Чемпионати Осиё оид ба футбол: дастаҳои мунтахаби Урдун ва Австралия муборизаро барои Ҷом идома медиҳанд

Январь 16, 2019 14:39

ДУШАНБЕ, 16.01.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби Урдун ва Австралия баъди бозии даври сеюм, ки шоми дирӯз дар  гурӯҳи «В» ҷамъбаст шуд, ҳаққи иштирок дар бозиҳои 8/1-ниҳоӣ пайдо карданд. Аммо дастаи мунтахаби Фаластин, ки соҳиби мақоми сеюм шуд, барои давом додани бозиҳо натиҷаи ҷамъбастии дигар гурӯҳҳоро интизор мешавад.  Шореҳи  АМИТ «Ховар» Аловиддин БӮРИЕВ  бозиҳои  Чемпионати Осиёро шарҳ медиҳад.

Аз вохӯриҳои шоми дирӯз бозии байни дастаҳои мунтахаби Австралия ва Сурия хеле ҷолиб сурат гирифт. Суриягиҳо, ки соли гузашта то ба марҳилаи плей-оффи Чемпионати ҷаҳони соли 2108 баромада буданд, аз дастаи мунтахаби Австралия ноком гардиданд. Ин навбат низ австралиягиҳо бо ҳамон натиҷаи 3:2  ғалаба карданд.  Тӯбҳоро Авер Мабил (41, Австралия),  Умар Хрбин (43, Сурия), Крис Икономидис (54, Австралия),  Умар Ашшума( 80, пеналтӣ, Сурия) ва Томас Рогич (90+3, Австралия) ба ҳадаф расониданд. Бо ҳамин дастаи мунтахаби Сурия бо як имтиёз Чемпионати 17-уми Осиёро ба анҷом расонида, ба ватан баргашт.

Бозии дуввум миёни дастаҳои мунтахаби Урдун ва Фаластин бе кушодани ҳисоб- 0:0 хотима ёфт.

Имрӯз дар идомаи даври охирини бозиҳо дар гурӯҳи «С» дастаи мунтахаби Қирғизистон бо Филиппин, Кореяи Ҷанубӣ бо Чин ва дар гурӯҳи «Д» Эрон бо Ироқ ва Ветнам бо Яман  вориди майдон мешаванд.

Январь 16, 2019 14:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд