ДАРАХТ БИНШОН! Иқлими мо имкон медиҳад, ки Тоҷикистон дар самти боғдорӣ дар Осиёи Миёна яке аз ҷойҳои аввалро ишғол намояд

Январь 11, 2019 09:32

ДУШАНБЕ, 11.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон боғпарварӣ соҳаи сердаромад буда, дорои  таърихи бой мебошад. Зеро гузаштагони мо аз қадим ба боғдорӣ машғул шуда, дарахтони гуногун парвариш менамуданд. Имрӯз низ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бунёди боғу токзор  таваҷҷуҳи  махсус зоҳир намуда, дар ин самт «Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» қабул  ва мавриди амал қарор дорад.

Тавре мудири шуъбаи ниҳолпарварии Институти боғдориву сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Раҳматов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт,  боғпарварӣ яке аз самтҳои асосии соҳаи кишоварзӣ дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Иқлим, релеф, хок ва дигар омилҳои табиат имкон медиҳанд, ки Тоҷикистон дар Осиёи Миёна аз ҷиҳати  боғдорӣ яке аз мавқеъҳои аввалро ишғол намояд.

Тараққӣ додани соҳаи боғдорӣ дар заминҳои водӣ, наздикӯҳӣ ва кӯҳӣ барои хоҷагии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти калон дорад. Зеро мо дар баробари бунёди боғ, заминҳои бекору корношоями кӯҳию наздикӯҳӣ, ҳамчунин заминҳои санглоху вазнини водиҳоро ба кор меандозем. Аз ин лиҳоз ҷумҳурии мо бо сабаби  дорои иқлими гуногун буданаш аз самти ҷануб ба шимол ва аз шарқ ба ғарб метавонад, ки дар тамоми фаслҳои сол ҷумҳуриро бо меваҷоти тоза таъмин намояд.

Дар баробари рушди соҳаи боғу токпарварӣ имрӯз омилҳое мавҷуд мебошанд, ки  ба рушди соҳа  кумаки зиёд мерасонанд:

  1. Ба роҳ мондани бунёди боғҳои интенсивӣ ва босуръат тараққӣ додани онҳо. Имрӯз ин боғҳо самаранок маҳсуб шуда,  боғҳои ҳозиразамон ном бурда мешаванд. Зеро  дар онҳо дар ҳар як гектар аз 1000 то 3,5 ҳазор ниҳол ҷойгир кардан мумкин аст. Дар боғҳои муқаррарӣ то 300- 400 бех ниҳол ҷойгир карда мешаваду халос.
  2. Омӯзиши иқлими минтақаҳо – бо мақсади ҷойгир кардани  тарзи дурусти даратони мевадиҳанда. Яъне  Тоҷикистон дорои иқлими гуногун мебошад. Аз ин лиҳоз ниҳолҳое, ки шинонида мешаванд,  бояд минтақабоб бошанд.
  3. Тайёр  намудани ниҳолҳои ҷавобгӯй  ба талаботи давлатӣ, яъне бояд ниҳолҳо аз ҳашароти зараррасон  ва касалиҳо озод буда, ба стандартҳои давлатӣ ҷавобгӯй бошанд.
  4. Ба роҳ мондани технологияи муосири парвариши дарахтони мевадиҳанда.
  5. Саноатикунонӣ, нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти боғдорӣ.
  6. Ташкили  дурусти агробизнес дар соҳаи боғдорӣ.

Ба андешаи ҳамсуҳбат, иҷрои саривақтии омилҳои мазкур имкон медиҳад, ки боғдорӣ ба соҳаи сердаромади кишоварзӣ табдил ёбад. Тавассути рушди ин соҳа мо метавонем аҳолиро бо ҷои кор таъмин намуда, сатҳи зиндагии онҳоро баланд бардорем.

Бино ба зикри Сулаймон Раҳматов, дар ҷумҳурӣ то соли 2018 зиёда аз 500 гектар боғҳои интенсивӣ бунёд шудаанд. Минбаъд низ ба нақша  гирифта шудааст, ки шумораи ин гуна боғҳо зиёд карда шавад.

«Институти боғдориву сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дорои хоҷагии таҷрибавии «Сумбула» мебошад, ки дар он ниҳолҳои дарахтони мевадиҳанда парвариш мешаванд. Имрӯзҳо олимони Институт бо хоҷагиҳои ниҳолпарварии Шаҳринав ва Ҳисор ҳамкории мустаҳкам ба роҳ монда, дар мавридҳои зарурӣ ба онҳо маслиҳату тавсияҳо медиҳанд», — гуфт мудири шуъбаи ниҳолпарварии Институти боғдориву сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Номбурда ниҳолшинониро ба 3 марҳила тақсим намуда, иброз дошт, ки аз охири моҳи ноябр сар карда, то аввали  фасли баҳор ниҳолшинонӣ 3 марҳиларо дар бар мегирад: тирамоҳу зимистон, зимистон ва зимистону баҳор.

«Аз лаҳзаи хазонрез шудани дарахтон дар ҷумҳурӣ маъракаи ниҳолшинонӣ оғоз меёбад. Дар фасли  зимистон танҳо дар ҳолати гармии ҳарорат шинонидани ниҳол мумкин аст.  Боғдорону хоҷагидорон метавонанд ниҳолҳоеро интихоб намоянд, ки ба талаботи стандартӣ ҷавобгӯй буда, аз ҳашароти зараррасон ва касалиҳо озод бошанд. Бояд баландии ниҳолҳое, ки аз тухм парвариш мешаванд, аз 110 то 150 сантиметрро ташкил диҳад. Қутр, яъне ғафсии он аз 15 то 25 милиметр бошад. Ҳамчунин решаи ниҳолҳо  нағз инкишоф ёфта, аз 3-4  шохаи асосӣ бояд иборат бошад»,- иброз дошт Сулаймон Раҳматов.

Холисаи АСОМИДДИН,
АМИТ «Ховар»

Январь 11, 2019 09:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Губернатори Ҳукумати мардумии музофоти Шэнсии Чин бо фаъолияти Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» шинос шуд
Тоҷикистон дар муборизаи байналмилалӣ барои ҳифзи бабри барфӣ саҳм мегузорад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Норасоии намӣ ба решаи дарахтон самаранокии боғотро паст мекунад
Густариши ҳамкории вилояти Хатлон бо музофоти Шэнсӣ баррасӣ шуд
Дар Душанбе ҳамкории иқтисодӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки Тоҷикистону Чин баррасӣ гардид
РӮЗИ ҶАҲОНИИ БЕХАТАРИИ ОЗУҚАВОРӢ. Бо мақсади таъмини бехатарии маҳсулот дар Тоҷикистон 14 озмоишгоҳ фаъолият дорад
Сарфаи неруи барқ танҳо вазифаи давлатӣ нест, балки масъулияти ахлоқии ҳар як шаҳрванди мамлакат аст
«IMPERIУA TECHSTREAM — 2025». Дар Душанбе барои наврасон нахустин озмуни технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУҲИТИ ЗИСТ. Баҳодур Шерализода: «Ҷомеаи ҷаҳон Тоҷикистонро ҳамчун давлати ташаббускор дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо эътироф намудааст»
Бонки рушди Созмони ҳамкории Шанхай таъсис дода мешавад
Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон Протокол оид ба мубодилаи маълумоти пешакии гумрукӣ дар бораи интиқоли молу воситаҳои нақлиёт ба имзо расид
Ҷаласаи 80-уми Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид