Дастаи мунтахаби наврасони то 17-сола бо «Истиқлол» бозии санҷишӣ барпо кард
ДУШАНБЕ, 17.01.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи омодагӣ ба мусобиқоти байналмилалии «Ҷоми истеъдод-2019» дастаи мунтахаби то 17-солаи мамлакат бо чемпиони солҳои охири Тоҷикистон -дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бозии санҷишӣ барпо кард. Мухбири АМИТ «Ховар» мавзӯъро шарҳ медиҳад.
Вохӯрии дастаҳо бо бартарии комили чемпионҳо гузашт. Хатои муҳофизатгари дастаи наврасон -Ҳамадонӣ Камолов дар дақиқаи 14-ум ба он оварда расонд, ки тӯб баъди ба пои ӯ бархӯрдан вориди дарвоза гардид ва ҳисоб кушода шуд. Урош Томовичи серб, ки барои ба ҳайати дастаи «Истиқлол» шомил шудан ба Душанбе омадааст, баъди шаш дақиқа голи дуюми истиқлолиҳоро ба тӯри дарвоза зад. Ин голи дуввуми Урош дар ҳайати дастаи «Истиқлол» аст. Ӯ дар вохӯрӣ бо дастаи мунтахаби олимпӣ низ як гол зада буд. Дар дақиқаи 25-ум ба Рустам Соиров муяссар шуд, ки ягона голи футболбозони наврасро дар ин бозӣ аз ҷазои 11-метра ба нишон расонад.
Дар нимаи дуввум футболбозони дастаи «Истиқлол» ҳисобро боз ҳам афзуданд. Аввал Аҳтам Назаров аз зарбаи пеналтӣ (53) ва баъдан Комрон Турсунов (60 ва 87) бо ду голи задааш ҳисобро ба 5 бар 1 расонд ва бозӣ бо ҳамин натиҷа ба анҷом расид.
Камбудиҳо дар бозии наврасон хеле зиёд ба мушоҳида расиданд. Бозии аҳлонае, ки онҳо дар Чемпионати Осиё нишон дода буданд, ба чашм нарасид. Баръакс, футболбозони нави дастаи «Истиқлол» дар майдон худро хуб нишон доданд.
Муҳимияти ин вохӯрӣ барои сармураббиёни дастаҳои мунтахаби наврасони Тоҷикистон Зайниддин Раҳимов ва «Истиқлол» Ҳаким Фузайлов аз он иборат буд, ки онҳо имкон ёфтанд барои хеш пеш аз вохӯриҳои байналмилалии “Ҷоми Истеъдод-2019” ва бозиҳои интихобии Лигаи чемпионҳои Осиё бо дастаи АГМК-и Ӯзбекистон шогирдонашро аз назар гузаронанд ва ҳайати асосиро интихоб намояд.
Имрӯз дар ҳайати дастаи «Истиқлол»-и Душанбе бозингарони зиёде аз дуру наздик ҷамъ омадаанд ва аз назорати мураббиён мегузаранд.
Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон пагоҳ ба шаҳри Мински ҷумҳурии Беларус сафар мекунад.








Дар вилояти Хатлон беш аз 40 мактаби варзишӣ фаъолият дорад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Русия бозии дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ бо мунтахаби Чин оғоз намуд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Умон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд
«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Ҷудокорони тоҷик ҳангоми ба даст овардани медалҳои Бозиҳои Осиёӣ бо ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд
Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ-2026 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Озарбойҷон бозии дӯстона доир менамояд
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд
Се варзишгари Тоҷикистон ба финали мусобиқаи ММА дар Бозиҳои Осиёии Ҷопон роҳ ёфтанд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид






