ФУТБОЛ: дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба тамрин оғоз намуд

Январь 4, 2019 08:45

ДУШАНБЕ, 04.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 дастаи  мунтахаби  то  23-солаи олимпии Тоҷикистон оид ба футбол дар шаҳри Душанбе ба машғулиятҳои машқию омӯзишӣ шурӯъ намуд. Дар ин бора ба мухбири   АМИТ «Ховар»  Меҳрони Қурбон аз  Кумитаи миллии олимпии  Тоҷикистон хабар доданд.

Зикр шуд, ки ба ҷамъомади машқӣ-омӯзишӣ сармураббии дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон  Усмон Тошев бозингаронеро даъват кардааст, ки дар ҳайати дастаи миллии кишвар дар бозӣ ба муқобили Уммон ва Баҳрайн набуданд. Футболбозоне, ки дар бозиҳои моҳи декабр маҳорати хуб нишон доданд, баъдтар ба машғулиятҳо ҳамроҳ мешаванд.

Аз натиҷаи машғулиятҳои машқӣ-омӯзишии Душанбе ҳайати даста ҷиҳати иштирок дар мусобиқаи байналмилалии «Чор миллат» дар Қатар интихоб мегардад.

Дар Доҳа дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон муқобили дастаҳои  мунтахаби  олимпии Эрон (15 январ), Қатар (18 январ) ва Кувайт (21 январ) бозӣ мекунад.

Иштирок дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қатар як марҳилаи омодагии дастаи олимпии кишвар ба марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 ба ҳисоб меравад. Дар мусобиқаи интихобӣ, ки 22-26 марти соли равон дар Тошканд ба нақша гирифта шудааст, дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «F» бозӣ мекунад.

Ёдовар мешавем, ки дар ин мусобиқа  ҳарифони дастаи  мунтахаби  Тоҷикистон  дастаҳои  мунтахаби  Ҳиндустон (22 март), Покистон (24 март) ва Ӯзбекистон (26 март) ҳастанд.

Дар асоси натиҷаи марҳилаи интихобӣ ғолибони 11 гурӯҳ, ҳамчунин 4 дастаи беҳтарини гурӯҳҳо, ки ҷои дуюмро ишғол кардаанд, ба марҳилаи финалии Чемпионати Осиё, ки 8-26 январи соли 2020 дар Тайиланд доир мегардад, роҳхат мегиранд. Агар мизбони чемпионат – дастаи мунтахаби Тайиланд дар гурӯҳ ҷои аввалро ишғол кунад, ё миёни 4 дастаи беҳтарин дар ҷои дуюми гурӯҳҳо бошад, пас дастаи панҷуми ҷои дуюми гурӯҳҳо, ки нишондиҳандаи хуб дорад, соҳиби роҳхат ба марҳилаи финалӣ мегардад.   Се дастаи беҳтарини Чемпионати Осиё-2020 ҳаққи иштирок дар Бозиҳои олимпии Токио-2020-ро пайдо мекунанд.

Ҳайати дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар ҷамъомади машқӣ-омӯзишии Душанбе чунин аст:

Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов («Истиқлол»), Фатҳулло Бобоев («Хатлон»);
Ҳимоятгарон: Шаҳром Сулаймонов («Истиқлол»), Алишер Холмуродов («Панҷшер»), Султоншо Мирзоев, Оятулло Сафаров, Маҳмадзарифи Абдураҳим, Ҳувайдои Гулмурод, Манучеҳр Сафаров (ҳама аз «Барқчӣ»), Алишер Баротов, Наимҷон Иброҳимзода («Хатлон»);
Нимҳимоятгарон: Мунир Давлатбеков, Сорбон Авғонов («Панҷшер»), Ҳоҷибой Зиёев («Хуҷанд»), Зиёвуддин Фузайлов, Абдулмумин Забиров, Саидмухтор Азимов, Далер Ёдгоров («Барқчӣ»), Отабек Каримов («Истаравшан»), Худойдод Узоқов («Хатлон»);
Ҳамлагарон: Амирҷон Сафаров («Регар-ТадАЗ»), Шаҳром Самиев («Сомон»), Тоҳир Малодӯстов («Барқчӣ»).

Январь 4, 2019 08:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд