ДАРАХТ БИНШОН! Корхонаи ниҳолпарварии «Искич»-и Ҳисор беш аз 170 ҳазор бех ниҳолҳои гуногун омода ва ба фурӯш гузоштааст

Январь 4, 2019 09:49

 ҲИСОР, 04.01.2019. /АМИТ «Ховар»/.  Боғдорӣ яке аз соҳаҳои даромадноки кишоварзӣ ба ҳисоб рафта, он дар баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум  мавқеи хосса дорад.  Рушди ин соҳаро бе ривоҷи  ниҳолпарварӣ  тасаввур кардан ғайриимкон аст, чунки солимӣ, дарозумрӣ, маҳсулнокӣ  ва аз ҷиҳати иқтисодӣ самаранокии боғи оянда  ба сифати навниҳолҳо вобастагии калон дорад.

Корхонаи ниҳолпарварии   «Искич»-и шаҳри Ҳисор ба истеҳсоли ниҳолҳои гуногун, маҳсулоти кишоварзӣ ва боғу токпарварӣ машғул буда, дорои 1036 гектар замин, аз чумла 261 гектар боғи мева, 202 гектар боғи ангур,  6 гектар боғи интенсивӣ,  580 гектар чарогоҳ ва 89 гектар заминҳои корами обӣ мебошад. Дар заминҳои хоҷагӣ  65 нафар иҷоракорон  фаъолияти кишоварзӣ доранд, ки  тибқи шартномаи тарафайн,  50 фоизи ҳосили ба даст овардаашонро ба Корхонаи ниҳолпарварӣ медиҳанд. Соли 2018 иҷоракорон ба хоҷагии мазкур 425 тонна ангур ва 188 тонна мева супоридаанд.

Мутахассисони  корхонаи ниҳолпарварӣ дар майдони  10 гектар ниҳолҳои  гуногуни  босифат шинониданд. Барои  пеш бурдани соҳаи ниҳолпарварӣ  соли 2018   180 ҳазор дона қаламчаи ангур, 30 ҳазор бех хасакии себ, 3200 бех  хасакии олуча ва 4000 бех қаламчаи гули садбарг  шинонида шуд, ки онҳо ҳоло дар ҳолати хуби сабзиш қарор доранд.  Инчунин дар майдони 1,09 га ба миқдори 199 кг  тухмиҳои гуногуни мева кишт карда шуда, дар майдони  2 гектар боғи ангуру мева бунёд гардидааст.

Директори   корхонаи ниҳолпарварии «Искич»-и шаҳри Ҳисор Зафар Ғафуров иброз намуд, ки «ҳадафи асосии мутахассисони корхона- ин зиёд кардани навъҳои ниҳолҳое мебошад, ки барои ҳосили дилхоҳ додан мусоидат  менамоянд. Чунки кишоварзон  имрӯзҳо  барои бунёди боғу токзори нав ва ба даст овардани ҳосили дилхоҳ, пеш аз ҳама, ба  навъҳои беҳтарини ниҳол эътибори ҷиддӣ медиҳанд. Аз ин рӯ, мутахассисони хоҷагии ниҳолпарварии мо мувофиқи дархости деҳқонон навъҳои гуногуни дарахтони  мевадиҳандаро  истеҳсол менамоянд.   Ниҳолпарварони корхонаи мо  имрӯзҳо навъҳои ниҳоли себи «ҳусни юсуф»,  «рауфӣ», «ҷонатан», гелосу  нок, анору зардолу, олу, шафтолу, чормағз, бодом,  олуча, тут,  ангурро парвариш менамоянд, ки маҳсулоти истеҳсолшуда    сертификати тасдиқкунандаи навъ ва сифатро доро мебошанд.  Айни замон дар заминҳои корхона 176 ҳазору 443 бех ниҳолҳои гуногуни мевадиҳанда, аз ҷумла 29 375 бех ниҳоли себ ва 102 990  бех  ангур  мавҷуд мебошанд.  Ҳамчунин соли 2018  13 нафар пайвандгар бо иштироки шогирдону фарзандонашон 95 085 бех  ниҳолҳои гуногунро аз пайванди тобистона гузарониданд».

Мутахассисони ботаҷриба мегӯянд, ки  парвариш кардани навъҳои ниҳолҳои пайвандии босамар ва кишти тухмии зироати ҳосилнокиашон баланд ба манфиати ҷамъият ва деҳқонон мебошад. Аз ин рӯ  деҳқонон бояд дар оғози маъракаҳои ниҳолшинонӣ, кишти зироат ва кӯчати растаниҳо ба интихоби тухмӣ ва ниҳол эътибори ҷиддӣ дода, баҳри рушди соҳаи боғдорӣ заминаи муносиб гузоранд.

Вале ба иттилои мутахассисони ниҳолпарвари ноҳияҳои тобеи марказ,  имрӯзҳо дастрасӣ ба тухмиҳои хушсифати  дарахтони мевадиҳанда, ки ба талаботи ҷаҳонӣ ҷавобгӯ бошад, мушкил гардидааст.  Ниҳолпарварони ҷумҳурӣ имрӯзҳо тухмии дарахтони мевадиҳандаро  аз аҳолӣ бе коркарди озмоишгоҳӣ дастрас менамоянд. Аз ин рӯ  қисми зиёди ниҳолҳои истеҳсолшуда ба талаботи ҷаҳонӣ мувофиқат намекунанд.

Дар замони Шӯравӣ ниҳолпарварони Тоҷикистон  барои ворид намудани тухмиҳои босифат ва омӯзиши донишҷӯёну олимону мутахассисони соҳа  бо донишкадаҳои илмии ниҳолпарварии шаҳри Краснодари Федератсияи Россия ва донишкадаи ба номи Шредераи шаҳри Тошканд ҳамкорӣ намуда, тухмиҳои босифат ворид менамуданд.  Мутахассисони ниҳолпарвар пешниҳод менамоянд, ки агар  масъулини соҳаи ниҳолпарварии ҷумҳурӣ бо донишкадаҳои илмии ниҳолпарварии Россия, Ӯзбекистон ва дигар мамлакатҳо ҳамкории наздик роҳандозӣ кунанд, дар оянда аз тухмиҳои  хушсифат  боз метавон истеҳсоли нави  навъҳои гуногуни дарахтони мевадиҳандаро, ки ба иқлими минтақаҳои Тоҷикистон мувофиқ бошанд, ба роҳ монд.

Бар асоси  маълумоти оморӣ, корхонаи мазкур  соли 2018 41 ҳазору 891 бех ниҳолҳои гуногунро  ба маблағи 88 522 сомонӣ фурӯхтааст. Дар фасли  тирамоҳ кормандони корхона  барои муштариён  176 443 бех ниҳолҳои гуногун омода намуда,   ба маблағи аз 1 сомониву 50 дирам то 6 сомонӣ ба  фурӯш гузоштаанд.

Тибқи иттилои манбаъ, дар корхонаи мазкур  316 нафар кормандони мавсимӣ ва доимӣ фаъолият менамоянд, ки 165 нафарашон занҳо мебошанд. Соли 2018 корхонаи мазкур барои сари вақт бо маош таъмин намудани коргарон  аз фурӯши маҳсулоти тайёр, аз қабили ниҳолҳои гуногун, гелос, алафи табиӣ, ҳезум, коҳ, гандум, себ ва ангур  378 ҳазору 389  сомонӣ  фоида ба даст овард ва  музди меҳнати коргарон то ҳамин давра пурра пардохт карда шудааст.

Масъулини корхона мегӯянд, ки  дар баробари корҳои хоҷагидорӣ ва парвариши ниҳол  дар асоси дастуру супоришҳои  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри бунёдкорию созандагӣ ва дастгирии ниёзмандон  корхонаи мазкур дар ин давра 29 856 сомонӣ дар ин роҳи хайр сарф намудааст.

Субҳонидини МАҲМУД,
  АМИТ «Ховар»

Январь 4, 2019 09:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон марҳилаи рамзгузории электронӣ ба воситаҳои доруворӣ ва молҳои тиббӣ оғоз мегардад
Соли 2024 дар вилояти Суғд 73 иншооти соҳаи маориф ба истифода дода шуд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар назди Беморхонаи клиникавии шаҳрии №1-шаҳри Хуҷанд бинои интенсивӣ бунёд мешавад
Ҷаласаи Ситоди байниидоравӣ оид ба пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ баргузор шуд
Дар деҳаи Мусофирони ноҳияи Рашт бинои иловагии муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд 950 иншооти таъйиноти гуногун бунёд мегардад
Huawei — пешсафи бозори ҷаҳонӣ
Ҷаласаи навбатии Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ доир шуд
Соли равон гардиши мол байни Тоҷикистону Русия 19,8% афзуд
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилояти Суғд ба беш аз 2 миллиард доллари ИМА расонида шуд
Соҳибкорону саноатчиёни Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қадрдонӣ гардиданд