Сомон Маҳмадбеков: «Хурсанд аз онам, ки дар мусобиқаҳои байналмилалӣ зери Парчами Тоҷикистони азиз баромад менамоям»
ДУШАНБЕ,11.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. Паҳлавони ҷавони тоҷик Сомон Маҳмадбеков, ки чанде пеш дар Ҷоми Осиё оид ба дзюдо сазовори медали тилло гардида буд, шоми 10 декабр ба Ватан баргашт. Дар ин бора корманди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримҷони Салимзода ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод.
Зикр шуд, ки паҳлавони ҷавони тоҷикро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе муовини аввали раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши ҷумҳурӣ Ризо Назарзода, президенти Федератсияи гӯштини дзюдо Муҳаммадмурод Абдураҳмонов, намояндагони Кумитаи миллии олимпӣ, пайвандон ва дӯстони варзишгар пешвоз гирифтанд.
Ризо Назарзода паҳлавонро аз номи худ ва роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш бо чунин дастоварди бузурги таърихӣ табрик намуда, иброз дошт, ки «мо дар чеҳраи Сомон Маҳмадбеков варзишгареро мебинем, ки дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Токио-2020 Тоҷикистонро ҳатман муаррифӣ намуда, барои баланд бардоштани парчами Тоҷикистон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ, алалхусус Бозиҳои олимпӣ талош ба харҷ хоҳад дод».
«Ман хурсанд аз онам, ки дар мусобиқаҳои байналмилалӣ зери парчами Тоҷикистони азиз баромад менамоям. Мусобиқаи Ҷоми Осиё, ки дар шаҳри Гонгконг ҷараён гирифт, бароям бобарор хотима ёфт», – иброз дошт варзишгари ҷавони тоҷик Сомон Маҳмадбеков.
Ёдовар мешавем, ки Ҷоми Осиё оид ба дзюдо 1-2 декабр дар шаҳри Гонгконги Ҷумҳурии мардумии Чин доир гардида, дар он 220 нафар варзишгарон (128 мард, 92 зан) аз 29 кишвари дунё ширкат намуданд. Тоҷикистонро дар ин мусобиқа Сомон Маҳмадбеков ва Хайёмиддин Ҷабборов намояндагӣ намуда, 2 медал (тилло ва биринҷӣ) ба даст оварданд.
Ҳарду варзишгари тоҷик дар вазни 73 кило гӯштин гирифтанд. Сомон, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм бар варзишгари Чин Эршаогету Аму, дар чорякфинал бар варзишгари Филиппин Кеисей Накано ғалаба карда, ба нимфинал роҳ ёфт. Паҳлавони тоҷик дар нимфинал варзишгари Муғулистон Чоиҷилсурен Ганболдро мағлуб карда, дар финал бар варзишгари Япония Даичӣ Танака пирӯз шуд.
Хайёмиддин дар даври муқаддамотӣ бар варзишгарони Индонезия (Себтиан Янгсйаҳ), Гонгконг (Чун Синг Чуӣ), Муғулистон (Хадбаатар Наранкҳуу) ғолиб омад, вале дар нимфинал аз варзишгари Япония Даичӣ Танака мағлуб гардид. Сипас, дар рақобат барои ҷои сеюм бар варзишгари Филиппин Кеисей Накано дастболо шуд.










Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд






