Бозиҳои ниҳоии Чемпионати 17-уми Осиё оғоз гардиданд

Январь 7, 2019 14:49

ДУШАНБЕ, 07.01.2018. /АМИТ «Ховар»/. Бозиҳои ниҳоии Чемпионати 17-уми Осиё оид ба футбол расман оғоз гардиданд. Маросими расмии ифтитоҳи ин бозиҳоро, ки дар варзишгоҳи Шайх Зайди Абу Дабии Амороти Муттаҳидаи Араб доир гардид, шореҳи АМИТ «Ховар» Аловиддин Бӯриев шарҳ медиҳад.

Дар маросими бошукӯҳи ифтитоҳи бозиҳои ниҳоии Чемпионати Осиё намояндагони воломақоми Федаратсияи байналмилалии футбол, Конфедератсияи футболи Осиё, мақомдорони расмӣ ва беш аз 50 ҳазор тамошобин иштирок намуданд. Пас аз 13 дақиқаи маросими расмӣ, дастаҳои мунтахаби Амороти Муттаҳидаи Араб-мизбонон ва Баҳрайн бо ҳам қувва озмуданд. Ин вохӯрӣ бо ҳисоби мусовии 1:1 ҷамъбаст гардид.

Дар бозиҳои ниҳоии Чемпионати 17-уми Осиё бори аввал 24 даста ширкат меварзанд. Аз ҷумла, дастаҳои мунтахаби Амороти Муттаҳидаи Араб (ба ҳайси мизбон), Эрон (чемпиони секаратаи Осиё), Австралия (чемпиони яккаратаи Осиё), Япония (чемпиони чоркаратаи Осиё), Кореяи Ҷанубӣ (чемпиони дукаратаи Осиё), Арабистони Саудӣ (чемпиони секаратаи Осиё), Чин (чемпиони дукаратаи Осиё), Сурия, Ӯзбекистон (як маротиба соҳиби ҷои чорум), Ироқ (чемпиони яккаратаи Осиё), Қатар (ду маротиба то ба чорякфинал баромадааст), Таиланд (як маротиба соҳиби ҷои сеюм), Қирғизистон (бори аввал ба марҳилаи бозиҳои финалӣ баромад), Лубнон (маротибаи дуввум ба бозиҳои ниҳоӣ роҳ ёфт), Фаластин ( бори дуюм ба бозиҳои ниҳоӣ роҳ ёфт), Уммон, Ҳиндустон (як маротиба соҳиби ҷойи дуюм), Ветнам (ду маротиба соҳиби ҷои чорум), Кореяи Шимолӣ (як маротиба соҳиби ҷойи чорум), Филиппин (бори аввал ба марҳилаи ниҳоӣ роҳхат гирифт), Баҳрайн (як маротиба соҳиби зинаи чорум), Урдун, Яман (ширкати аввалинаш дар бозиҳои финалӣ) ва Туркманистон (бори дуввум ба бозиҳоии ниҳоӣ роҳ меёбад) иштирок мекунанд.

Куръакашӣ дастаҳоро дар гурӯҳҳо чунин муайян кард:

Гурӯҳи А

Амороти Муттаҳидаи Араб, Таиланд, Ҳиндустон ва Баҳрайн

Гурӯҳи Б

Австралия, Сурия, Фаластин ва Урдун

Гурӯҳи С

Кореяи Ҷанубӣ, Чин, Қирғизистон ва Филиппин

Гурӯҳи Д

Эрон, Ироқ, Ветнам, Яман

Гурӯҳи И

Арабистони Саудӣ, Қатар, Лубнон, Ҷумҳурии  Халқӣ-Демократии Корея

Гурӯҳи Ф

Япония,  Ӯзбекистон, Уммон ва Туркманистон

Тибқи низомнома, аз ҳар гурӯҳ ду даста ба бозиҳои ҳаштякниҳоӣ роҳхат мегиранд.

Расми пӯшидашавӣ ва бозии финалӣ 1 феврал барпо хоҳад шуд.

Январь 7, 2019 14:49

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ бо мунтахаби Чин оғоз намуд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Умон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд
«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Ҷудокорони тоҷик ҳангоми ба даст овардани медалҳои Бозиҳои Осиёӣ бо ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд
Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ-2026 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Озарбойҷон бозии дӯстона доир менамояд
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд
Се варзишгари Тоҷикистон ба финали мусобиқаи ММА дар Бозиҳои Осиёии Ҷопон роҳ ёфтанд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид
Рамазон Ҷумаев ва Анӯшервон Назарзода соҳиби унвони қаҳрамони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Душанбе гардиданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо дастаҳои Озарбойҷон, Фаластин ва Чин муайян гардид