Футбол. «Ҷоми рушд-2019»: Тоҷикистон –Белгия 1:1
ДУШАНБЕ, 23.01.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба футбол (U-17) дар даври дуюми мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми рушд-2019», ки дар Минск ҷараён дорад, бо дастаи наврасони Белгия қувва озмуда, натиҷаи мусовӣ 1:1-ро ба даст овард. Дар ин бора сомонаи расмии ФФТ хабар медиҳад.
Роҳбарияти дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон баъди бохт аз дастаи мунтахаби Беларус бо натиҷаи 5:0 ба хулоса омада, дар ҳайати даста якчанд тағйирот ворид кард. Дар натиҷа ба футболбозони мо муяссар шуд, ки дар муқобили дастаи мунтахаби Белгия аввалин шуда, дар дақиқаи 13-ум тавассути голи задаи Ислом Зоиров ба сафи пеш бароянд. То дақиқаи 56-уми вохӯрӣ ин натиҷа дар намолавҳаи варзишгоҳ боқӣ монад ва маҳз футболбози белгиягӣ Михез онро иваз кард-1:1.
Бозиро дар муқобили Белгия наврасони мо даҳ нафара анҷом доданд. Дар аввали нимаи дуюм Амадонӣ Камолов корти дуюми зардро гирифта, майдонро тарк кард. Акнун дар бозӣ бо дастаи мунтахаби Финландия (24 январ) ӯ иштирок карда наметавонад.
Тибқи низомномаи мусобиқа, дастаҳое, ки дар се гурӯҳ ҷои аввалро ишғол менамоянд, инчунин беҳтарин дастаи ҷои дуюми гурӯҳҳо барои ҷом мубориза мебаранд. Дастаҳои боқимонда барои муайян кардани нуфузи худ бо ҳам қувва меозмоянд
Ширкат варзидан дар мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми рушд-2019» барои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) яке аз марҳилаҳои омодагӣ ба чемпионати ҷаҳон-2019 ба ҳисоб меравад, ки 5-27 октябр дар Перу баргузор мегардад.
Мусобиқаи байналмилалӣ «Ҷоми рушд-2019» байни наврасон (U-17) дар Минск
Даври 1-ум
Гурӯҳи «А»
Беларус – ТОҶИКИСТОН – 5:0
Голҳо: Шаҳром Назаров, 11 – худгол (1:0). Адамчик, 29 (2:0). Плют, 35 (3:0). Шестюк, 56 (4:0). Шестюк, 73 (5:0).
Белгия – Финландия – 1:0
Гурӯҳи «В»
Исроил – Молдова – 1:2
Исландия – Гурҷистон – 0:3
Гурӯҳи «С»
Словакия – Литва – 2:0
Булғория – Украина – 1:0
Даври 2-юм
Гурӯҳи «А»
Белгия – ТОҶИКИСТОН – 1:1
Голҳо: Ислом Зоиров, 13 (0:1). Михез, 51 (1:1).
Финландия – Белорус – 1:0
Гурӯҳи «В»
Исландия – Молдова – 1:0
Гурҷистон – Исроил – 0:2
Гурӯҳи «С»
Булғория – Литва – 1:1
Украина – Словакия – 0:2
Бозиҳои оянда:
Даври 3-юм
24 январ (панҷшанбе)
12:00*. Литва – Украина
14:05. Словакия – Булғория
16:10. Молдова – Гурҷистон
18:15. ТОҶИКИСТОН – Финландия
20:20. Белорус – Белгия
22:25. Исроил – Исландия
Бозиҳои плей-офф
26 январ (шанбе)
12:00. Бозӣ барои ҷойҳои 9-12
14:05. Бозӣ барои ҷойҳои 9-12
16:10. Бозӣ барои ҷойҳои 5-8
18:15. Бозӣ барои ҷойҳои 5-8
20:20. Нимфинал
22:25. Нимфинал
Бозиҳои ҳалкунанда
28 январ (душанбе)
12:00. Бозӣ барои ҷои 11
14:10. Бозӣ барои ҷои 9
12:00. Бозӣ барои ҷои 7
14:10. Бозӣ барои ҷои 5
16:20. Бозӣ барои ҷои 3
18:40. Финал
20:30. Маросими пӯшидашавӣ
*Эзоҳ: оғози бозиҳо бо вақти Душанбе.









Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






