Чемпионати Осиё оид ба футбол: дастаи мунтахаби Урдун аввалин шуда, ба бозиҳои 1/8-ниҳоӣ роҳхат гирифт
ДУШАНБЕ, 11.01.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби Урдун баъди даври дуюми бозиҳои финалии Чемпионати Осиё дар гурӯҳи «В» ба бозиҳои 1/8-ниҳоӣ роҳхат гирифт. Футболбозони ин кишвар дар бозии ниҳоят душвор дастаи мунтахаби Сурияро бо натиҷаи 2:0 мағлуб карданд. Аловиддин Бӯриев шарҳ медиҳад.
Дастаи мунтахаби Урдун, ки дар бозии нахустини худ бар дастаи мунтахаби Австралия бо ҳисоби 1:0 ғолиб омада буд, масъалаи ба даври бозиҳои 1/8-ниҳоӣ баромаданро пеш аз муҳлат дар вохӯрӣ бо дастаи мунтахаби Сурия ҳал кард. Ду тӯби ба дарвозаи ҳарифон задаи Мӯсо Аттамарӣ (дақиқаи 28) ва Тариқ Хаттоб (43) ба ин даста кумак кард.
Дар гурӯҳи «А» мизбони бозиҳо – дастаи мунтахаби Амороти Мутаҳидаи Араб бар Ҳиндустон бо натиҷаи 2:0 пирӯз гардид.
Дар ин гурӯҳ дастаи мунтахаби Таиланд бар Баҳрайн бо нишондоди 1:0 ғалаба карда, соҳиби се имтиёз гардид.
Дастаҳои мунтахаби ҳамсоякишвари мо- Ӯзбекистон ва Туркманистон ҳам бозиҳои нахустини худро дар гурӯҳи «F» ҷамъбаст карданд. Ӯзбекистон бар Уммон бо натиҷаи 2:1 ғолиб омад. Аммо дастаи мунтахаби Туркманистон аз Япония бо ҳисоби 2:3 мағлуб шуд.
Натиҷаи бозиҳо дар гурӯҳҳо то ба имрӯз чунин аст:
Гурӯҳи «А»
Даври 1
АМА – Баҳрайн – 1:1
Таиланд – Ҳиндустон – 1:4
Даври 2
Баҳрайн – Таиланд-0:1
Ҳиндустон — АМА – 0:2
Гурӯҳи «В»
Даври 1
Австралия – Урдун – 0:1
Сурия — Фаластин 0:0
Даври 2
Урдун – Сурия – 2:0
Гурӯҳи «С»
Чин – Қирғизистон – 2:1
Кореяи Ҷанубӣ – Филиппин – 1:0
Гурӯҳи «D»
Эрон – Яман – 5:0
Ироқ – Ветнам -3:2
Гурӯҳи «Е»
Арабистони Саудӣ – Кореяи Х.Д. 4:0
Қатар – Лубнон – 2:0
Гурӯҳи «F»
Япония – Туркманистон – 3:2
Ӯзбекистон – Уммон – 2:1
Имрӯз бозиҳои даври дуввум дар гурӯҳҳои «В» ва «С» анҷом меёбанд. Дастаи мунтахаби Фаластин бо Австралия, Филиппин бо Чин ва Қирғизистон бо Кореяи Ҷанубӣ бо ҳам қувва месанҷанд.












Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






