ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. То ҷашни 30-солагии Истиқлолият дар пойтахти мамлакат зиёда аз 3500 иншооти нави таъйиноти гуногун сохта мешаванд

Январь 22, 2019 13:50

ДУШАНБЕ, 22.01.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи татбиқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе, ки то соли 2040 марҳила ба марҳила амалӣ мегардад, дар маҳаллаи  «Ҳаёти  нав» — и ноҳияи Синои пойтахт биноҳои аз 35 – 40- ошёна боло бунёд карда мешаванд. Дар ин бора муовини сардори Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе Шодимурод Аловуддинов дар суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Ба гуфтаи номбурда, дар ин мавзеъ бунёди  даҳҳо биноҳои бисёр баландошёнаи маъмурӣ дар назар дошта шудааст.

«Аз ҷумла, дар маҳаллаи  «Ҳаёти  нав» марказҳои муосири таълимӣ, савдо ва хизматрасонӣ, намоишгоҳҳо ва боғҳои фарҳангиву фароғатии мутобиқ ба стандартҳои байналмилалии шаҳрсозӣ банёд карда мешаванд. Ин биноҳо ба симои пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе ҳусни нав зам мекунанд», —  илова намуд Ш. Аловуддинов.

Ба иттилои ҳамсуҳбати мо, ин биноҳо дар раванди татбиқи марҳилаи аввал ва оғози марҳилаи дуюми Нақшаи генералии шаҳри Душанбе  сохта мешаванд. Татбиқи марҳилаи аввал то соли 2025 ва дуюм то соли 2040 дар назар дошта шудааст.

Зимнан, ҳоло дар шаҳри Душанбе тибқи Нақшаи генералӣ ва ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон корҳои ободониву созандагӣ бомаром ҷараён дошта, симои пойтахти Тоҷикистон рӯз аз рӯз дилрабо гардида истодааст.

Ёдовар мешавем, ки то  таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахти мамлакат зиёда аз 3500 иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода мешаванд.

Январь 22, 2019 13:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд