«Дуруст муайян намудани ҳадаф ва самтҳои асосӣ ба амалӣ намудани манфиатҳои миллӣ ва бехатарии давлат мусоидат мекунад». Андешаҳои муовини Раиси Суди конститутсионӣ перомуни Паёми Пешвои миллат
ДУШАНБЕ, 10.01.2018. /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи муҳиме, ки дар паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан дар Паёми навбатӣ боисрор таъкид гардид ва бе амалӣ намудани он расидан ба ҳадафҳои стратегии давлат, бунёди давлати иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми Тоҷикистон, амалӣ намудани манфиатҳои миллӣ ва бехатарии давлат ғайримкон аст, ин дуруст муайян намудани ҳадаф ва самтҳои асосии марҳалаи имрӯзу фардои рушди давлатдорӣ мебошад. Ин матлабро муовини Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои сиёсӣ Карим Каримзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд. Матни пурраи андешаҳои номбурдаро пешкаши хонандагон мегардонем:
Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз як тараф, агар аз аҳамияти хосса касб намудани он ҳамчун ҳуҷҷати муҳими барномавӣ, сиёсию ҳуқуқӣ, иқтисодию ичтимоӣ ва фарҳангӣ шаҳодат диҳад, аз ҷониби дигар ифодакунандаи нуқтаи назари Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушду таҳкими самтҳои стратегии давлат ва соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат дар ояндаи наздик арзёбӣ мегардад.
Инчунин Паём муҳимтарин барнома ва ҳуҷҷати хусусияти созанда ва сафарбаркунанда дошта, оғози ҳама гуна фаъолияти бунёдкорӣ бори нахуст дар он эълон карда мешавад.
Бо ҳамин назардошт, бо соли таърихӣ эълон шудани соли 2018 ва бо фарогирии як зумра рӯйдодҳои муҳими хотирмон оғоз гардидани Паёми Пешвои миллат низ бесабаб нест.
Зеро дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об расман оғоз гардидани ташаббуси чоруми ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» аз бемайлон боло рафтани эътибори байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарвари он шаҳодат дода, ифтихори ҳар шаҳрванди баору номуси миллат мебошад. Тавре Пешвои миллат зикр карданд: «Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст».
Хотирмонии Паёми имсола дар он аст, ки Пешвои миллат аз минбари баланд ба мардуми Тоҷикистон расман дар бораи расидан ба ду ҳадафи стратегии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зикр карданд, ки «ба кор андохтани агрегати якуми НБО «Роғун», яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ба шарофати он орзуи чандинсолаи мардуми шарифу заҳматқарини тоҷик амалӣ гардид, ибтидои гардиши куллӣ дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва як қадами устувору бузурги кишвари мо дар самти расидан ба ҳадафи якуми стратегии миллӣ — истиқлолияти энергетикӣ ба ҳисоб меравад».
Дар Паём бо ифтихор ва сарбаландӣ таъкид карда шуд, ки «соли ҷорӣ мо на танҳо барои ноил шудан ба истиқлолияти энергетикӣ қадами устувор гузоштем, балки бори аввал дар 27 соли соҳибистиқлолии кишварамон ду соли охир мардуми мамлакатро пурра бо барқ таъмин намуда, дар ҳаҷми қариб 3 миллиард киловатт-соат неруи барқ содирот кардем».
Пешвои миллат ба ҳадафи дуюми стратегии миллӣ дахл карда, зикр карданд, ки «тайи солҳои охир дар натиҷаи бунёди шоҳроҳҳои мошингарди байналмилалӣ ва пайвастани Тоҷикистон бо роҳҳои ҷумҳуриҳои Чин, Афғонистон, Қирғизистон, кушода шудани роҳи оҳан ва 16 гузаргоҳи сарҳадӣ бо Ӯзбекистон кишвари мо аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ ёфт ва ҳадафи дуюми стратегиамон амалӣ гардид».
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳалли масъалаҳои дар тӯли зиёда аз ду даҳсола бавуҷудомадаи сиёсиву иқтисодӣ ва тиҷоратӣ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистонро низ рӯйдоди сеюми таърихӣ дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ва маънавии мардуми мо арзёбӣ намуданд.
Дар ҳақиқат барқарор гаштани муносибатҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон рӯйдоди бузурги таърихӣ мебошад, зеро дар таърихи халку миллатҳо ва муносибатҳои байнидавлатии онҳо рӯйдоду ҳодисаҳои муҳиме ба вуқӯъ мепайванданд, ки онҳо дар тақдири минбаъдаи ин халқу миллатҳо тақсирсоз, муайянкунанда ва калидӣ арзёбӣ мегарданд.
Ин ҳодисаву рӯйдодҳо ҳолати мавҷудаи муносибатҳоро сифатан дигар карда, бо андеша, диди нав ва амалу рафтори наҷибона пойдевори наверо дар муносибатҳои байниҳамдигарӣ рӯйи кор меоранд.
Онҳо инъикоси воқеият, ҳамбастагии таърихию фарҳангӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои тарафайн ва таъсири мутақобилаи фарҳангҳо ба ҳаёт ва тақдири сиёсиву иҷтимоии гузаштаву имрӯзаи халқу миллатҳо буда, барои онҳо роҳи муваффақтареро дар расидан ба мақсадҳои давлатдорӣ боз мекунанд.
Ҷавҳари чунин рӯйдоду воқеиятро на шаклпарстӣ ва этикет дар муносибати байнидавлатӣ, балки мазмуну мундариҷаи ҳастии таърихии ин ё он давлату миллат, ҷудонопазирии гузаштаи ягона, фарҳангу анъана, урфу одат, моил будан ба ҳамдигар ва майл кардан ба наздикшавӣ ташкил медиҳад.
Муҳим он аст, ки ин равандро бе шахсиятҳои бузурги таърихӣ ва нақши онҳо дар эҳёи андешаи солими давлатдорӣ ва муносибатҳои байнидавлатӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст.
Чунин шахсиятҳо таърих меофаранд, ҷомеаро аз ҳолати карахтӣ ба ҳолати созандагӣ мебаранд, барои ояндагон саҳифаҳои нав ва роҳи нек мекушоянд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев аз зумраи чунин сарсупурдагони миллати худ мебошанд, ки ба нақш ва ҷойгоҳи таърихии халқҳои худ дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳанги ҳамдигарӣ, дӯстию рафоқати дахлнопазири аз санҷиши замонҳо гузашта ва поку беолоиш боқимонда назар карда тавонистанд. Моҳияти иҷтимоии ҳамбастагии ду миллати бо ҳам дӯсту бародарро аз сари нав эҳё карда, барои ба нафъи минбаъдаи ҳамдигарӣ ривоҷ додан пешниҳод намуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз зумраи Сарвароне мебошанд, ки муносибатҳои неку судманди ҳамсоягиро яке аз муҳимтарин ва асоситарин афзалиятҳои фаъолияти худ арзёбӣ кардаанд.
«Минтақаи дигаре, ки мо ба он талаллуқ ва ҳамкорӣ дорем, Осиёи Марказӣ мебошад, ки аз лиҳози ҳар гуна қаробат ба мо наздиктарин аст. Мардумони ҳамаи кишварҳои моро умумиятҳои зиёди гуногун, аз қабили таърихи муштарак, зиндагии монанд, анъанаҳои таърихиву фарҳангу омилҳои мухталифи иҷтимоиву инсонӣ ба ҳам меоранд… Ҳама нияту ҳадафҳои мо на танҳо ба нафъи кишвари худамон, балки ба манфиати ҳамаи ҳамсоягон.. мебошанд»,– чунин таъкид доштанд дар Паёми соли 2012 Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Сарвари давлат ба хубӣ дарк менамоянд, ки анъанаи неки ҳамсоягӣ на танҳо барои ду ҳамсоядавлат, балки барои дигар давлатҳои минтақа ва дар маҷмӯъ, барои тамоми минтақа низ муфид буда, самараи он тинҷиву оромӣ дар минтақа, пешрафту шукуфоии давлатҳо ва некӯаҳволии халқҳо мебошад.
Пешвои миллати тоҷикон борҳо зикр карданд, ки «Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳояшро бо кишварҳои ҳамсояи Осиёи Марказӣ–Ӯзбекистон, Қазоқистон, Туркманистон ва Қирғизистон ҳамеша дар асоси дӯстӣ, эҳтирому эътимоди тарафайн, хайрхоҳӣ ва ҳамкории судманду созанда пеш хоҳад бурд. Мо минбаъд низ ба анъанаҳои деринаву созандаи ҳамзистии дӯстонаи мардумони Осиёи Марказӣ содиқ мемонем». Чунин дурандешӣ, хирадмандии сиёсӣ ва таҳаммули Сарвари давлат сол то сол натиҷаи тиллоӣ ба бор оварда истодааст.
Ҳамин тариқ, Паём бо диди масъалаҳо, таҳлил ва тартиби гузориш, таҳлилу пешгӯиҳои рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат барнома ё дурнамои мукаммали фаъолияти давлатиро дар давраи кӯтоҳмуддат ва оянда мемонад ва он бо дарназардошти муайян кардани самтҳои фаъолияти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат, азму талош барои муҳайё сохтани шароити зиндагии шоиста ба ҳар як сокини мамлакат, ҳалли саривақтии масъалаҳои вобаста ба таъмини нишондиҳандаҳои дурнамо ва таъкиди афзалиятҳо барои давраи миёнамуҳлат ирсол гардид.
Гузариши иқтисодиёти кишвар аз шакли аграрӣ–индустриалӣ ба индустриалӣ–аграрӣ, то соли 2030 афзоиш додани ҳиссаи соҳаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ то ба 22 фоиз, эълон кардани саноатикунонии босуръати кишвар ба сифати ҳадафи чоруми миллӣ, «300 рӯзи ислоҳот оид ба дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ», эълон кардани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» аз зумраи ҳадаф ва самтҳои асосии марҳалаи имрӯзу фардои рушди давлатдорӣ ва иқтисоди миллӣ мебошанд, ки дар Паёми навбатӣ низ амиқ муайян гардидаанд. Онҳо сарчашмаи фаъолияти мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, шахсони мансабдор ва хизматчиёни давлатӣ, ташкилоту муассиса, корхонаҳо ва соҳибкорони баномуси мамлакатро ташкил медиҳанд.
Ҳақ ба ҷониби Пешвои миллат мебошад, ки пайваста таъкид менамоянд, ки «мо бояд аз истиқлолияту озодӣ ва соҳибватаниву соҳибдавлатӣ шукрона кунем, шукронаи Ватани соҳибихтиёру маҳбубамонро ба ҷо орем, онро сидқан дӯст дорем, ба давлати соҳибистиқлоламон содиқ бошем, ҳамаи саъю талоши худро ба хотири пешрафтаву неруманд гардонидани он ва дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистони азизамон равона кунем».
Аз ин рӯ, муттаҳидӣ дар атрофи Пешвои миллат ва фаҳмиши баланди давлату давлатдорӣ, ватану ватандорӣ, дарк ва ҳифз кардани манфиатҳои миллӣ ҳалли масъалаҳои дар назди давлату миллат гузоштаро осон мегардонад ва рушди иқтисодиву иҷтимоии имрӯзаи Тоҷикистон натиҷаи суботи бардавом ва устувори сиёсӣ аст.
Фазои тинҷию оромии мамлакат, ваҳдати саросарии миллӣ, ифтихор аз давлату давлатдорӣ ва ватандорӣ аст, ки моро қадам ба қадам ба сӯи музаффарият ва фатҳи қуллаҳои мурод пеш мебарад.