Дастаи олимпии Тоҷикистон дастаи мунтахаби Қатарро мағлуб намуд
ДУШАНБЕ, 21.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби то 23-солаи олимпии Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи «Чор миллат», ки дар пойтахти кишвари Қатар — шаҳри Доҳа ҷараён дорад, мизбони мусобиқаро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод. Голи ягонаи дидори мазкурро нимҳимоятгари бошгоҳи «Барқчӣ» Шарафҷон Солеҳов дар дақиқаи 37-ум ба ҳадаф расонид. Мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон мавзӯъро шарҳ медиҳад.
Бояд зикр кард, ки дар ин бозии ҷолиб ҳар ду даста бо ҳайати кам бозӣ карданд. Дар дақиқаи 61-уми вохӯрӣ барои рафтори ғайриварзишӣ капитани дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон Эҳсони Панҷшанбе ва дар дақиқаи 80-ум ҳимоятгари дастаи Қатар Илёс Аҳмад Алӣ барои зарба ба ҳариф аз майдон ронда шуданд.
Дар бозии дигари мусобиқаи «Чор миллат» дастаи мунтахаби олимпии Эрон ба дарвозаи дастаи мунтахаби Кувайт 5 голи беҷавоб зад.
Сармураббии дастаи мунтахаби то 23-солаи олимпии Тоҷикистон Усмон Тошев андешаҳояшро баъд аз бозӣ чунин баён кард: «Бозӣ аз ҷиҳати интизом бисёр хуб гузашт. Дар хати дифоъ даста баробар бозӣ кард. Он чи ки ман аз бачаҳо хостам, онҳо иҷро карданд. Монда шуданд, аммо то охир талош намуданд. Фикр мекунам, мо ба роҳи дуруст рафта истодаем. Мутаассифона, дар аввали нимаи дуюм ба Эҳсони Панҷшанбе корти нодаркори сурх нишон дода шуд. Ҳариф бо даст бозӣ кард ва Эҳсон бо довар баҳс намуд, бояд худро идора мекард. Ба бачаҳо офарин, 10 нафар бозӣ карданд ва дар ҳуҷумҳои ҷавобӣ лаҳзаҳои хуб ба миён оварданд. Ба фикрам бозингарон капитанашонро дастгирӣ карданд ва хатои ӯро ҷуброн намуданд».
Ёдовар мешавем, ки дар даври аввал- 15 январ дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон дастаи мунтахаби олимпии Эронро бо ҳисоби 2:1, Қатар дастаи мунтахаби Кувайтро бо ҳисоби 3:1 шикаст доданд.
Акнун дар даври ҷамъбастӣ дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон бо дастаи мунтахаби олимпии Кувайт вориди майдон мешавад. Ин вохӯрӣ шоми имрӯз, 21 январ, соати 19:30 бо вақти Душанбе оғоз мегардад. Дар ҳамин рӯз дастаҳои мунтахаби олимпии Қатар ва Эрон бо ҳам бозӣ мекунанд.
Хотиррасон мекунем, ки иштирок дар мусобиқаи байналмилалии «Чор миллат» дар Қатар як марҳилаи омодагии дастаи мунтахаби то 23-солаи олимпии Тоҷикистон ба мусобиқаи интихобии чемпионати Осиё-2020, ки 22-26 март дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон доир мегардад, ба ҳисоб меравад.
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон барои баромадан ба марҳилаи финалии чемпионат дар гурӯҳи «F» бо дастаҳои мунтахаби олимпии Ҳиндустон (22 март), Покистон (24 март) ва Ӯзбекистон (26 март) бозӣ мекунад.








Дар Ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ иншооти нави таълимию варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар вилояти Хатлон беш аз 40 мактаби варзишӣ фаъолият дорад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Русия бозии дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ бо мунтахаби Чин оғоз намуд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Умон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд
«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Ҷудокорони тоҷик ҳангоми ба даст овардани медалҳои Бозиҳои Осиёӣ бо ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд
Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ-2026 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Озарбойҷон бозии дӯстона доир менамояд
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд
Се варзишгари Тоҷикистон ба финали мусобиқаи ММА дар Бозиҳои Осиёии Ҷопон роҳ ёфтанд






