Дар Душанбе ҷаласаи навбатии гурӯҳи корӣ оид ба омодагӣ ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 доир гардид

Январь 25, 2019 15:00

ДУШАНБЕ, 25.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии гурӯҳи корӣ оид ба омодагӣ ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 доир гардид. Дар он сармураббиёни дастаҳои мунтахаб оид ба бокс ва таэквондо WT гузориш доданд. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» корманди  Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ    хабар дод.

Зикр шуд,   ки муовини аввали раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Ризо Назарзода зимни ҷаласа иброз дошт,   ки сармураббиёни дастаҳои мунтахаб оид ба қаиқронӣ, гӯштини озод, гӯштини юнонӣ-румӣ, дзюдо ва каратэ-до фаъолияташонро ҷоннок кардаанд, аммо дигар намудҳо ба ин кор муносибати ҷиддӣ намекунанд.

Ҳамзамон изҳори нигаронӣ карда шуд, ки бисёр сармураббиёни дастаҳои мунтахаб, ҳамзамон кормандони федератсияҳо ҳастанд, ки ба фаъолияти онҳо халал мерасонанд. Аз ҷумла, дар намудҳои камонварӣ, тенниси рӯи миз ва ҳандбол чунин мушкилӣ ба мушоҳида мерасад. Пешниҳод карда шуд, ки вобаста ба ин масъала ба унвони федератсияҳо мактуби расмӣ ирсол карда шавад.

Ёвари сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба бокс Мирзо Шамсиев зикр намуд, ки дар намуди олимпии бокс 3 раунди седақиқаӣ сурат мегиранд. Дар Бозиҳои олимпии Токио-2020 мусобиқаи бокс аз рӯи 8 вазн миёни мардон ва 5 вазн миёни бонувон баргузор хоҳад шуд.

Тибқи талаботи Ассотсиатсияи байналмилалии федератсияҳои бокс (AIBA) муштзанони касбӣ, ки то 15 рақобат кардаанд, имкони иштирок дар Бозиҳои олимпиро доранд.
Дар идома аъзои дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба бокс муаррифӣ шуда, зикр гардид, ки ду нафар миёни мардон – Баҳодур Усмонов (вазни 63 кг), Шаҳбоз Негматуллоев (81кг) ва ду нафар миёни бонувон – Шоира Зулқайнарова (60кг), Идимоҳ Холова (69кг) агар омодагиашон дар асоси нақша амалӣ гардад, имкони гирифтани роҳхат ба Бозиҳои олимпии Токио-2020-ро доранд.

Тибқи нақша, ҳар варзишгар бояд дар як сол дар 6-8 мусобиқаи сатҳи байналмилалӣ иштирок кунад ва ба 6-8 ҷамъомади машқӣ-таълимии дохил ва хориҷ аз кишвар фаро гирифта шавад.
Аввалин мусобиқаи байналмилалӣ барои варзишгарони мо мусобиқаи байналмилалӣ дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон ба шумор меравад, ки 19-24 феврал доир мегардад. Давоми сол дастаи мунтахаб ба ғайр аз мусобиқаҳои байналмилалӣ инчунин дар чемпионати Осиё (моҳи июн дар Тайланд) ва дар сурати дарёфти роҳхат дар чемпионати ҷаҳон (7-21 сентябр дар Екатеринбурги Россия) иштирок хоҳад кард.
Гуфта шуд, ки то ҳол системаи интихобии намуди бокс ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 тасдиқ нашудааст ва иттилоъ дода шуд, ки қарори ниҳоӣ оид ба ин масъала моҳи апрели соли равон дар ҷаласаи Кумитаи иҷроияи Кумитаи байналмилалии олимпӣ қабул мегардад.
Сармураббии дастаи мунтахаби кишвар оид таеквондо WT Далер Фозилов зимни ироаи гузориш, аз ҷумла гуфт, ки мусобиқаи олимпии таэквондо аз рӯи 4 вазн миёни мардон ва 4 вазн миёни бонувон сурат мегирад. Аъзои дастаи мунтахаби кишвар барои ба даст овардани роҳхати олимпӣ ҷиддӣ омодагӣ дида истодаанд.

Аз ҷумла, аввали сол бо дастгирии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш даста ба ҷамъомади машқӣ-таълимӣ фаро гирифта шуд.
Варзишгарон роҳхати олимпиро ҳам тариқи раддабандӣ ва ҳам тариқи мусобиқаҳои интихобӣ ба даст меоранд.
Дастаи мунтахаби ҷумҳурӣ оид ба таэквондо муаррифӣ шуд ва зикр  гардид, ки феълан дар раддабандии ҷаҳонии ин намуди варзиш аз ҷумҳурии мо танҳо Моҳру Ҳалимова ворид гардидааст.

Барои дар раддабандии ҷаҳонӣ мавқеъ ёфтан варзишгарон бояд дар ҳамаи мусобиқаҳое, ки бо сарпарастӣ ё дар мувофиқа бо таэквондои ҷаҳонӣ (WT) ташкил мешаванд, ширкат намоянд.

Дар асоси таҳлилҳо, миёни бонувон Моҳру Ҳалимова ва миёни мардҳо Хуррам Меҳтаршоев имкони гирифтани роҳхати олимпиро доранд.

Дар анҷоми ҷамъомад оид ба бартараф кардани мушкилиҳои соҳа, хусусан оид ба дастгирии варзишгарон фикру андешаҳо баён гардиданд.

Январь 25, 2019 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАВАҶҶУҲ БА РУШДИ ФУТБОЛ. Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ҳамоиши варзишгарон доир шуд
БАХШИДА БА РӮЗИ ҶАВОНОН. Варзишгарон ифтихори Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд
БАХШИДА БА РӮЗИ ҶАВОНОН. Дар Хуҷанд ҷавонони зиёд ба роҳпаймоӣ баромаданд
25 май дар Тоҷикистон Рӯзи ҷаҳонии футбол бо шаҳомати хосса таҷлил карда мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА ҶУДО 2024: Сомон Маҳмадбеков дар вазни -81 кг медали биринҷӣ ба даст овард
25 МАЙ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ. Дар Душанбе мусобиқаи варзишӣ оғоз ёфт
Варзишгари Тоҷикистон Сомон Маҳмадбеков барои медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо мубориза мебарад
Бозии интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 байни дастаҳои Урдун-Тоҷикистонро ҳайати доварон аз Уммон ҳакамӣ мекунад
Сомон Турсунзода дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷиу-ҷитсу дар Узбекистон соҳиби медали тилло гардид
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА ҶУДО 2024: Эмомалӣ Нуралӣ ба марҳилаи ниманиҳоӣ роҳ ёфт
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои бозиҳои интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 муайян шуд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар Давҳа ҷамъомади тамринӣ мегузаронад