Чемпионати Осиё: дастаҳо ба бозиҳои ¼-ниҳоӣ саф кашиданд
ДУШАНБЕ, 23.01.2018. /АМИТ «Ховар»/. Шоми дирӯз бо баргузории ду бозии охирини 1/8- ниҳоии Чемпионати 17-уми Осиё дар Амороти Муттаҳидаи Араб ғолибони ҳама ҷуфтҳо муайян гардиданд. Дастаҳои мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ ва Қатар дар муқобили Баҳрайн ва Ироқ аз охиринҳое буданд, ки ҳаққи ширкат дар бозиҳои ¼-ниҳоиро ба даст оварданд. Хабарнигори АМИТ «Ховар» Аловиддин БӮРИЕВ мавзӯъро шарҳ медиҳад.
Аз ин пештар бозиҳои 1/8-ниҳоии Чемпионати Осиё ин қадар пуршиддат нагузашта буданд. Дар вохӯрии байни дастаҳои мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ – соҳиби ҷои аввали гурӯҳи «С» ва мақоми сеюми гурӯҳи «А» -дастаи мунтахаби Баҳрайн доварон бори дигар барои муайян кардани ғолиб ба таъйини қисмҳои иловагии сеюм ва чорум рӯ оварданд. Аз ин пештар бозии байни дастаҳои мунтахаби Урдун бо Ветнам, Австралия бо Ӯзбекистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб бо Қирғизистон ин сон анҷом ёфта буданд. Ба замми ин дар ду маврид қисмҳои сеюм ва чорум низ барои ғолибро муайян кардан кумак накарданд. Танҳо силсилаи зарбаҳои пеналтии баъдибозӣ дастаҳоро ба даври ¼-ниҳоӣ бароварданд.
Вохӯрии байни дастаҳои мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ ва Баҳрайн бо бартарии кореягиҳо паси сар шуд ва онҳо аввалин шуда, ҳисобро боз карданд. Ҳванг Ҳӣ-чан дар дақиқаи 43-юм гол зад. Муҳаммад Алрумайҳӣ дар дақиқаи 77-ум ҳисоби бозиро баробар кард ва дар қисми аввали изофӣ Ким Ҷин-су (103-юм дақиқа) бори дигар бартарии кореягиҳоро бо гол ҷамъбаст карда, натиҷаи 2:1 дастаи мунтахаби Кореяи Ҷанубиро ба бозиҳои ¼-ниҳоӣ баровард.
Дар ҷуфти дуввуми рақобатҳои рӯзи гузашта дастаи мунтахаби Қатар Ироқро бо як голи задаи Ҳишом Арровӣ (62) ба шикаст рӯ ба рӯ кард ва қатариҳо муборизаро барои Ҷоми миллатҳои Осиё идома медиҳанд.
Ба ҳамин тартиб, бозиҳои ¼-ниҳоӣ пагоҳ шурӯъ мешаванд. Дастаҳои мунтахаби Ветнам бо Япония ва Чин бо Эрон 24 январ, Кореяи Ҷанубӣ бо Қатар ва Амороти Мутаҳидаи Араб бо Австралия 25 январ вориди майдон мешаванд.
Ҷоми Осиё, 1/8 финал:
Кореяи Ҷанубӣ – Баҳрайн – 2:1 (қисмҳои иловагӣ)
Голҳо: Ҳванг Ҳӣ-чан-43 (1:0), Муҳаммад Аррумайҳӣ- 77 (1:1), Ким Ҷин-су 103 (2:1).
Қатар — Ироқ — 1:0
Гол: Ҳишом Арровӣ 61 (1:0).








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






