Медалҳои тиллои Чемпионати Тоҷикистон ба дастаи «Истиқлол» супорида шуданд

Январь 7, 2019 08:46

ДУШАНБЕ, 07.01.2018. /АМИТ «Ховар»/. Шоми дирӯз дар фазои тантанавӣ ба футболбозони Клуби футболи «Истиқлол»-и Душанбе Ҷоми чемпионӣ ва медалҳои тиллоии мавсими футболи соли 2018 супорида шуданд. Дар ин маросим намояндагони Кумитаи ҷавонон ва варзиш, Кумитаи олимпӣ, ФФТ ва рӯзноманигорону меҳмонон ширкат варзиданд.

Чемпиони Бозиҳои олимпӣ, муовини Раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши мамлакат Дилшод Назаров бо узви Кумитаи иҷроияи ФФТ Фатҳулло Ҷалилов  медалҳоро ба футболбозон тақдим намуданд.

Ёдрас мешавем, ки дастаи «Истиқлол»-и Душанбе маротибаи ҳафтум аст, ки унвони чемпионӣ ва Ҷоми  Тоҷикистонро ба даст меорад. Дастаи мазкур соҳиби Ҷоми олӣ ва Ҷоми ФФТ низ мебошад.

 

Январь 7, 2019 08:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад