Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба таэквондо ҷамъомади машқию таълимиро ба анҷом расонид

Январь 7, 2019 16:00

ДУШАНБЕ, 07.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. Аз 22 декабри соли 2018 то 6 январи соли 2019 дар шаҳри  Душанбе бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ҳамкорӣ бо Федератсияи таэквондои Тоҷикистон бо мақсади омодагии дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба таэквондо (WTF) ба мусобиқаҳои байналмилалӣ миёни ҷавонон ва калонсолон ҷамъомади машқию таълимӣ баргузор гардид.

Дар ин бора корманди   Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Каримҷони  Салимзода ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод.

Зикр шуд,   ки  дар мусобиқа варзишгарон дар ҳайати дастаҳои Хатлон-1, Хатлон-2, Суғд, ВМКБ, ШНТМ ва шаҳри Душанбе иштирок карданд. Варзишгарон ҷиҳати омодагӣ ба мусобиқаҳои байналмилалӣ аз мураббиёни ин намуди варзиш Далер Фозилов, Исломиддин Фозилов ва Сафарбек Тошматов тарзу усулҳои нави таэквондоро омӯхтанд.

Ба варзишгарон довари дараҷаи байналмилалӣ аз Тоҷикистон Вафоназар Аланазаров низ нозукиҳои таэквондоро омӯзонид.

Бо мақсади дар амал дидани тарзи баҳогузорӣ, истифодаи усулҳои нав бо истифода аз технологияи муосир, ки федератсия дастрас кардааст, миёни варзишгарон мусобиқаи санҷишӣ баргузор гардид.

Январь 7, 2019 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд