Чемпионати Осиё: дастаҳои мунтахаби 9 кишвар пеш аз муҳлат ба бозиҳои плей-офф роҳхат гирифтанд
ДУШАНБЕ, 14.01.2018. /АМИТ «Ховар»/. Шоми дирӯз даври дуввуми бозиҳои финалии Чемпионати Осиё дар гурӯҳҳо ба поён расид. Дастаҳои мунтахаби 9 кишвар- Урдун, Чин, Кореяи Ҷанубӣ, Эрон, Ироқ, Қатар, Арабистони Саудӣ, Ӯзбекистон ва Япония пеш аз муҳлат ба бозиҳои даври 1/8-ниҳоӣ роҳхат гирифтанд. Шарҳи Аловиддин Буриев дар бораи натиҷаҳои охири Чемпионати 17-уми Осиё оид ба футбол.
Дар вохӯрӣ бо дастаи мунтахаби Қирғизистон дар гурӯҳи «С» футболбозони Кореяи Ҷанубӣ дар варзишгоҳи «Ҳазза бин Зайд Стедиум»-и шаҳри Алайн бо натиҷаи 1:0 ғолиб омаданд. Ким Мин-ҷае баъди зарбаи кунҷӣ дар иҷрои Ҳонг Чул тӯбро дар дақиқаи 41-ум вориди дарвозаи Кутман Кадирбеков кард.
Кутман Кадирбеков-дарвозабони дастаи мунтахаби Қирғизистон дар ин вохӯрӣ яке аз беҳтарин бозингароне буд, ки қирғизҳоро аз бохти калон наҷот дод. Се маротиба тӯб ба сутун ва тири дарвозаи дастаи мунтахаби Қирғизистон бархӯрд ва ҳамлагарони дастаи мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ ҳолатҳои садфоизаи голзаниро истифода бурда натавонистанд.
Дар ин гурӯҳ дастаи мунтахаби Чин дар рақобат бо дастаи мунтахаби Филиппин бо ҳисоби 3:0 ғалаба ба даст овард. Дар вохӯрии мазкур ду тӯбро Ву Лей (40, 66) ба дарвоза зад. Йу Дебао муаллифи голи сеюми чиниҳо гардид.
Дар гурӯҳи «Б» дастаи мунтахаби Австралия баъди бохти аввалаш аз дастаи мунтахаби Урдун бо қаҳру ғазаб футболбозони Фаластинро бо натиҷаи 3:0 шикаст дод.
Дар бозии даври дуюми гурӯҳи «Д» дастаи мунтахаби Эрон бо ду голи задаи Сардор Озмун (38 ва 69) дастаи мунтахаби Ветнамро мағлуб кард ва пеш аз муҳлат озими бозиҳои 1/8-ниҳоӣ гардид.
Дар ин гурӯҳ дастаи мунтахаби Ироқ ҳам бо натиҷаи 3:0 бартарии худро нисбат ба Яман нишон дод. Ин даста низ вазифаи ба даври дигар гузаштанро иҷро намуд
Яке аз ғалабаҳои аз ҳама калони Чемпионати Осиё дар вохӯрии байни дастаҳои мунтахаби Қатар ва Кореяи Шимолӣ ба қайд гирифта шуд. Мизбонони бозиҳои финалии Чемпионати ҷаҳони соли 2022- қатариҳо бо ҳисоби калони 6:0 рақиби худро шикаст доданд. Ҳамлагари дастаи мунтахаби Қатар Алмаз Алӣ ба дарвозаи Ри Миён-гук чор тӯб зада, покер кард ва бо шаш тӯб ба ҷои аввали нишонзанҳои беҳтарини Чемпионати Осиё баромад.
Дар ин гурӯҳ Арабистони Саудӣ низ бар Лубнон бо нишондоди 2:0 ғалаба кард.
Вохӯрии байни дастаҳои мунтахаби ҳамсоякишварҳои мо -Ӯзбекистон ва Туркманистон дар гурӯҳи «Ф» бо пирӯзии футболбозони ӯзбек бо ҳисоби калони 4:0 анҷом ёфт. Ду голро Элдор Шомуродов ба нишон расонд.
Дар ин гурӯҳ дастаи мунтахаби Япония бар Уммон бо ҳисоби 1:0 бартарӣ дорад.
Имрӯз бозиҳои даври сеюм бо ширкати дастаҳои мунтахаби гурӯҳи «А» оғоз меёбанд.








Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд






