«Ҷоми рушд-2019»: Тоҷикистон –Финляндия — 2:0

Январь 25, 2019 09:05

ДУШАНБЕ, 25.01.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба футбол (U-17) дар даври охири мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми рушд-2019», ки дар Минск идома дорад, бо дастаи наврасони Финляндия қувва озмуда, бо ҳисоби 2:0  ғалаба ба даст овард.

Аз оғоз то анҷоми вохӯрӣ футболбозони тоҷик  аз ҳарифи аврупоии худ беҳтар буданд ва аллакай дар дақиқаи 2-юм ба Ислом Зоиров муваффақ шуд, ки ҳисобро кушояд. Баъдан дар нимаи дуввум Рустам Соиров (48) дарвозабони дастаи мунтахаби Финляндияро маҷбур кард, ки бори дигар тӯбро аз дарвоза берун орад. Ин голи охирин дар ҷараёни бозӣ  буд. Аз тарафи дигар, дарвозабони дастаи мунтахаби Тоҷикистон Мӯҳриддин Ҳасанов ҳам хеле олӣ ҳунарнамоӣ карда, нагузошт, ки ҳамлагарони фин хати дарвозаашро рахна кунанд.

Аз ин пештар дастаи мунтахаби Тоҷикистон бозиҳои худро дар баробари дастаи мунтахаби Беларус бо натиҷаи 0:5  ва Белгия 1:1 ҷамъбаст карда буд.

Дар вохӯрии дигари гурӯҳи «А»  дастаи мунтахаби Беларус бар Белгия бо ҳисоби 3:1 пирӯз гардид.

Дар натиҷа дар гурӯҳи «А» дастаи мунтахаби Беларус бо касби 6 имтиёз садрнишин шуд. Дастаҳои мунтахаби Белгия ва Тоҷикистон бо 4-холӣ ҷойҳои дуюм ва сеюм, финҳо бо 3 имтиёз зинаи чорумро ишғол карданд.

Аз рӯи низомномаи мусобиқа, дастаҳое, ки дар се гурӯҳ ҷои аввалро соҳиб шуданд, инчунин беҳтарин дастаи ҷои дуюми гурӯҳҳо муборизаро барои ҷом идома медиҳанд. Ду дастаи мақоми дуюм дар гурӯҳҳо ва ду дастаи беҳтарини мақоми сеюм муборизаро барои зинаҳои 5-8-ум, дастаҳои боқимонда барои ҷойҳои 9-12-ум бо ҳам рақобат мекунанд.

Ширкат варзидан дар мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми рушд-2019» барои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) яке аз марҳилаҳои  омодагӣ ба Чемпионати ҷаҳон-2019 ба ҳисоб меравад, ки аз 5 то 27 октябр дар Перу баргузор мегардад.

Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми рушд-2019» байни наврасон (U-17) дар Минск

Даври 1-ум
Гурӯҳи «А»

Беларус – ТОҶИКИСТОН – 5:0
Голҳо: Шаҳром Назаров, 11 – худгол (1:0). Адамчик, 29 (2:0). Плют, 35 (3:0). Шестюк, 56 (4:0). Шестюк, 73 (5:0).

Белгия – Финландия – 1:0

Даври 2-юм

Гурӯҳи «А»
Белгия – ТОҶИКИСТОН – 1:1
Голҳо: Ислом Зоиров, 13 (0:1). Михез, 51 (1:1).

Финландия – Беларус – 1:0

Даври сеюм

Тоҷикистон – Финляндия – 2:0

Голҳо: Ислом Зоиров, 2 (1:0). Рустам Соиров, 48 (2:0).

Тоҷикистон: Мӯҳриддин Ҳасанов, Шаҳром Назаров, Шоҳрух Сангов, Ҷонибек Шарифов (Парвиз Хоҷиев, 72), Исроил Холов (Асадбек Зиёзода, 77), Озодбек Панҷиев (Суннатулло Исмоилов, 80+1), Азизбек Ҳасанов (Меҳробҷон Азимов, 72), Шарифбек Раҳматов, Эмомалӣ Аҳмадхон, Ислом Зоиров, Рустам Соиров.

Беларус – Белгия – 3:1

Гурӯҳи «В»
Даври 1

Исроил – Молдова – 1:2
Исландия – Гурҷистон – 0:3
Даври 2

Исландия – Молдова – 1:0
Гурҷистон – Исроил – 0:2
Даври 3

Молдова – Гурҷистон – 0:2

Исроил – Исландия – 1:1

Гурӯҳи «С»
Даври 1

Словакия – Литва – 2:0
Булғория – Украина – 1:0

Даври 2

Булғория – Литва – 1:1

Украина – Словакия – 0:2

Даври 3

Литва – Украина – 1:1

Словакия – Булғория – 4:0

Январь 25, 2019 09:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бадахшон лигаи волейбол байни мардон оғоз гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар бозии дӯстона тими миллии Ҳиндустонро мағлуб кард
Варзишгар аз Тоҷикистон Абдулмаҷид Кудиев дар Узбекистон медали тиллоро сазовор шуд
ФУТБОЛ. Дастаи олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Чин бозиҳои дӯстона баргузор мекунад
Ғолибони Чемпионати Осиё оид ба бокс қадрдонӣ карда шуданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои бозиҳои дӯстона бо тими мунтахаби Ҳиндустон муайян гардид
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими мунтахаби Ҳиндустон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар Ёвон гулгашти фарҳангию фароғатӣ бо муҷассамаи «Рамзи футбол» ба истифода дода шуд
Дар деҳаи ба номи Иброҳим Бозорови шаҳри Турсунзода бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол майдони варзишии «Ҳумо Арена» ифтитоҳ ёфт
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол Фестивали бошукуҳи футбол баргузор гардид
Дар Душанбе Варзишгоҳи миллӣ ба истифода дода мешавад
Хислатҳои неки роҳбарии Рустами Эмомалӣ -ҳадафмандӣ, таваҷҷуҳ ба таҷрибаҳои беназир, эҳтиром ба одамон ва муоширати сатҳи баланд