Варзишгари тоҷик Сомон Маҳмадбеков дар Ҷоми Осиё оид ба дзюдо дар Гонгконг соҳиби медали тилло гардид!

Декабрь 3, 2018 08:40

ДУШАНБЕ, 03.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. Паҳлавонони ҷавони   тоҷик Сомон Маҳмадбеков ва Хайёмиддин Ҷабборов дар Мусобиқаи анъанавии Ҷоми Осиё оид ба дзюдо, ки  1-2 декабр дар шаҳри  Гонконг баргузор  гардид, 2 медал ба даст оварданд.

Тавре аз Федератсияи дзюдои Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар»  хабар доданд, ҳарду варзишгари тоҷик дар вазни -73 кг гӯштин гирифтанд.

Сомон, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм бар варзишгари Чин Эршаогету Аму, дар чорякфинал бар варзишгари Филиппин Кеисей Накано ғалаба карда, ба нимфинал роҳ ёфт. Паҳлавони тоҷик дар нимфинал варзишгари Муғулистон Чоиҷилсурен Ганболдро мағлуб намуда, дар финал бар варзишгари Япония Даичӣ Танака пирӯз шуда, соҳиби медали тилло гардид.

Хайёмиддин дар даври муқаддамотӣ бар варзишгарони Индонезия (Себтиан Янгсйаҳ), Гонг Конг (Чун Синг Чуӣ), Муғулистон (Хадбаатар Наранкҳуу) ғолиб омад, вале дар нимфинал аз варзишгари Япония Даичӣ Танака мағлуб гардид. Сипас, дар рақобат барои ҷои сеюм бар варзишгари Филиппин Кеисей Накано дастболо шуда, соҳиби медали биринҷӣ гардид.

Ёдовар мешавем, ки дар мусобиқаи мазкур 220 варзишгар (128 мард, 92 зан) аз 29 кишвари дунё иштирок намуданд.

Декабрь 3, 2018 08:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид
Иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёӣ—2026-ро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бар тими миллии Чин пирӯз шуд
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Чин бозии дӯстона анҷом медиҳад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун мусовӣ бозӣ кард
Дар Сафорати Тоҷикистон дар Салтанати Умон бо дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд