«Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ» насиби сарбозони қисми низомии 3503 дар Бадахшон гардид

Январь 3, 2019 15:50

ХОРУҒ, 03.01. 2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар қисми низомии 3503-и қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон маросими ҷамъбасти мусобиқаҳои варзишӣ барои дарёфти «Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ» баргузор гардид. Ин мусобиқа бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ, генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода роҳандозӣ гардид. Дар он зиёда аз 100 нафар кормандони мақомоти интизомию низомӣ байни худ аз намудҳои   волейбол, шоҳмот, шашка, тенниси рӯи миз,  дастхобонӣ ва дигар навъҳои варзиш рақобат намуданд.

Фармондеҳи Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД, полковники милитсия Суҳроб Рауфзода зимни натиҷагирӣ аз мусобиқа изҳор дошт, ки  «»ҳаёти ҳар як корманди ниҳодҳои низомиро бе варзиш тасаввур кардан ғайриимкон аст. Ақли солим дар тани солим аст. Ҳар қадар инсон аз ҷиҳати ҷисмонӣ неруманд бошад, ҳамон қадар ботамкину ботаҳаммул буда, нисбат ба атрофиён назари некбинона дорад. Маҳз ҳамин омилҳои судманди варзишро ба инобат гирифта, бо дастури Вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Рамазон Раҳимзода барои ҷалби ҳарчӣ бештари  кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба варзиш пайваста мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ роҳандозӣ мегарданд. Ин мусобиқаҳо ҳамчунин риштаи дӯстию ҳамбастагии сохторҳои қудратию низомӣ ва сокинони маҳаллиро боз ҳам таҳким мебахшанд. Зеро дар баъзе мусобиқаҳо наврасону ҷавонони шаҳри Хоруғ низ ширкат меварзанд».

Дар ин мусобиқаҳо дастаи мунтахаби қисми низомии 3503-и қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ дар ВМКБ мақоми аввал ва дастаи Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонӣ мақоми дуюмро ишғол намуданд. Ғолибони мусобиқаҳои варзишӣ бо Ифтихорномаву Сипоснома, маблағҳои пулӣ ва «Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ» қадрдонӣ карда шуданд.

Қобили зикр аст, ки бо мақсади мустаҳкам намудани робитаи дӯстӣ миёни ҷавонон ва қишрҳои гуногуни ҷомеа ҳамасола дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаҳои варзишӣ  барои дарёфти «Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ» баргузор мегарданд.

Январь 3, 2019 15:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд