Чемпионати Осиё: дастаи мунтахаби Қирғизистон дар бозӣ бо дастаи Чин мағлуб гардид

Январь 9, 2019 13:40

ДУШАНБЕ, 09.01.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар идомаи рақобатҳои бозиҳои финалии Чемпионати Осиё дастаи мунтахаби Қирғизистон дар бозии аввали гурӯҳи «С» аз дастаи мунтахаби Чин  бо натиҷаи 2:1 мағлуб гардид. Мавзӯъро Аловиддин БӮРИЕВ  шарҳ медиҳад.

Дар вохӯрӣ Аҳлиддин Исроилов дар дақиқаи 42-юм дастаи мунтахаби Қирғизистонро ба сафи пеш баровард. Аммо футболбозони Чин дар оғози нимаи дуввум, дар дақиқаи 50-ум бо иштибоҳи дарвозабони қирғизҳо-Павел Матяш ҳисобро баробар карданд. Ӯ голи худиро (автогол) ба самар расонд. Дар дақиқаи 78-ум боз як хатои даврвозабон фурсати голзаниро ба Юй Дабао фароҳам овард ва ин бозингар тӯби дуюми дастаи мунтахаби Чинро вориди дарвоза кард.

Дар бозии дуввуми гурӯҳи «С» дастаи мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ бар Филиппин бо ҳисоби 1:0 дастболо гардид. Ягона тӯбро Хван Ийҷо дар дақиқаи 67-ум ба нишон расонд.

Бозиҳои гурӯҳи «Д»-ро дастаи мунтахаби Эрон бо ғалабаи фавқулодаи  5:0 бар Яман шурӯъ кард. Дар нимаи аввал футболбозони эронӣ ба дарвозаи ҳариф се тӯб заданд. Меҳдӣ Торимӣ дар дақиқаҳои 12 ва 25 ва Ашкон Дежага дар дақиқаи 23-юм муаллифи голҳо гардиданд.

Дар нимаи дуввум низ шогирдони Карлуш Кейруш имкон надоданд, ки футболбозони Яман ба самти дарвозаи Эрон ягон зарба зананд. Баръакс ҳуҷуми дастаи мунтахаби Эрон ду маротибаи дигар бо гол анҷом ёфт. Сардор Озмун дар дақиқаи 53-ум голи чорум ва Сомон Қуддус дар дақиқаи 78-ум голи панҷумро ба ҳадаф расониданд.

Дар ин гурӯҳ дастаи мунтахаби Ироқ Ветнамро бо ҳисоби 3:2 шикаст дод.

Ниҳоят дар гурӯҳи «И» дастаи мунтахаби Арабистони Саудӣ бар дастаи Ҷумҳурии Халқӣ-Демократии Корея бо ҳисоби 4:0 ғалаба кард. .

Натиҷаи бозиҳо дар гурӯҳҳо то ба имрӯз чунин аст:

Гурӯҳи «А»

АМА – Баҳрайн – 1:1

Таиланд – Ҳиндустон – 1:4

Гурӯҳи «Б»

Австралия – Урдун – 0:1

Сурия —  Фаластин 0:0

Гурӯҳи «С»

Чин – Қирғизистон – 2:1

Кореяи Ҷанубӣ – Филиппин – 1:0

Гурӯҳи «Д»

Эрон – Яман – 5:0

Гурӯҳи «И»

Арабистони Саудӣ – Кореяи Х.Д. 4:0

Имрӯз дастаҳои мунтахаби Ӯзбекистон бо Уммон, Япония бо Туркманистон ва Қатар бо Лубнон вориди сабқат мешаванд.

Январь 9, 2019 13:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд