Сурия ният дорад, ки дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ-2020 дар Токио иштирок кунад
ДУШАНБЕ, 14.12.2018. /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи олимпии Сурия чунин меҳисобад, ки варзишгарони ин кишвар дар Олимпиадаи тобистонаи 2020, ки дар Япония баргузор мегардад, иштирок карда метавонанд. Бо чунин изҳорот президенти ин кишвар Муваффақ Ҷумъа баромад кард. Дар ин бора ТАСС хабар додааст.
«Соли 2016 баъд аз Бозиҳои олимпӣ дар Рио-де-Жанейро мо варзишгаронеро, ки дар Бозиҳои олимпии соли 2020 дар Япония иштирок карда метавонанд, омода намудем»,- иброз дошт ӯ.
М. Ҷумъа илова намуд, ки варзишгарони намудҳои гӯштини юнону румӣ, бокс, атлетикаи сабук ва вазнин, ҳамчунин шиноварӣ, ки яке аз намудҳои варзиши анъанавӣ дар Сурия ба шумор меравад, имконияти бештари иштирок дар Олимпиадаро доранд.
«Шиноварони моҳир ба масофаҳои дарозтарин дорем, ки агар онҳо аз санҷиш гузашта, ба дастаи мунтахаби Сурия ворид шаванд, натиҷаҳои хуб нишон хоҳанд дод. Мо умедворем, ки дастаи мунтахаби Сурия оид ба футбол аввалин маротиба баъд аз танаффусҳои тӯлонӣ (аз соли 1980- эзоҳи ТАСС) ва бори дуюм дар таърихи ин намуд дар Бозиҳои олимпии Токио ҳунарнамоӣ хоҳад кард»,- зикр намуд ӯ.
Сурия аввалин маротиба соли 1948 дар Олимпиадаи тобистона иштирок намудааст. Дар тӯли ин муддат варзишгарони суриягӣ се медали олимпӣ – тилло (Гада Шуъа, муҳорибаи ҳафтгона, 1996), нуқра (Ҷозеф Атия, гӯштини озод, 1984) ва биринҷӣ (Носир аш-Шамӣ, бокс, 2014) ба даст оварданд.








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






