Ғолибони мусобиқаи Тел-Авиви Исроил -2019 муайян шуданд

Январь 28, 2019 16:00

ДУШАНБЕ, 28.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Тел-Авиви  Исроил аввалин мусобиқаи байналмилалии Гран-прии дзюдои имсола баргузор гардид, ки бо пирӯзии мизбонон ба поён расид.

Дар ин бора ба мухбири   АМИТ «Ховар»  шореҳи варзиш Муродалӣ Тешаев хабар дод.

Зикр шуд, ки дар Гран-прии Тел-Авив 373 нафар гӯштингирон (214 мард ва 159 зан) аз 53 кишвари дунё ширкат доштанд. Баъди натиҷагирии се рӯзи мусобиқа дар ҳисоби умумидастаӣ дастаи мунтахаби Исроил бо касби чор медали тилло, ду нуқра ва як биринҷӣ дар ҷойгоҳи аввал қарор гирифт. Дастаи мунтахаби Италия бо касби ду медали тилло, се нуқра ва як биринҷӣ ҷойгоҳи дуюм ва дастаи мунтахаби Франсия бо касби ду медали тилло ва як биринҷӣ ҷойгоҳи сеюмро ишғол намуданд.

Дар мусобиқаи байналмилалии Гран-прии дзюдо дар Тел-Авив Тоҷикистонро се варзишгар — Беҳрӯзи Хоҷазода, Хайёмиддин Ҷабборов ва Акмал Муродов дар сабқати мардон намояндагӣ карданд. Беҳрӯз дар рақобатҳо дар вазни то  73 кило дар ҷойгоҳи панҷум қарор гирифт. Ӯ пас аз се пирӯзӣ бар рақибонаш аз Швейтсария, Арманистон ва Исроил ба нимфинал баромад. Вале дар даври нимниҳоӣ аз варзишгари Беларус Вадзим Шока мағлуб гашт.

Сипас ӯ қувваозмоиро барои медали биринҷӣ ба Артём Хомулаи украинӣ бохт. Ҳамин тариқ, дастаи  мунтахаби Тоҷикистон бо як ҷойи панҷум ҳамроҳ бо дастаи мунтахаби Дания дар байни 53 кишвар дар ҷойгоҳи 26-ум қарор гирифт.

Ғолибону ҷоизадорони Гран-прии дзюдо, Тел-Авив (Исроил), 24-26  январ

60 кг

  1. ВЕРСТРАЕТЕН Ҷорр (Белгия)
    2. ҶАКАДОЕА Торник (Нидерланд)
    3. ОГУЗОВ Алберт (Россия
    3. РЕВОЛ Седрич (Фаронса)

    66 кг

  2. ЛОМБАРДО Мануэл (Италия)
    2. ЯДОВ Богдан (Украина)
    3. ГАИТЕРО МАРТИН Алберто (Испания)
    3. ХАМЕТОВ Ислом (Россия)

    73 кг

  3. ШОКА Вадзим ( Беларус)
    2. ЕСПОСИТО Ҷиованни (Италия)
    3. БУТБУЛ Тоҳар (Исроил)
    3. ХОМУЛА Артём (Украина)

    81 кг

  4. МУКИ Саги (Исроил)
    2. ИВАНОВ Ивайло (Булғористон)
    3. ЧОУЧИ Сами (Белгия)
    3. ПАРЛАТИ Кристиан (Италия)

    90 кг

  5. КЛЕРГЕТ Аксел (Фаронса)
  6. МУНГАЛ Николас (Италия)
    3. МЕҲДИЕВ Маммадалӣ (Озарбойҷон)
    3. СМИНК Ҷеспер (Нидерланд)

    100 кг

  7. ИДДИР Александр (Фаронса)
    2. ФЛЕТЧЕР Бенҷамин (Ирландия)
    3. МИНАСКИН Григори (Эстония)
    3. ОЗСИСЕК-ТАКАГИ Кайҳан (Австралия)

    +100 кг

  8. САССОН Ор (Исроил)
    2. ХАММО Якив (Украина)
    3. КРИВОБОКОВ Антон (Россия)
    3. ВАХАВЯК Александр (Беларус)
Январь 28, 2019 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод