Давлатманд Исломов комиссари бозӣ миёни Австралия ва Урдун дар Ҷоми Осиё-2019 таъйин шуд
ДУШАНБЕ, 03.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. Котиби генералии Федератсияи футболи Тоҷикистон Давлатманд Исломов ба рӯйхати ҳашт комиссар дар бозиҳои Ҷоми Осиё-2019 ворид шуда, 6 январ дар вохӯрии аввалин дар Аморати Муттаҳидаи Араб фаъолият хоҳад кард. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.
«Исломов ба сифати комиссар дар бозии нахустини гурӯҳи «Б» миёни дастаҳои мунтахаби Австралия ва Урдун фаъолият мекунад. Бозӣ рӯзи якшанбе, 6 январ, соати 15:00 бо вақти маҳаллӣ дар варзишгоҳи «Ҳазза бин Зайед» дар Ал-Айн оғоз мегардад», — гуфта шудааст дар хабари ФФТ.
Ёдовар мешавем, ки қисмати финалии бозиҳои Ҷоми Осиё-2019 аз 5 январ то 1 феврал дар Аморати Муттаҳидаи Араб бори аввал бо иштироки 24 дастаи мунтахаби кишварҳо баргузор мегардад.








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






