Дастаҳои мунтахаби Ӯзбекистон ва Қирғизистон Чемпионати Осиёро ба анҷом расониданд

Январь 22, 2019 14:06

ДУШАНБЕ, 22.01.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар идомаи бозиҳои 1/8-ниҳоии Чемпионати 17-уми Осиё   дар Амороти Муттаҳидаи Араб дастаҳои мунтахаби кишварҳои Ӯзбекистон ва Қирғизистон муборизаро барои Ҷоми Осиё ба анҷом расониданд.  Шореҳи АМИТ «Ховар» Аловиддин БӮРИЕВ   бозиҳои охирро шарҳ медиҳад.

Чемпионати Осиё оид ба футбол ба марҳилаи бозиҳои чорякниҳоӣ мерасад. Дар ин замина имрӯз дастаҳои мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ бо Баҳрайн ва Қатар бо Ироқ вориди сабқат мешаванд ва ҳама дастаҳои иштирокдори бозиҳои ¼-ниҳоӣ мушаххас мегарданд.

Дар вохӯриҳои рӯзи гузашта аввалан дастаҳои мунтахаби Япония ва Арабистони Саудӣ бо ҳам бозӣ карданд. Ду дастаи иштирокдори Чемпионати ҷаҳони соли 2018 дар Россия –Япония ва Арабистони Саудӣ дар майдон бозии ҷолиб нишон доданд. Ба он нигоҳ накарда, ки лаҳзаҳои бешумори голзанӣ барои ҳар ду даста вуҷуд дошт, танҳо як тӯби ба дарвоза задаи Такеҳиро Томиясу дар дақиқаи 20-ум тақдири вохӯриро ба нафъи футбозони японӣ ҳал кард.

Дар бозии дигари рӯз дар варзишгоҳи «Khalifa bin Zayed Stadium»-и шаҳри Алайн дастаҳои  мунтахаби  Австралия ва Ӯзбекистон вориди рақобат шуданд. Ғолибро дар вақти асосӣ ва иловагӣ муайян кардан имконнопазир гардид ва ҳисоби  0:0 то ба анҷом дар намолавҳа боқӣ монд. Доварон ғолибро тавссути зарбаҳои 11-метраи баъдибозӣ муайян карданд. Бахт ба рӯи соккерузҳо –дастаи мунтахаби Австралия, ки соли гузашта дар бозиҳои Ҷоми ҷаҳон ширкат карда буду чемпиони феълии Осиё мебошад, хандид ва онҳо бо нишондоди 4:2 ғалаба карда, роҳи худро ба бозиҳои ¼-ниҳоӣ ҳамвор намуданд.

Бозии дигари 1/8-ниҳоӣ бо ширкати дастаҳои мунтахаби Амороти Муттаҳидаи Араб ва Қирғизистон аз ҷолибтарин бозиҳои рӯз ва шояд Чемпионат ба ҳисоб равад. Спектакли нонавишта бо ҳаяҷону драмаҳои тезутунд дар хотири мухлисон нақш баст. Мизбони Чемпионати Осиё-дастаи мунтахаби АМА аз дебютанти бозиҳои ниҳоӣ- дастаи мунтахаби Қирғизистон интизор набуд, ки ба рақобати сахт рӯ ба рӯ мешавад. Ҳисоб аз ҷониби Хамис Исмоил дар дақиқаи 14-ум боз шуд. Дар дақиқаи 26-ум Мирлан Мурзаев натиҷаро баробар кард. Алӣ Мабҳут дар дақиқаи 64-ум боз дастаи мунтахаби Аморотро ба сафи пеш баровард. Дар дақиқаи 91-ум Турсуналӣ Рустамов, ки дар нимаи дуввум ба майдон омад буд, аз нав  ҳисобро баробар кард – 2:2. Доварон барои муайян кардани ғолиб ба қисмҳои иловагӣ рӯ оварданд ва як хатои бозингари қирғиз дар дақиқаи 103 бо таъйини ҷазои 11-метра сабаб гардид ва онро Аҳмад Халил бар тӯри дарвозаи Кутман Кадирбеков зада, дастаашро бо натиҷаи 3:2 пирӯз гардонд.

Ба ҳамин тартиб, дастаҳои мунтахаби Япония, Австралия, АМА,  Ветнам, Чин ва Эрон ба бозиҳои чорякфиналӣ баромаданд ва 24 январ Ветнам бо Япония, Чин бо Эрон ва 25 январ ғолиби ҷуфти Кореяи Ҷанубӣ/Баҳрайн бо ғолиби ҷуфти Қатар/Ироқ, инчунин Имороти Муттаҳидаи Араб бо Австралия бо ҳам қувва месанҷанд.

Ҷоми Осиё, 1/8 финал:

Япония – Арабистони Саудӣ — 1:0

Гол: 1:0 .Томиясу, дақ 20-ум.

Австралия — Ӯзбекистон — 0:0, аз силсилаи зарбаҳои пеналтӣ — 4:2

АМА — Қирғизистон — 3:2 (бо қисмҳои иловагӣ)

Голҳо:  Хамис Исмоил -1:0, дақ.14 , Мурзаев -1:1, дақ 26, Алӣ Мабҳут -2:1, дақ. 64, Рустамов -2:2 , дақ. 91, Аҳмад Халил3:2, дақ. 103- пеналтӣ.

Январь 22, 2019 14:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ФУТБОЛ. Доварони Тоҷикистон дар семинари доварони элитаи КФО дар Тошканд иштирок намуданд
Намояндагони Федератсияи футболи Тоҷикистон дар семинар барои комиссарони нави бозиҳои CAFA иштирок карданд
ФУТБОЛ. Пагоҳ бозиҳои даври 13-уми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ оғоз мегардад
Варзишгари ҷавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини юнону румӣ соҳиби медали нуқра гардид
Варзишгарони тоҷик ба хазинаи варзишии Тоҷикистон 278 медал ворид намуданд
Варзишгари Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалии теннис соҳиби ду медали тилло шуд
Дар шаш моҳи соли 2026 варзишгарони вилояти Хатлон беш аз 1000 медал ба даст оварданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Данғара мусобиқаи гӯштини миллӣ баргузор гардид
Соли 2027 дар Душанбе Чемпионати Осиё оид ба акробатикаи варзишӣ баргузор мешавад
Дар Мусобиқаи байналмилалии «Lausanne Grand Slam-2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон 14 нафар иштирок менамояд
Душанбе мизбони ҷаласаҳои Федератсияи ҷаҳонии гимнастика гардид