Ғолибони мусобиқаи Ҷоми «Пайравони Пешвои миллат» маълум гардиданд
ДУШАНБЕ, 16.01.2019/АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Муассисаи ҷумҳуриявии захираҳои олимпӣ бозии финалӣ барои дарёфти Ҷоми «Пайравони Пешвои миллат» оид ба футболи хурд баргузор гардид.
Дар ин бора корманди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримҷон Салимзода ба мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.
Зикр шуд, ки дар бозии финалӣ дастаи «Пайравони Пешвои миллат» бо дастаи Лоиҳаи «City card» вориди рақобат гардида, бозии ҷолиб нишон доданд. Дар даври финалии мусобиқаи варзишӣ барои дарёфти Ҷоми «Пайравони Пешвои миллат» дастаи «Пайравони Пешвои миллат» бо ҳисоби 2:1 дастаи Лоиҳаи «City card»- ро мағлуб намуда, ғолиби мусобиқа ва сазовори Ҷом гардиданд. Дар ин мусобиқаи варзишӣ дастаи КВД «Маркази ҷавонони шаҳри Душанбе» ҷои сеюмро ба даст овард..
Ёдовар бояд шуд, ки бо ташаббуси Маҳфили «Пайравони Пешвои миллат»- и Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон мусобиқаи варзишӣ оид ба намудҳои тенниси рӯи миз, шоҳмот ва футболи хурд миёни волонтёрони ташкилотҳои системаи Кумита дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Дар ин мусобиқа 8 даста аз 11 то 16 январи соли 2018 миёни ҳам рақобат намуда, беҳтаринҳо ҷойҳои ифтихориро касб намуданд. Дар мусобиқаи мазкур Муқим Баротов «Беҳтарин дарвозабон», Меҳроб Қурбонов «Беҳтарин ҳамлагар» ва Комрон Раҳимов «Беҳтарин бозингар» дониста шуданд.
Дар мусобиқаи тенниси рӯи миз Исмоил Азизов ва Азиза Қараева сазовори ҷои сеюм, Умаршо Раҷабов сазовори ҷои дуюм ва Амирҷон Муродов сазовори ҷои аввал гардиданд. Дар мусобиқаи шоҳмот Марям Илҳомзода сазовори ҷои аввал, Зинҳор Насриддинзода сазовори ҷойи дуюм ва Меҳрона Ниёзова, Баширхон Иззатзода сазовори ҷойи сеюм гардиданд.
Дар маросими ҷоизасупорӣ Раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода ширкат намуд.








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






