Натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳри Душанбе дар соли 2018 ҷамъбаст ва вазифаҳо барои соли 2019 муайян гардиданд

Январь 15, 2019 16:45

ДУШАНБЕ. 15.01.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр дар соли 2018 ҷамъбаст ва вазифаҳо барои соли 2019 муайян гардиданд. 

Дар ин бора аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ доир ба фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар самти таъмини рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва амалӣ гардонидани дигаргунсозиҳо дар соҳаҳои инфрасохторию хизматрасонӣ, ободонию созандагӣ, инчунин дарёфти манбаъҳои иловагии даромад ба буҷет ҳисобот дод.

Зикр шуд, ки соли 2018 Маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ ба беш аз 13,8  миллиард сомонӣ баробар гардида, суръати афзоиши он нисбат ба соли 2017  7,3 фоиз ва саҳми он дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 20,1 фоизро ташкил дод. Суръати афзоиши Маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,1 банди фоизӣ зиёд гардид.

Рушди маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 118, гардиши савдо 120, мусофиркашонӣ 105, боркашонӣ 107 ва хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ 104 фоиз таъмин гардид.

Рустами Эмомалӣ гуфт: «Истифодаи самараноки иқтидорҳои нав ва истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва воридотивазкунанда имконият фароҳам овард, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ   18.3 фоиз афзоиш ёфта, ба 2,2 миллиард сомонӣ (2194,6 миллион сомонӣ) баробар шавад».

«Раиси шаҳри Душанбе ҷиҳати афзун гардонидани истеҳсоли маҳсулот дар корхонаҳои саноатии шаҳр дастуру сопоришҳои мушаххас дод»,-илова намуд манбаъ.

Гуфта шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ дар пойтахт 22 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ ба фаъолият оғоз намуда, аз ҳисоби ба кор даровардани иншоот ва баланд бардоштани иқтидорҳои истеҳсоливу хизматрасонии мавҷуда дар маҷмӯъ  27 ҳазор ҷойҳои корӣ таъсис ва барқарор карда шуданд.

Шумораи умумии субъектҳои хоҷагидор дар давраи ҳисоботӣ ба 42 ҳазору 331 адад расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 826 адад зиёд мебошад.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷамъомад муовини якум ва муовинони Раис, раисони ноҳияҳои шаҳр, роҳбарони сохторҳои тобеи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи пойтахт доир ба натиҷаҳои фаъолияти худ дар соли сипаригардида ҳисобот манзур намуданд.

Зимни таҳлили натиҷаҳои рушди соҳаи маорифи пойтахт Раиси шаҳри Душанбе зикр намуд, ки дар маҷмӯъ соли 2018 сохтмон, таъмир ва навсозии 41 иншоот барои 25,3 ҳазор ҷойи нишаст амалӣ гардида, сохтмон ва навсозии 16 муассисаи таълимӣ барои 12 ҳазору 508 ҷойи нишаст идома дорад.

Зикр гардид, ки бо вуҷуди фароҳам овардани шароити мусоид ва таваҷҷуҳу дастгириҳои роҳбарияти олии мамлакат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар соҳаи маорифи пойтахт ҳанӯз ҳам нуқсону камбудиҳо ҷой доранд, ки бояд дар кӯтоҳтарин муддат ислоҳ ва роҳи ҳалли худро пайдо кунанд.

Аз ҷумла, Раиси шаҳр ба масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва сохторҳои дахлдори пойтахт дастур дод, ки ҷиҳати бартараф намудани мушкилоти соҳа, аз қабили пешгирии ҷинояткорӣ миёни хонандагони муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сатҳи касбияти омӯзгорон, роҳ надодан ба қабули нафарони ғайриихтисос дар соҳаи маориф, пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ, баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия ва назорати ба таҳсилот ҷалб гардидани хонандагони ҳудуди шаҳри Душанбе дар муассисаҳои таълимии пойтахт тадбирҳои ҷиддӣ амалӣ карда шаванд.

Раиси шаҳр ҳамчунин аз нуқсону камбудиҳо дар сохторҳои соҳаи тандурустии шаҳр, таъмини хизматрасониҳои босифати соҳа, такмили сатҳи касбияти кормандони соҳаи тандурустӣ, назорати ҳолати санитарӣ дар муассисаҳои иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ, тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ ёдовар шуда, ба масъулини дахлдор ҷиҳати сари вақт бартараф намудани норасоиҳо супоришҳои мушаххас доданд.

Ҷиҳати ба талаботи шаҳрсозӣ мутобиқ намудани инфрасохтори шаҳр дар давраи соли 2018 аз ҷониби муассисаву сохторҳои тобеъи пойтахт дар 24 иншоот, аз ҷумла дар 19 иншооти роҳсозӣ бо дарозии 32,5 километр, дар 4 иншооти ирригатсионӣ бо дарозии 5,5 километр ва иҷрои  кашидани хатҳои уфуқӣ дар хиёбону кӯчаҳо ба 242 миллион сомонӣ баробар гардидааст.

Қисми даромади буҷети шаҳри Душанбе аз рӯи воридоти андозу пардохтҳои ҳатмӣ 100,0 фоиз иҷро гардида, ба буҷет зиёда аз 1,6 миллиард сомонӣ маблағ ворид шуд, ки ин аз нақшаи пешбинигардида зиёд аст.

Аз мавзӯоти дигаре, ки аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе ба таври амиқ таҳлилу баррасӣ гардид, рушди соҳаи сайёҳӣ ва вусъати корҳои ободонию созандагӣ дар шаҳр ба шумор меравад. Дар доираи эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва бо мақсади боз ҳам ободу зебо гардонидани пойтахт соли сипаришуда 102 адад майдончаи варзишӣ ва 11 адад боғу гулгаштҳои нав бунёд гардида, зиёда аз 200 бино пурра рангубор ва таҷдид гардиданд.

Раиси шаҳр иттилоъ дод, ки дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва дар ин замина ривоҷ додани корҳои ободониву созандагӣ дар пойтахти мамлакат давоми 3 соли оянда бунёди иншоот, аз ҷумла 22 адад муассисаҳои таълимӣ бо 30 ҳазор ҷойи нишаст, 74 адад коргоҳу корхонаҳои саноатӣ бо таъсиси беш аз 6 ҳазор ҷойҳои нави корӣ, 24 адад сартарошхона ва кошонаи ҳусн, 133 адад биноҳои баландошёна ва таҷдиду рангубори 121 хобгоҳ ва 2224 бино пешбинӣ шудааст.

Дар ин робита муовинони Раиси шаҳр, раисони ноҳияҳо ва сохторҳои дахлдори пойтахт вазифадор гардиданд, ки сифати корҳои сохтмонӣ ва ба талаботи меъморӣ ва шаҳрсозӣ мутобиқ бунёд гардидани иншооти бунёдшавандаи шаҳр таҳти назорати ҷиддӣ қарор дода шавад.

Раиси шаҳр ҳамчунин масъалаҳои вобаста ба баланд бардоштани истеҳсолот ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ, рушди маънавиёт ва ташаккули ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ, тарбияи ахлоқии ҷомеа мутобиқ ба арзишҳои фарҳангии миллию умумибашарӣ, таъмини волоияти қонун ва пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ, таъмини пардохти пурраи андозҳо, ҷустуҷӯи сарчашмаҳои нави андоз, таъмин намудани аҳолӣ бо барқ ва ҷамъоварии маблағи истифодаи неруи барқ, тақвияти корҳои ободониву созандагӣ, рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, таблиғу ташвиқи одоби шаҳрнишинӣ миёни сокинон, пешгирии бемориҳои сироятӣ, назорати фаъолияти фармасевтӣ ва пешгирии воридот ва фурӯши доруҳои пастсифат, захираи кофии маҳсулоти озуқаворӣ, истифодаи мақсадноки заминҳои кишоварзии ҳудуди пойтахт ва дигар масъалаҳои муҳим диққати ҷиддӣ дода, дар назди масъулини соҳаҳои дахлдор вазифаҳои мушаххас гузоштанд.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тартиботи пойтахт вазифадор гардиданд, ки баҳри таъмини волоияти қонун ва амният, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон, пешигирии ҷинояту ҷинояткорӣ тадбирҳои бетаъхир андешанд.

Раиси шаҳр масъулин, раисони ноҳияҳои пойтахт, роҳбарони сохторҳои дахлдор ва марбутаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрро муваззаф сохтанд, ки бо дарназардошти баргузории чорабиниҳои сатҳи байналмилаливу ҷаҳонӣ бо иштироки роҳбарони беш аз 27 кишвари олам соли 2019 дар шаҳри Душанбе корҳои ободониву созандагиро вусъати тоза бахшанд.

Пас аз муҳокимаи ҳамаҷониба оид ба натиҷаҳои фаъолияти сохторҳои шаҳр дар соли 2018 қарори дахлдор қабул гардида, вазифаҳо барои давраи минбаъда муайян карда шуданд.

 

Январь 15, 2019 16:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал оғоз ёфтанд
Дар иҷлосияи бисту якуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе лоиҳаи буҷети пойтахт барои соли 2025 баррасӣ мешавад
«БОНУИ ҲУНАР». Дар Душанбе 30 нафар занону духтарон даври омӯзишии дӯзандагӣ ва қаннодиро хатм намуданд
Ҳайати меъморон ва сохтмончиёни вилояти Фарғонаи Узбекистон барои омӯзиши таҷрибаи шаҳрсозӣ ба Душанбе омад
Иҷлосияи бисту якуми маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум баргузор мегардад
Кормандони Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Шоҳмансур дар рӯзҳои сарди зимистон шабонарӯзӣ фаъолият менамоянд
Кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин менамоянд
Озмуни «Беҳтарин маводи телевизионӣ, матбуотӣ ва радиоӣ дар бораи шаҳри Душанбе» ҷамъбаст гардид
Иҷлосияи ғайринавбатии бистуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум баргузор гардид
ДУШАНБЕ – ШАҲРЕ, КИ ҲАР РӮЗУ СОАТ ЗЕБОТАРУ ДИЛРАБОТАР МЕШАВАД. Дар пойтахт бунёди 9 роҳи дусатҳаи дигар ба нақша гирифта шудааст
Доир ба нақши Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими давлатдории навини тоҷикон конференсия баргузор гардид
Иҷлосияи ғайринавбатии бистуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум баргузор мегардад