ҲАЛИМА – МУАССИСИ КОРХОНАИ ХУСУСӢ ДАР ВОДИИ БАРТАНГ. Бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани солҳои 2019-2021

Январь 10, 2019 16:49

ДУШАНБЕ, 10.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми навбатии худ солҳои 2019 – 2021-ро солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  эълон намуданд. Ба рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ зам шудани рушди деҳот мантиқан хеле созгор ва саривақтист, зеро ҳам ҳунарҳои мардумӣ ва ҳам сайёҳӣ бе рушди деҳот наметавонанд комёбии пурра ба даст оваранд. Ва ҷиҳати аз ҳама ҷолиб ва муҳими  ин иқдом дар он зоҳир мешавад, ки ба ин восита дар кӯтоҳтарин муддат деҳоти кишвари мо симои худро дигар намудаву  боз ҳам ободтар ва сатҳи зиндагии мардум дар он шоистатар мегардад. Зимни ҷамъбасти Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз падидаи наве дарак доданд, ки он таъсиси корхонаи хурди коркарди мӯина ва тайёр кардани маҳсулоти пашмӣ дар водии дурдасти Бартанг мебошад.

Котиби масъули рӯзномаи «Пайғоми Рӯшон»-ноҳияи Рӯшон Мамадалӣ БАХТИЁРОВ   бо  муассиси  ин корхона Ҳалима ЧОРШАНБИЕВА ҳамсуҳбат гардидааст, ки фишурдаи онро манзури хонандагон мегардонем.

М. Бахтиёров: Ҳалимабону, суханронии Шуморо дар ҷамъбасти сол шунида, хеле хушҳол гаштам, ки як бону дар дурдасттарин деҳаи ноҳия корхонаеро фаъол гардонидааст. Чӣ шуд, ки ба ин кори басо душвор, махсусан дар Бартанг, ки ташкили  соҳибкорӣ дар ин ҷо  ниҳоят мушкил аст, даст задед?

Ҳ. Чоршанбиева: Солҳои дароз дар муҳоҷирати меҳнатӣ будам. Бо азобу машаққатҳои зиёд дур аз ватан зиндагиамро пеш мебурдам. Ниҳоят андеша кардам, ки неруву тавоноии худро барои инкишофи мулки дигар масраф мекунам. Чӣ мешавад, ки ба Ватан баргардам ва дар ободии он каме ҳам бошад, саҳм гузорам. Ҳамин ният буд, ки соли 2017 ба Помир баргашта, муқими деҳаи Даржомч шудам. Шароити зиндагии Даржомчро бо Москва баробар кардан ҳеҷ мумкин нест. Аксари бонувон, ба ҷуз муаллимаҳо ва духтурон бекору хонашинанд. Рӯзҳои дароз ба ҷуз кори хонаву хоҷагӣ ба  шуғли дигаре машғул намешаванд. Аммо аз ҳолати тарси мулки бегона фориғанд. Онҳо дар осудагию тинҷӣ ва канори ёру дӯстон умр ба сар мебаранд.

Ҳангоми суҳбатҳои хосса дар тӯю маъракаҳо, дидорбинии ҳамдигар пай бурдам, ки ҳар бонуи Бартанг  ҷӯроббофиву ресандагиро хуб аз худ кардааст. Бештари онҳо ҳамин корро ба танҳоӣ иҷро мекунанд ва маҳсули дасташон фақат барои аҳли хонаводаашон басанда аст. Ба бозор кам-андар ками бонувон маҳсулоташонро мебароранд.

Фикр кардам, ки  ин бонувони соҳибистеъдодро дар корхонае муттаҳид кардан лозим аст, то дар ёфтани ашёи хом барои ресидану бофтани ҷӯробҳои бартангӣ ва фурӯхтани онҳо танқисӣ накашанд. Меҳнат  карда, зиндагиашонро пеш баранд. Ба  ин хотир баҳори  соли 2018,  дар  Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  имкон пайдо кардам, ки барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии бонувони ин водии дурдаст лоиҳаи хурдеро тарҳрезӣ кунам. Ман онро ба Барномаи ҷонибдории инкишофи иҷтимоии манотиқи кӯҳистони вилоят ба Фонди Кристенсен равона сохтам. Хушбахтона, пешниҳоди ман аз ҷониби ин фонд дастгирӣ ёфт ва соҳиби грант ба маблағи 36 ҳазору 205 сомонӣ гаштам. Моҳи октябри соли 2018 бо ин маблағ барои эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ таҷҳизот, аз қабили мошинҳои пашмтозакунӣ, ресандагӣ, мағззаниву кӯрпадӯзӣ ва қолинбофӣ дастрас гардид.

Лоиҳаи дигареро ба комиссияи озмуни гранти Президентӣ ба Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ташкили коргоҳи хурди бофандагӣ пешниҳод кардам. Хушбахтона, ин лоиҳа ҳам дастгирӣ ёфт ва соҳиби 10 ҳазор сомонӣ гаштам.

Акнун бо ин маблағ дар хонаи шахсиям корхонаи хурде ташкил ва 10 бонуи бекорро ба кори доимӣ ҷалб кардаам. Маҳсули меҳнати мо, бонувон дар бозори ноҳия ҷойи худро дарёфт кард.

М. Бахтиёров: Алҳол бо занон кадом корҳоро анҷом дода истодаед?

Ҳ. Чоршанбиева: Дар корхонаи мо занон имрӯз ба истеҳсоли ришта аз пашм машғул буда, қисме аз бонувон ба ҷӯроббофӣ ва қисми дигарашон ба бофтани намадча, ҷойнамоз, жемперу камзӯлча, кӯрпа ва дигар маҳсулоти пашмӣ шуғл меварзанд. Маҳсули дасти бонувони корхонаи мо пайваста дар намоишгоҳҳои ноҳиявӣ ба маъраз гузошта мешаванд ва хушбахтона, харидори зиёде пайдо намудаанд. Зеро сифати маҳсулоти истеҳсолкардаи занони коргоҳи мо хеле баланд аст.

М. Бахтиёров:  Тавре дар Паёми навбатии Сарвари давлат  омадааст, «…беҳтар намудани инфрасохтор, пеш аз ҳама, дар соҳаи маорифу тандурустӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, таъмин кардани аҳолии деҳот бо оби босифати ошомиданӣ, бунёду таҷдиди роҳҳои маҳаллӣ, рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва баланд бардоштани некӯаҳволии  мардум дар ҳар як деҳа ва маҳалли аҳолинишин мебошад яке аз вазифаҳои муҳимтарин мебошад». Ҷиҳати дар оянда зиёд намудани ҷои кор чӣ нақшаҳо доред?

Ҳ. Чоршанбиева: Қабл аз ҳама ният дорем, ки сафи кормандонамонро аз ҳисоби ҷавондухтарони бекору оилаҳои камбизоат зиёд намуда, намудҳои маҳсулоти худро низ афзоиш диҳем. Ният дорем, ки дар корхона касбҳои гилембофӣ ва қолинбофиро ба роҳ монем. Барои ташкили ин намудҳои кор аллакай таҷҳизоти махсус дорем ва умедворам, ки бонувон аз тарзҳои қадимаи гилембофӣ истифода карда, намудҳои замонавиро низ пешкаши ҳаводорону харидорон хоҳанд гардонд.

Дигар аз ниятҳои мо он аст, ки ба водии Бартанг сайёҳони зиёде аз хориҷи кишвар меоянд. Мебоист аз ташрифи онҳо истифода карда, барояшон туҳфачаҳои хуби аз пашм тайёркардашуда пешкаш намоем ва бо ин усули кор маҳсулоти худро, ҳунарҳои қадимаву имрӯзаи мардуми тоҷикро дар кишварҳои дигари дунё ташвиқу тарғиб намоем.

Нияти дигарамон, бо пайдо шудани маблағи кофӣ сохтмони бинои алоҳидаи корхона дар деҳа мебошад, ки умедворем дар ин самт моқомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии ноҳияву вилоят ва ё сармоягузорони хориҷӣ моро дастгирӣ мекунанд. Бо сохтмони корхона соҳаи саноати сабук дар водии дурдасттарини ноҳияи Рӯшон- Бартанг ривоҷи тоза пайдо хоҳад кард.

Январь 10, 2019 16:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон Фонди роҳ таъсис дода мешавад
СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Соли 2025 дар ҳар шаҳру ноҳияи Бадахшон коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ бунёд мешаванд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳ бо вазъи омодагӣ ва кори пойгоҳи обкашии Дилварзин-1 шинос шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Саридораи геология соли 2024 аз рӯйи 29 лоиҳа корҳои омӯзишӣ гузаронид
Соли 2024 7584 сайёҳи хориҷӣ осорхонаҳои шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистонро тамошо кардаанд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ вобаста ба Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия ҳамоиш баргузор шуд
«Тоҷик Эйр» бо фаъолгардонии парвозҳо дар хатсайрҳои маҳаллӣ рафтуомади шаҳрвандонро осон мегардонад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ соли 2024 ба аҳолӣ ба маблағи беш аз 245 миллион сомонӣ хизмат расонидааст
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
ЛИМӮ-БРЕНДИ ТОҶИКИСТОН. Як дарахти лимӯ то 1500 дона мева медиҳад
САТҲИ ТАЛАФОТИ НЕРУИ БАРҚ НИГАРОНКУНАНДА АСТ. То соли 2027 дар Тоҷикистон низоми ягонаи биллингӣ таъсис меёбад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон 100 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд