ОФАРИН! Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон мусобиқаи «Чор миллат»-ро бо ғалаба оғоз кард

Январь 16, 2019 09:48

ДУШАНБЕ, 16.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. Шоми  дирӯз  дастаи мунтахаби то  23-солаи олимпии Тоҷикистон   дар аввалин бозиаш дар Мусобиқаи байналмилалии «Чор миллат», ки  дар шаҳри Доҳаи  Қатар доир гардид, бар дастаи мунтахаби Эрон  бо ҳисоби   2:1  ғолиб омад.  Дар ин бора корманди  Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ САФАРАЛӢ  ба мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони ҚУРБОН хабар дод.

Зикр шуд, ки ин бозии хеле ҷолиб  дар майдони футболи Академияи «Aspire» баргузор шуд. Ҳисобро дар дақиқаи 4-ум ҳамлагари  дастаи  мунтахаби  Эрон Воҳид Номдорӣ кушод. Дар охири нимаи аввали бозӣ капитани  дастаи футболи мунтахаби  Тоҷикистон Эҳсони Панҷшанбе, ки беҳтарин бозингари соли 2018 дониста шуда буд, хатои ҳимоятгари дастаи Эронро пай бурда, ҳисобро баробар кард. Дар оғози нимаи дуюм, дақиқаи 50-ум, ҳамлагари дастаи  футболи «Истиқлол»-и Душанбе Шериддин Бобоев бо дарвозабони дастаи ҳариф як ба як баромада, тӯбро тавассути кунҷи дарвоза вориди он  намуд. Дар дақиқаҳои боқимонда бозингарони эронӣ барои наҷот додани дастаашон кӯшиш намуданд, вале футболбозони мо хати ҳимояро пурзӯр карда, ғалабаи  Тоҷикистонро бо ҳисоби  2:1 таъмин карданд.

Дар бозии дигари даври аввали мусобиқа дастаи  мунтахаби олимпии Қатар бар  дастаи  мунтахаби  Кувайт бо ҳисоби 3:1 ғалаба кард.

Ёдовар  мешавем, ки бозиҳои даври дуюми мусобиқаи «Чор миллат» дар шаҳри Доҳаи Қатар 18 январ доир мегарданд. Ин бор  дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон муқобили дастаи мизбон – Қатар вориди майдон мешавад. Оғози бозӣ – соати 21:30 бо вақти Душанбе мебошад.

Сармураббии  дастаи  мунтахаби олимпии Тоҷикистон   Усмон Тошев баъд аз бозӣ андешаҳояшро чунин баён кард:

«Оғози мусобиқа бо ғалаба аз нигоҳи психологӣ бисёр хуб аст. Бачаҳо эҳсос карданд, ки метавонанд бозӣ кунанд ва ғолиб оянд. Вале хато бисёр аст. Ба ҳар сурат ҳаяҷонро дар бозии аввал як тараф гузошта, бозӣ кардан ва се хол ба даст овардан зарур буд. Бачаҳо кӯшиш карданд, ман аз бозиашон дар майдон ва худфидоияшон розиам. Бозӣ бисёр ҷолиб буд. Бачаҳо тавонистанд худро нишон диҳанд ва ду гол заданд. Ин аз ҷиҳати психологӣ муҳим аст, аз ин рӯ оянда кор мекунем. Бозии мо аз бозии идеалӣ бисёр дур аст, бинобар ин тамрин ва рушд кардан щарур аст. Аз ҳама муҳим — бо тамоми қувва ба марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020, ки 22-26 март дар  шаҳри Тошканди  Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор мешавад, омодагӣ дидан зарур аст».

Январь 16, 2019 09:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд