МО – ЗИДДИ ДОПИНГ! Дар Душанбе барои мураббиёни варзиш машварати омӯзишӣ оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 08.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бо иқдоми Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар доираи Барномаи «Тибби варзишӣ ва муҳофизати варзишгарон» 7 январ дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати омӯзишӣ оғоз гардид.
Дар ин бора корманди Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод.
Зикр шуд, ки ба машварат мураббиёни федератсияҳо ва мактабҳои варзишии шаҳри Душанбе ҷалб гардидаанд. Бо сабаби он ки мураббиён варзишгаронро назорат намуда, ба онҳо машварат медиҳанд, огоҳ будани онҳо аз қоидаҳои мубориза бо допинг ба манфиат хоҳад буд.
Ба иштирокчиён мутахассисони соҳа дар мавзӯъҳои «Допинг чист?», «Санадҳои асосии танзимкунандаи фаъолиятҳои зидди допинг», «Таъсис ва вазифаҳои Агентии ҷаҳонии зидди допинг», «Чораҳои байналмилалии мубориза бо допинг дар варзиш», «Чораҳои мубориза бар зидди допинг дар сатҳи ҳукуматҳо», «Шиносоӣ бо рӯйхати доруҳои мамнуъ дар варзиш», «Тартиби гузаронидани ташхиси допинг», «Натиҷаҳои истифодаи допинг ва таъсири он ба мартаба ва ҳаёти шахсии варзишгар» ва ғайра давоми се рӯз маърӯза мехонанд.
Дар рӯзи аввал котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, раиси Ташкилоти миллии зидди допинги Тоҷикистон Муҳаммадшо Абдуллозода ва директори генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Эркин Латипов маърӯза карданд.
Зикр гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мубориза бо допинг дар варзиш тамоми тадбирҳоро меандешад. Аз ҷумла, дар шаҳри Душанбе Маркази тавонбахшии варзишгарон амал мекунад, ки мақоми ҷумҳуриявӣ дорад ва бо дастури Пешвои миллат, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муҳлати наздик аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо дастгоҳҳои техникии муосир муҷаҳҳаз хоҳад гашт.
Ёдовар мешавем, ки Агентии ҷаҳонии зидди допинг соли 1999 таъсис ёфтааст. Он дар тамоми ҷаҳон бар зидди истифодаи допинг аз ҷониби варзишгарон мубориза мебарад ва варзиши одилонаро таблиғ менамояд. Агентии ҷаҳонии зидди допинг ҳоло 5 озмоишгоҳи қитъавӣ дорад ва ҳар сол то 3500 нафар варзишгарро аз ташхис мегузаронад.
Бо нигаронӣ изҳор гардид, ки соли 2018 4 варзишгари мо (2 нафар аз намуди вазнбардорӣ, якнафарӣ аз намудҳои дзюдо ва самбо) барои истифодаи доруҳои мамнуъ аз ҷониби Агентии ҷаҳонии зидди допинг маҳкум ва аз 2 то 4 сол аз иштирок дар мусобиқаҳои варзишӣ маҳрум гардиданд. Барои мубориза бо ин амали нанговар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш тамоми тадбирҳоро меандешанд.
Бояд гуфт, ки чанде пеш дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон таҳти унвони «Мо-зидди допинг!» бо иштироки донишҷӯёни ин муассисаи таълимӣ машварат доир гардида буд ва чунин машғулиятҳо пайваста баргузор мешаванд.








Дар вилояти Хатлон беш аз 40 мактаби варзишӣ фаъолият дорад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Русия бозии дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ бо мунтахаби Чин оғоз намуд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Умон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд
«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Ҷудокорони тоҷик ҳангоми ба даст овардани медалҳои Бозиҳои Осиёӣ бо ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд
Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ-2026 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Озарбойҷон бозии дӯстона доир менамояд
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд
Се варзишгари Тоҷикистон ба финали мусобиқаи ММА дар Бозиҳои Осиёии Ҷопон роҳ ёфтанд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид






