Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Қатар ғолиби мусобиқаи байналмилалии «Чор миллат» гардид!
ДУШАНБЕ, 22.01.2018. /АМИТ «Ховар»/. Мусобиқаи байналмилалии «Чор миллат» бо ғалабаи дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар шаҳри Давҳаи Қатар ба анҷом расид. Шарҳи мухбири АМИТ «Ховар» Аловиддин БӮРИЕВ дар ин бора.
Мусобиқаи байналмилалии «Чор миллат» дар давлати Қатар бо ширкати дастаҳои мунтахаби олимпии чор кишвар – Тоҷикистон, Қатар, Эрон ва Кувайт аз 15 то 21 январ роҳандозӣ шуд.
Дар бозии охирини мусобиқа дастаи олимпии Тоҷикистон бо дастаи мунтахаби Кувайт ба майдони бозӣ омада, бо натиҷаи 1:0 мағлуб шуд. Аммо дар маҷмӯъ тоҷикистониён бо касби 6 имтиёз соҳиби ҷои аввал гардиданд. Тақдири бозиро голи ягонаи ҳамлагари мунтахаби Кувайт Абдул Мӯҳсин Алаҷмӣ дар дақиқаи 25 ҳал кард.
Дар бозии дигари даври сеюм дастаи мунтахаби олимпии Эрон бар дастаи мизбон–Қатар бо нишондоди 2:1 пирӯз гардид.
Ёдрас мешавем, ки дар ду даври қаблӣ мунтахаби олимпии мамлакат бар Эрон (2:1) ва Қатар (1:0) ғалаба карда буд. Ҷои дуюмро футболбозони Эрон бо 6 хол, ҷои сеюмро Қатар бо 3 имтиёз ва ҷои чорумро Кувайт бо ҳамин миқдори холҳо ишғол намуданд.
Мусобиқаи байналмилалии «Чор миллат» дар Қатар марҳилаи омодагии дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) ба мусобиқаи интихобии чемпионати Осиё-2020, ки 22-26 март дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон доир мегардад, ба ҳисоб меравад. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон барои баромадан ба марҳилаи финалии чемпионат дар гурӯҳи «F» бо дастаҳои мунтахаби олимпии Ҳиндустон (22 март), Покистон (24 март) ва Ӯзбекистон (26 март) бозӣ мекунад.
Мусобиқаи байналмилалии «Чор миллат» дар Давҳа
Даври 1
Эрон — ТОҶИКИСТОН – 1:2
Голҳо: Воҳид Номдорӣ, 4 (1:0). Эҳсони Панҷшанбе, 39 (1:1). Шериддин Бобоев, 50 (1:2).
Тоҷикистон: Рустам Ятимов, Алишер Баротов, Табрези Давлатмир, Манучеҳр Сафаров, Зоир Ҷӯрабоев, Кароматулло Саидов, Шарафҷон Солеҳов, Мухаммадҷон Раҳимов, Далер Ёдгоров, Эҳсони Панҷшанбе (Амирҷон Сафаров, 87), Шериддин Бобоев.
Довар дар майдон: Абдулҳодӣ Арроял (Қатар).
Қатар – Кувайт – 3:1
Даври 2
Эрон – Кувайт-5:0
Қатар – Тоҷикистон 0:1
Гол: Шарафҷон Солеҳов, 37.
Тоҷикистон: Рустам Ятимов, Алишер Баротов, Табрези Давлатмир, Манучеҳр Сафаров, Зоир Ҷӯрабоев, Кароматулло Саидов, Муҳаммадҷон Раҳимов (Шервони Мабатшоев, 86), Шарафҷон Солеҳов, Далер Едгоров, Эҳсони Панҷшанбе, Шериддин Бобоев.
Аз бозӣ ронда шуданд: Эҳсони Панҷшанбе (Тоҷикистон), 61, Илёс Аҳмед Алӣ (Қатар), 80.
Довари асосӣ: Найф Алқодирӣ (Қатар).
Даври 3
Қатар – Эрон 1:2
Тоҷикистон – Кувайт 0:1
Гол: Абдулмуҳсин Алаҷмӣ, 25.
Тоҷикистон: Рустам Ятимов (Шоҳрух Қиргизбоев, 46), Алишер Баротов (Доробҷон Эргашев, 77), Табрези Давлатмир, Манучеҳр Сафаров (Ваҳдат Ҳанонов, 77), Зоир Ҷӯрабоев (Ҳусейн Нурматов, 46), Кароматулло Саидов, Муҳаммадҷон Раҳимов (Шервони Мабатшоев, 60), Далер Ёдгоров, Шарафҷон Солеҳов, Амирҷон Сафаров (Саидмухтор Азимов, 68), Шериддин Бобоев.
Довар дар майдон: Муҳаммад Ашшамарӣ (Қатар).
| Ҷой | Дастаҳо | Б | Ғ | М | Б | Т/т | И |
| 1 | Тоҷикистон | 3 | 2 | 0 | 1 | 3-2 | 6 |
| 2 | Эрон | 3 | 2 | 0 | 1 | 8-3 | 6 |
| 3 | Қатар | 3 | 1 | 0 | 2 | 4-4 | 3 |
| 4 | Кувайт | 3 | 1 | 0 | 2 | 2-8 | 3 |








Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






