ФУТЗАЛ: ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона муайян гардид
ДУШАНБЕ, 07.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал барои бозиҳои дӯстона бо дастаи миллии Туркия муайян шуд. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.
Зикр шуд, ки бозиҳои мазкур 9-10 январ дар шаҳри Эрзинҷони Туркия баргузор мешаванд. Дар айни замон дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал зери роҳбарии сармураббӣ Ҳусейн Шодиев дар шаҳри Душанбе баҳри гузаронидани дидори дӯстона бо дастаи мунтахаби Туркия машқҳои таълимӣ – дастаҷамъиро ба роҳ мондаанд. Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 12 футзалбоз бо шумули 2 дарвозабон шомиланд.
Ёдовар мешавем, ки 6 январи соли 2019 дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба Истанбул ва дар идома ба шаҳри Эрзинҷон сафар намуд. Дар ин ҷо даста 9-10 январ бо дастаи мунтахаби Туркия ду дидори дӯстона анҷом медиҳад.
Бояд гуфт, ки дидорҳои мазкур барои футзалбозони мо баҳри омодагӣ ба марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё – 2020, ки мувофиқи нақшаи КФО аз 16 то 26 октябри соли 2019 сурат мегиранд, таҷрибаи хуб хоҳад буд.








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






