ДАР ДУШАНБЕ ТРОЛЛЕЙБУСҲОИ БЕНОҚИЛ БА ҲАРАКАТ МЕДАРОЯНД! Онҳо аз заводи «Белкоммунмаш» ба маблағи як миллион доллар харидорӣ шудаанд

Январь 16, 2019 15:35

ДУШАНБЕ, 16.01.2016. /АМИТ «Ховар»/. Моҳи марти соли равон ба шаҳри Душанбе 4 адад троллейбусҳои беноқили истеҳсоли ширкати «Белкоммунмаш»-и Беларус ворид карда мешаванд. Дар ин бора муовини Раиси шаҳри Душанбе Фирдавс Саидзода дар суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Ба гуфтаи номбурда, оид ба ворид намудани троллейбусҳо миёни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ширкати болозикр шартнома ба имзо расидааст.

 «Дар марҳилаи аввал чор адад чунин троллейбусҳо ба пойтахт ворид карда шуда, дар ҳолати мутобиқ будани он ба кӯчаю хиёбонҳои шаҳри Душанбе, идомаи харидории он бозбинӣ карда мешавад», — илова намуд номбурда.

Ба иттилои роҳбари гурӯҳи татбиқи лоиҳаи рушди нақлиёти истифодаи умуми шаҳри Душанбе Абдулхайр Алиев, троллейбусҳои ширкати «Белкоммунмаш» тариқи ноқил ва ҳангоми қатъ гардидани қувваи барқ то 15 километр ба воситаи батарея ҳаракат мекунанд. «Арзиши як адад чунин троллейбусҳо наздик ба 250 ҳазор доллари америкоиро  ташкил медиҳад»,- илова намуд А. Алиев дар суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар».

Бояд гуфт, ки троллейбусҳои истеҳсолнамудаи ширкати «Белкоммунмаш» дар ҳамаи минтақаҳои  Беларус фаъол буда,  инчунин ширкат бо Россия, Руминия, Украина, Сербия, Молдова, Қирғизистон, Аргентина, Колумбия ва дигар мамлакатҳои Америкаи Лотинӣ ҳамкории густурда ба роҳ мондааст.

Ёдовар мешавем, ки мақсад аз ворид намудани чунин нақлиёти замонавӣ ба шаҳри Душанбе- кам кардани танбашавии ҳаракат дар роҳҳои пойтахт мебошад.

Январь 16, 2019 15:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Аммар»-ро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Дар шаҳри Душанбе Ниммарафони XVI байналмилалӣ баргузор мегардад
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд