ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар ноҳияи Ховалинг ду муассисаи нави таълимӣ мавриди истифода қарор гирифтанд

Январь 15, 2019 10:00

ХОВАЛИНГ, 15.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. Давоми се соли дарпешистода зарур аст, ки дар ҳар як маҳалли аҳолинишин, шаҳраку деҳот ва деҳаҳои калон бунёд ва таъмиру навсозии муассисаҳои томактабӣ, мактабҳои таҳсилоти умумӣ, марказҳои саломатӣ бо таваллудхонаҳо барои на камтар аз 10-15 кат ва ҳуҷраҳои махсус барои анҷом додани хатна, бунгоҳҳои тиббӣ, майдончаҳои варзишӣ, қасрҳои фарҳанг  вусъат дода шавад. Ин нуктаро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ —  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 12 майи соли 2018 зимни суханронии худ дар мулоқот бо намояндагони аҳли ҷамоати кишвар баён доштанд.

Дар робита ба ин супориши созандаи Сарвари давлат ва ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат бунёди иншооти муҳими иҷтимоӣ бовусъат ҷараён дорад.

Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи  Ховалинг  сохтмони 330 иншоот ба нақша гирифта шуда, дар 113- тои он корҳои сохтмонӣ босуръат идома доранд. Як қисми ин иншоот барои соҳаи маорифу тандурустӣ ва фарҳанг  пешбинӣ шудаанд.

Дар Паёми навбатии хеш аз 26 декабри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019-2021-ро Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намуданд. Бо дастгирӣ аз ин иқдом соҳибкори ватанӣ дар деҳаи Хоракдараи Ҷамоати деҳоти Шугнови ноҳияи Ховалинг як муассисаи таълимиро бо тарҳи замонавӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи муосир ба истифода дод.

Муассисаи мазкур аз 10 синфхона, синфхонаи компютерии муҷаҳҳаз бо 11 адад компютер, як тахтаи электронӣ, хонаи муаллимон ва утоқи директор иборат мебошад. Гуфта мешавад, ки минбаъд дар ин муассиса дар ду баст 480 нафар хонандагон ба таълим фаро гирифта мешаванд. Дар ин ҷамоати дурдасти кӯҳистон омӯзгорону мактаббачагон аз норасоии ҷои нишаст ва кӯҳнаю фарсуда будани биноҳо мушкилӣ мекашиданд. Таваҷҷуҳу ғамхориҳои Пешвои миллат нисбат ба соҳаи маориф, дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сабаб гардиданд, ки давоми панҷ соли охир мушкилоти ҷойдошта зина ба зина ҳал гарданд. Чанде пеш дар ин ноҳия ду муассисаи нави таълимӣ мавриди истифода қарор гирифтанд.

Иншооти дигар бинои муассисаи деҳаи Питов-2 мебошад, ки аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати кӯтоҳ ва бо сифати баланд сохта шудааст. Бинои муассиса аз 8 синфхона, хонаи муаллимон, утоқи директор, китобхона ва синфхонаи компютерӣ иборат мебошад. Муассиса барои 200 нафар пешбинӣ шуда, дар ду баст 400 нафар  хонандагон  ба таҳсил фаро гирифта мешаванд.

Январь 15, 2019 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ дар самти устувории иқлимӣ тақвият медиҳад
То соли 2030 ҳаҷми савдо байни Тоҷикистон ва Қазоқистон ба 2 миллиард доллар расонида мешавад
Тоҷикистон ба таҷрибаи бузургтарин оператори бозори неруи барқи Аврупо — Nord Pool мароқ зоҳир намуд
Дар Бохтар таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
Хизматрасонии техникии зеристгоҳҳои конвертории тарҳи «CASA-1000» дар Тоҷикистон ва Покистон соли 2028 ба анҷом мерасад