Чемпиони Тоҷикистон – «Истиқлол»-и Душанбе дар Туркия марҳилаи омодагиро идома медиҳад
ДУШАНБЕ, 30.01.2018. /АМИТ «Ховар»/. Чемпиони ҳафткаратаи Тоҷикистон–дастаи «Истиқлол»-и Душанбе рӯзи сеюм аст, ки марҳалаи омодагиро ба бозии интихобии Лигаи чемпионҳои Осиё бо дастаи АГМК-и Ӯзбекистон дар шаҳри Анталияи Туркия идома медиҳад. Тавре сомонаи расмии даста менависад, шоми дирӯз дастаи «Истиқлол» дар як бозии таҷрибавӣ бо дастаи «Тобол»-и Қазоқистон ба майдон омада. бо натиҷаи 1:2 мағлуб шуд.
Ҷамъомади машқии даста дар Туркия то 9 феврал идома ёфта, шогирдони Ҳаким Фузайлов боз 4 бозии санҷишии худро бо дастаҳои «Челик» (Босния ва Герсоговина, 31 январ), «Кеге» (Дания, 3 феврал), «Суғдиён» (Ӯзбекистон, 7 феврал) ва боз як дастаи дигар, ки интихоб мешавад (баргузории бозӣ ба 5 феврал гузошта шудааст), анҷом медиҳанд. Ҳоло бозингарони зиёде дар ҳайати «Истиқлол» аз назари мураббиён мегузаранд. Онҳое, ки ба талаботи даста ҷавоб медиҳанд, ба ҳайат пазируфта хоҳанд шуд.
Баъди анҷоми машғулиятҳо дастаи «Истиқлол» мустақиман барои анҷом додани бозии интихобии Лигаи чемпионҳои Осиё бо дастаи АГМК ба Ӯзбекистон ҳозир мешавад.
29.01.2019, Анталия
Бозии таҷрибавӣ
«Истиқлол» — «Тобол» (Қазоқистон)— 1:2
Голҳо: Фатҳулло Фатҳуллоев, 14 (0:1). Михаил Гордейчук, 44 (1:1). Максим Федин, 85 (1:2).
«Истиқлол» (Душанбе): Рустам Ятимов, Искандар Ҷалилов (Фируз Қараев, 66), Ҷалил Кимсанов (Бахтиёр Қаландаров, 52), Алексей Ларин (Шаҳром Самиев, 66), Аҳтам Назаров (Табрези Давлатмир, 52), Алишер Ҷалилов (Нозим Бобоҷонов, 63), Михайло Сакич (Амирбек Ҷӯрабоев, 52), Комрон Турсунов (Шаҳром Сулаймонов, 63), Фатҳулло Фатҳуллоев (Муҳаммадҷон Раҳимов, 46), Сулаймон Муҳадов (Эҳсони Панҷшанбе, 46), Виулен Айвазян (Шериддин Бобоев, 58).
Довар дар майдон: Томаш Марчиниак (Полша).








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






