Минбаъд кормандони объектҳои савдо ва хизматрасонии шаҳри Душанбе бо либоси ягона фаъолият мекунанд

Январь 26, 2019 09:30

ДУШАНБЕ, 26.01.2018. /АМИТ «Ховар»/. Минбаъд кормандони объектҳои савдо ва хизматрасонии ҳудуди шаҳри Душанбе бо либоси ягонаи махсуси корӣ фаъолияти хешро ба роҳ мемонанд. Дар ин бора дирӯз, 25 январ қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба имзо расид.

Тавре аз Раёсати  иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд,  иқдоми мазкур бо мақсади андешидани тадбирҳои амалӣ дар самти  баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ, қонеъ гардонидани талаботи истеъмолкунандагон ба иҷрои корҳо ва хизматрасонии маишӣ   дар ҳудуди шаҳри Душанбе роҳандозӣ мегардад.

Рустами Эмомалӣ масъулинро вазифадор намудааст  новобаста аз шакли моликият ва тобеъияти идоравӣ  ҷиҳати ҷорӣ намудани  либоси ягонаи махсуси корӣ ва риояи он дар муддати  1 моҳ тадбирҳо андешанд.

Ба иттилоъи манбаъ, қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шуд.

Январь 26, 2019 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Аммар»-ро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Дар шаҳри Душанбе Ниммарафони XVI байналмилалӣ баргузор мегардад
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд