Хонандагони ҷамоати Лангари шоҳи ноҳияи Тоҷикобод сазовори Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ гардиданд

Январь 24, 2019 14:59

ТОҶИКОБОД, 24.01.2019 /АМИТ «Ховар»/.  Дар ноҳияи Тоҷикобод маросими ҷамъбасти мусобиқаи футбол барои дарёфти «Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ» баргузор гардид. Ин мусобиқа бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ, генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода роҳандозӣ гардида, дар он хонандагони синфҳои 11-и муассисаҳои таълимии ноҳия фаъолона иштирок намуданд. Дар даври ниҳоии бозӣ хонандагони муассисаи таълимии рақами 17-и Ҷамоати деҳоти Лангари шоҳ ғолиб омада, сазовори «Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ» гардиданд.

Мудири бахши ҷавонони ноҳия Муҳаммадҷон Шоев зимни натиҷагирии мусобиқаи футбол иброз дошт, ки  «роҳандозӣ намудани чунин мусобиқаҳо дар байни ҷавонону наврасон баҳри пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон, шомил нагардидан ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротию терористӣ ва баланд бардоштани рӯҳияи онҳо ба худшиносию ватандӯстӣ таъсири хуб мерасонад. Ҳамчунин мусобиқаҳои варзишӣ ба дӯстию ҳамбастагӣ дар байни сокинони маҳал боз ҳам таҳким мебахшанд».

Қобили зикр аст, ки бо ташаббуси мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Тоҷикобод ва мақомоти иҷроияи ноҳия дар байни ҷавонону наврасон мунтазам мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ ташкил намуда, ғолибонро бо туҳфаю ифтихорномаҳо қадрдонӣ менамоянд. Инчунин дар мавриди ба артиши миллӣ дохил шудани ҷавонон бо падару модарон  вохӯриҳо доир намуда, аҳамияти ҳифзи Ватанро  мефаҳмонанд.

Имрӯзҳо бо иштироки  кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия дар ҷамоатҳои деҳоти ноҳия барои сари вақт иҷро намудани нақшаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  вохӯриҳо баргузор гардида истодаанд.

Мавриди зикр аст, ки ноҳияи Тоҷикобод соли сеюм аст дар минтақаи Рашт аввалин шуда, нақшаи даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро иҷро менамояд.

Январь 24, 2019 14:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд