Паҳлавонони шинохтаи тоҷик дар аввалин Мусобиқаи байналмилалии дзюдо дар соли 2019 иштирок мекунанд
ДУШАНБЕ, 23.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. 24-26 январ дар пойтахти Исроил – шаҳри Тел-Авив мусобиқаи Гран-При оид ба дзюдо баргузор мешавад, ки дар он варзишгарони тоҷик низ иштирок мекунанд.
Дар ин бора корманди Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод. Зикр шуд, ки Гран-Прии Тел-Авив аввалин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба дзюдо дар соли 2019 мебошад. Дар мусобиқаи мазкур 405 нафар варзишгар (230 мард, 177 зан) аз 54 кишвари дунё иштирок мекунанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 4 варзишгари шинохта- Беҳрӯз Хоҷазода, Хайёмиддин Ҷабборов (ҳар ду вазни -73кг), Акмал Муродов (-81кг) ва Саидҷалол Саидов (-100кг) намояндагӣ мекунанд.
Фардо, 24 январ қувваозмоиҳо дар вазнҳои -60кг, -66кг миёни мардон, -48кг, -52кг, -57кг миёни бонувон доир мегарданд. 25 январ варзишгарони вазнашон -73кг, -81кг миёни мардон, -63кг, -70кг миёни бонувон рӯи гилем мебароянд. Дар рӯзи сеюми мусобиқа қувваозмоиҳо дар вазнҳои -90кг, -100кг, +100кг миёни мардон, -78кг, +78кг миёни бонувон баргузор мешаванд.
Бояд зикр кард, ки ғолибону ҷоизадорони мусобиқа дар баробари медал соҳиби мукофотпулӣ мешаванд. Барои ҷои аввал дар ҳамаи вазнҳо 3000 доллари ИМА, барои ҷои дуюм 2000 доллар ва барои ҷойҳои сеюм 1000 доллари ИМА пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин варзишгарон соҳиби холҳои олимпӣ мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки дар раддабандии олимпӣ Акмал Муродов дар ҷои 53-и вазни -81кг, Саидҷалол Саидов низ дар ҷои 53-и вазни -100кг, Беҳрӯз Хоҷазода дар ҷои 56 ва Хайёмиддин Ҷабборов дар ҷои 99-и вазни -73кг мавқеъ доранд.








Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд






