Бозии таҷрибавии КФ «Истиқлол» бо дастаи мунтахаби олимпӣ ба ҳисоби калон анҷом ёфт
ДУШАНБЕ, 09.01.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар Варзишгоҳи марказии пойтахт бозии таҷрибавии КФ «Истиқлол» бо дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон бо ҳисоби калони 4:1 ба манфиати истиқлолиҳо анҷом ёфт. Аловиддин БӮРИЕВ шарҳ медиҳад.
Ду дастаи футболи мамлакат- «Истиқлол»-и Душанбе ва дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон, ки яке дар бозиҳои интихобии Лигаи чемпионҳои Осиё ва дигаре дар бозиҳои интихобии Чемпионати ин қитъа шарафи ҷумҳурии моро моҳҳои наздик ҳимоя мекунанд, бо ҳам бозӣ карданд. Аз ин рӯ якдигарро имтиҳон кардан дар оғози омодагиҳо ба ин мусобиқаҳои бонуфуз аз манфиат холӣ набуд ва мураббиён имкон ёфтанд, ки дастпарваронашонро аз назар гузаронанд.
Дар нимаи аввали бозии таҷрибавӣ ҳунарнамоии футболбозони ҷавони кишвар –дастаи мунтахаби олимпӣ ҷолибу диданӣ буд. Ба онҳо муяссар гардид, ки аввалин шуда, ҳисобро кушоянд. Дар дақиқаи 17-уми вохӯрӣ баъди хатои футболбозони «Истиқлол» Саидмухтор Азимов аз масофаи дур бо зарбаи ниҳоят сахт ҳисобро боз кард.
Сармураббии нави дастаи «Истиқлол» Ҳаким Фузайлов дар ин вохӯрӣ як зумра бозингаронеро, ки барои ба ҳайати «Истиқлол» шомил шудан ба Душанбе омадаанд, аз назар гузаронид. Комрон Турсунов дар дақиқаи 27-ум ҳисобро баробар кард. Дар нимаи дуввум бозингари нави «Истиқлол» Урош Томовичи серб аз зарбаи пеналтӣ чемпионҳоро ба сафи пеш баровард. Бори дигар Комрон Турсунов дар дақиқаи 66-ум голи дуюми худ ва сеюми Истиқлолро ба ҳадаф расонд.
Голи охиринро дар ин дидори дӯстона Нозим Бобоҷонов зад ва бозӣ бо ҳисоби 4 бар 1 ба фоидаи дастаи «Истиқлол» ба анҷом расид.
Вохӯрии таҷрибавӣ
«Истиқлол» — дастаи мунтахаби олимпӣ (U-23) – 4:1
Голҳо: Саидмухтор Азимов, 18 (0:1). Комрон Турсунов, 27 (1:1). Урош Томович, 58 аз пеналтӣ (2:1). Комрон Турсунов, 66 (3:1). Нозим Бобоҷонов, 68 (4:1).
Пеналтиро ба ҳадаф нарасонд: Кароматулло Саидов, 73 (тири дарвоза).
«Истиқлол» (Душанбе): Беҳруз Хайриев, Амирбек Ҷӯрабоев (Фирӯз Қараев, 56), Искандар Ҷалилов (Шаҳром Раҷабов, 81), Бахтиёр Қаландаров, Аҳтам Назаров, Сӯҳроб Ҷалилов (Сорбон Ғиёсов, 74), Ҳикматулло Расулов (Шаҳром Сулаймонов, 56), Нозим Бобоҷонов, Фатҳулло Фатҳуллоев (Фарҳод Қосимов, 68), Урош Томович (Шаҳром Самиев, 69), Комрон Турсунов (Муҳаммад Ҳакимзода, 79).
Дастаи мунтахаби олимпӣ (U-23):
Рустам Ятимов, Ҳусейн Нурматов (Дороб Эргашев, 79), Зоир Ҷӯрабоев (Табрези Давлатмир, 53), Ваҳдат Ҳанонов, Алишер Баротов, Шервони Мабатшоев, Саидмухтор Азимов, Муҳаммадҷон Раҳимов (Абдулмумин Забиров, 65), Кароматулло Саидов, Шериддин Бобоев, Амирҷон Сафаров (Далер Ёдгоров, 65).
Довари вохӯрӣ: Гулмуроди Саъдулло (Душанбе).
Акнун олимпичиёни мо марҳилаҳои навбатии тайёриро ба бозиҳои интихобии Чемпионати Осиё дар Қатар мегузаронанд ва дар мусобиқаи байналмилалии «Чор миллат» иштирок мекунанд.
«Истиқлол» рӯзҳои наздик боз як бозии таҷрибавии худро бо дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон барпо менамояд.








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






