Ниммарафони XVI байналмилалӣ баргузор мегардад
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд






