Паёми Пешвои миллат ба такмили қонунгузории мамлакат мусоидат менамояд

Январь 10, 2019 15:10

ДУШАНБЕ, 10.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳими сиёсӣ-ҳуқуқие мебошад, ки он дар ҳаёти давлатӣ-ҳуқуқии мамлакат ва рушди ҳамаи бахшҳои хоҷагии халқи кишвар нақши муҳим мебозад.

Дар ҳар як Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ ҷиҳати рушду инкишофи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи кишвар ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас ва мақсаднок дода мешаванд, ки дар асос ва баҳри иҷрои онҳо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз қабили қонунҳои конститутсионӣ, кодексҳо, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул карда мешаванд. Онҳо сабаби баланд гардидани шароити иқтисодӣ ва иҷтимоии аҳолии кишвар, таъмини адолати иҷтимоӣ, волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, рушди қонунгузорӣ, таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ, мудофиаи мамлакат, сиҳатии аҳолӣ гардида, дар маҷмӯъ ба рушди Тоҷикистон мусоидат менамоянд. 

Дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари дигар масъалаҳои муҳиму умдаи ҳаёти давлатии мамлакат, инчунин оид ба рушди соҳибкорӣ ва такмили қонунгузории соҳаи мазкур, сатҳу сифати қонунҳо ва такмилдиҳии чанде аз қонунгузории кишвар изҳор ақида намуданд. Минҷумла, Сарвари давлат дар Паём аз қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ» ва дигар масоили марбута ба дастгирӣ ва рушди соҳибкорӣ изҳори андеша намуда, тазаккур доданд, ки «мо соли ҷорӣ бо мақсади бартараф намудани санҷишҳои беасосу такрорӣ ва фароҳам овардани фазои мусоид барои рушди соҳибкорӣ ба ҳама гуна санҷишҳои фаъолияти соҳибкорони истеҳсолӣ дар давоми ду сол мораторий эълон намудем, ки аз он қариб 2000 субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ бархурдор гардиданд».

Аз ин лиҳоз, барои тақвият бахшидан ба ин раванд, Пешвои миллат зарур шумориданд, ки солҳои 2019-2020 тамоми санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ манъ карда, муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ» нисбат ба ҳамаи мақомоти санҷишу назорат ва ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла Прокуратураи генералӣ, Палатаи ҳисоб, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Бонки миллӣ ва мақомоти андозу гумрук низ татбиқ карда шаванд.

Инчунин бо мақсади таъмин намудани риояи дақиқи муқаррароти қонунгузорӣ дар самти мораторий ба Прокуратураи генералӣ супориш дода шуд, ки дар ҳамкорӣ бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ нисбат ба масъулони мақомоти давлатие, ки ба фаъолияти соҳибкорон беасос дахолат карда, садди роҳи рушди соҳибкорӣ мешаванд, тадбирҳои зарурӣ андешад.

Илова бар ин, бо мақсади бартараф кардани монеаҳои маъмурӣ ва таъмини самаранокии хизматрасониҳои давлатӣ ба соҳибкорон ва аҳолӣ ба Ҳукумати мамлакат супориш дода шуд, ки соли 2019 лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои давлатӣ»-ро таҳия ва манзур намояд. Ҳамчунин Пешвои миллат пешниҳод намуданд, ки бо мақсади дастгирии минбаъдаи соҳибкорон дар кишварамон «300 рӯзи ислоҳот оид ба дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ» амалӣ карда шавад.

Роҳбари давлат дар Паём вобаста ба соҳаи тандурустӣ сухан карда, аз паст будани сатҳу сифати хизматрасонӣ ва муоширати табибон изҳори нигаронӣ намуданд. Аз ҷумла, иброз намуданд, ки «Яке аз масъалаҳое, ки бо вуҷуди таъкидҳои доимӣ ислоҳ нашуда истодааст, ҳоло ҳам паст будани сатҳу сифати хизматрасонӣ ва муоширати табибон мебошад ва роҳбарони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вазифадоранд, ки дар ин самт тадбирҳои муассир андешанд».

Дар иртибот ба масъалаи мазкур, Сарвари давлат аз ворид гардидани тағйиру иловаҳои зарурӣ ба қонунгузории маъмурӣ ва ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон хотиррасон шуда, изҳор намуданд, ки соли 2018 бо мақсади пурзӯр намудани ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ барои ғайриқонунӣ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудан ва ба муомилот баровардани дорувории бесифат ё муҳлати истифодааш гузашта ё истеҳсол кардани онҳо дар мамлакат, инчунин дар натиҷаи фаъолияти тиббӣ ба бемориҳои сироятӣ гирифтор шудани мизоҷон ба қонунгузорӣ тағйирот ворид карда шуд.

Аз ин рӯ, Прокуратураи генералӣ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дигар мақомоти дахлдор мувазззаф гардиданд, ки иҷрои талаботи қонунро таъмин карда, дар роҳи содиршавии ин гуна қонуншиканиҳо садди устувор гузоранд.

Мавриди ёдоварист, ки қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (аз 2 январи соли 2019) ва «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (аз 2 январи соли 2019) бо мақсади пурзӯр намудани ҷавобгарии маъмурӣ барои ғайриқонунӣ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудан ва ба муомилот баровардани доруворӣ ва иловаҳои хӯроквории бесифат, қалбакӣ, ғайристандартӣ ва ё муҳлати истифодаашон гузашта ё истеҳсол кардани онҳо, инчунин пурзӯр намудани ҷавобгарии ҷиноятии кормандони тиб барои иҷрои номатлуби вазифаи касбиашон, вайрон кардани қоидаю меъёрҳои санитарию гигиенӣ ва зиддиэпидемикӣ аз тарафи табибони хусусӣ, кормандони кошонаҳои ҳусн, сартарошхонаҳо ва дигар корхонаҳои хизматрасонӣ, ки сабаби мубталои сирояти Вируси норасоии масунияти одам гардидани одамон ё марги инсон шудаанд, ҳамчунин пурзӯр намудани ҷавобгарии шахсоне, ки ба ғайриқонунӣ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудан, истеҳсол ва ба муомилот баровардани дорувории бесифат, қалбакӣ (сохта) ва ба талаботи стандартҳои муқарраршуда ҷавобгӯйнабуда, инчунин дорувории муҳлати истифодааш гузашта машғуланд, пешниҳод ва қабул гардиданд.

Дар Паём Сардори давлат оид ба такмили қонунҳо ва сатҳу сифати онҳо дидгоҳу назар ва афкору андешаҳои худро баён намуданд ва дар назди субъектони ҳуқуқэҷодкунанда вазифа гузоштанд. Аз ҷумла, таъкид намуданд, ки «рушди минбаъдаи ҷомеа тақозо менамояд, ки бо мақсади танзими ҳамаҷонибаи муносибатҳои ҷамъиятӣ қонунҳои амалкунанда мунтазам такмил дода шаванд. Чунин тарзи танзими ҳуқуқӣ имкон медиҳад, ки мақомоти ҳокимияти иҷроия фаъолияти худро асосан ба идоракунии давлатӣ равона созанд.

Аз ин рӯ, ба субъектҳои ҳуқуқэҷодкунанда, аз ҷумла вакилони Парлумон зарур аст, ки сифати қонунҳои амалкунанда ва ба сатҳи рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар мутобиқ будани онҳоро мунтазам таҳлил карда, лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба талаботи рӯз мувофиқ таҳия намоянд».

Дар Паём баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ омили асосии бунёди давлати ҳуқуқбунёд, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва таъмин намудани волоияти қонун дар мамлакат арзёбӣ гардид.

Аз ин лиҳоз, Сарвари давлат бинобар ба охир расидани муҳлати Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон барои солҳои 2009–2019 зарур шумориданд, ки барои даҳсолаи минбаъда барномаи нав таҳия ва қабул карда шавад.

Ҳамчунин дар Паём Президенти мамлакат бо дарназардошти он, ки муҳлати татбиқи Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2017 ба анҷом расид, зарур донистанд, ки барномаи нави ислоҳоти судиву ҳуқуқӣ таҳия карда, дар доираи он сохтор ва фаъолияти мақомоти судӣ такмил дода шавад ва ҷиҳати баррасии босифату саривақтии парвандаҳо ва иҷрои санадҳои қабулнамудаи мақомоти судӣ тадбирҳои мушаххас андешида шаванд. Дар робита ба ин, Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Вазорати адлия ва Хадамоти иҷро вазифадор гардиданд, ки дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин барномаи нави ислоҳоти судиву ҳуқуқиро барои солҳои 2019-2021 таҳия ва пешниҳод намоянд.

Мавриди тазаккур аст, ки Сардори давлат дар ҳар як Паёмашон оид ба афзоиши хавфу хатари терроризм ва экстремизм дар тамоми минтақаҳои ҷаҳон ибрози назар менамоянд. Пешвои миллат дар Паёми навбатӣ низ бори дигар ба ин масъала таваҷҷуҳ намуда, изҳор доштанд, ки «шиддати ин хатару таҳдидҳои ҷаҳонӣ, мутаассифона, имрӯз ҳам паст нашудааст. Аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вақтҳои охир дастгир шудани гурӯҳҳои ҷиноятие, ки мехостанд дар минтақаҳои сарҳадӣ ва дохили Тоҷикистон амалҳои террористӣ анҷом диҳанд, гувоҳи ин гуфтаҳост.

Бинобар ин, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомиро зарур аст, ки бо ҳушёриву зиракии сиёсӣ ва баланд бардоштани донишу малакаи касбӣ, инчунин бо истифода аз шаклу усулҳои муосир муборизаро бар зидди терроризм ва экстремизм, зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, қочоқу муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар қонуншиканиҳо тақвият диҳанд».

Дар баробари ин, Пешвои миллат ба Прокуратураи генералӣ, Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ супориш доданд, ки дар ҳамкорӣ бо Вазорати адлия ҷиҳати такмили заминаҳои ҳуқуқии пешгирӣ кардани экстремизм ва таҳияи тарзу усулҳои муосири муқовимат бо ин зуҳурот дар муҳлати се моҳ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат бо экстремизм»- ро таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.

Мутобиқи сархати якуми моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» зери мафҳуми коррупсия – кирдоре (ҳаракат ё беҳаракатие), ки шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба онҳо баробаркардашуда бо истифода аз мақоми худ ва имкониятҳои он барои ба манфиати худ ё шахсони дигар ғайриқонунӣ ба даст овардани неъматҳои моддию ғайримоддӣ, бартарият ва имтиёзҳои дигар содир менамоянд, инчунин ба ин шахсон ваъда додан, таклиф ё пешкаш намудани ин гуна неъмату бартарият ва имтиёзҳои дигар бо мақсади моилкунӣ ё қадр кардани онҳо барои содир намудани чунин кирдорҳо (ҳаракат ё беҳаракатӣ) ба манфиати шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ фаҳмида мешавад. Аз ин лиҳоз, Сарвари давлат дар Паём оид ба амалҳои коррупсионӣ сухан карда, иброз намуданд, ки «ба роҳ мондани муборизаи қатъӣ бо амалҳои коррупсионӣ шарти муҳими фароҳам овардани фазои ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа ва таҳкими эътимоди мардум нисбат ба сохтору мақомоти давлатӣ мебошад».

Дар алоқамандӣ ба ин масъала, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Палатаи ҳисоб, Прокуратураи генералӣ ва дигар субъектҳои ваколатдори соҳа муваззаф шуданд, ки ҳамкориро бо аҳолӣ беҳтар ба роҳ монда, ҷиҳати гузоштани садди устувор дар роҳи амалҳои коррупсионӣ тадбирҳои муассир андешанд ва якҷо бо Вазорати адлия лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия»-ро вобаста ба шароити имрӯза дар таҳрири нав таҳия ва пешниҳод намоянд.

Дар Паём Пешвои миллат ба масъалаи муроҷиатҳои сокинони кишвар диққати махсус дода, изҳори нигаронӣ намуданд, ки фаъолияти баъзе мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба таври дахлдор ба роҳ монда нашудааст ва шахсони мансабдор ваколатҳои худро тибқи талаботи қонун амалӣ намесозанд.

Аз ин рӯ, ба Прокурори генералии мамлакат супориш дода шуд, ки якҷо бо роҳбарони вазорату идораҳо, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо риояи ҳатмии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ»-ро аз ҷониби шахсони мансабдор ва дигар хизматчиёни давлатӣ таъмин карда, аз натиҷаи тадбирҳои андешидашуда ҳар нимсола ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намояд.

Ҳамин тавр, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми паҳлӯҳои ҳаёти ҷомеа, алалхусус ҳаёти ҳуқуқии ҷомеаро фаро мегирад ва санади муҳими сиёсӣ-ҳуқуқие мебошад, ки ба рушди ҳама бахшҳои хоҷагии халқи мамлакат мусоидат менамояд.

Фирӯз САЙНОЗИМЗОДА,
мушовири калони кумитаи Маҷлиси
намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон

Январь 10, 2019 15:10

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН — ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ДАР ПЕШОРӮИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ ҚАРОРДОШТА. Эҳдо ба Рӯзи Президент
ИДОРАКУНИИ ПРЕЗИДЕНТӢ – шакли муассири идоракунии давлатӣ ва равнақбахши Тоҷикистони соҳибистиқлол
ПРЕЗИДЕНТИ ТАШАББУСКОР. Нақши Сарвари Тоҷикистон дар ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои оби тоза дар ҷаҳон беназир ва муассир аст
ТАШАББУСИ ШОИСТАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ОИД БА ТАҲКИМИ СУЛҲ БА ХОТИРИ НАСЛҲОИ ОЯНДА. Дар ҳошияи пешниҳоди Президенти Тоҷикистон вобаста ба қабули қатъномаи махсуси СММ оид ба «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда»
ГЕОСТРАТЕГИЯ ВА ГЕОПОЛИТИКАИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Ба Рӯзи Президент бахшида мешавад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиш баргузор шуд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ гузаронида шуд