Профессор Диловар Қодирзода: «Истеҳсолот дар иқтисодиёт ва иқтисодиёт аз истеҳсолот рушд мекунад»

Январь 4, 2019 14:00

ДУШАНБЕ, 04.01.2019./АМИТ «Ховар»/. Масъалаи рушди босуръати соҳаи саноати мамлакат пайваста мавриди таваҷҷуҳи хоси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, сол то сол бо дарёфти захираву имкониятҳои мавҷуда тадбирҳои мухталиф баҳри саноатикунонии иқтисодиёти миллӣ андешида мешаванд.

Пешвои миллат дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд, ки саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми миллӣ эълон карда шавад. Инчунин бо мақсади баланд бардоштани савияи донишҳои ҳуқуқӣ, молиявӣ ва иқтисодии соҳибкорон, расонидани кумак барои таҳияи лоиҳаҳои тиҷоратӣ ва дарёфти роҳҳои татбиқи онҳо, бахусус, ба субъектҳои соҳибкории навтаъсис ва ҷалби ҷавонон ба фаъолияти соҳибкорӣ ба Ҳукумати Тоҷикистон дастур дода шуд, ки ҷиҳати дар шаҳру ноҳияҳои кишвар ташкил намудани марказҳои хизматрасонӣ, ки дар як вақт вазифаи маркази таълимии соҳибкоронро иҷро мекунанд, тадбирҳои зарурӣ андешад.

Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз нахустин муассисаи тахсилоти олии касбиест, ки мутахассисонро барои соҳаҳои гуногуни фаъолияти соҳибкорӣ бо тарзу усули навини таълимӣ омода менамояд. Хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда Анварӣ бо ректори Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Диловар Қодирзода ҳамсуҳбат гардид.

АМИТ «Ховар»: Устод, ба андешаи Шумо мақсад аз эълон гардидани  саноатикунонии бомароми иқтисодиёти миллӣ ҳамчун ҳадафи чорум ва «300 рӯзи ислоҳот оид ба дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ» дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чист?

Диловар Қодирзода: Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаҳои ҳамаҷониба ва самаранок истифода намудани иқтидорҳои саноатии кишвар, ҳарчи бештар ҷорӣ намудани технологияҳои нави истеҳсолоти саноатӣ, тақвият бахшидан ба сифати маҳсулоти саноатӣ, кам намудани хароҷоти барзиёд ва истифодаи дурусту самараноки захираҳо, сода ва шаффоф гардонидани тартиби танзими фаъолияти субъектҳои соҳибкории саноатӣ ва аз байн бурдани монеаҳои маъмурӣ аҳамияти махсус зоҳир менамояд.

Зеро соҳаи саноат яке аз омилҳои муҳими баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар ва фароҳамсозандаи ҳаёти осоиштаи мардум, инчунин заминаи боэътимоди таъмини рушди босуботи иқтисодиёти миллӣ, афзун намудани табақаи миёнаҳол ва ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ мебошад.

Натиҷаи чунин тадбирҳои созандаи Ҳукумати мамлакат аст, ки тӯли солҳои 2016 ва 2017 дар ҷумҳурӣ 820 корхонаи истеҳсолӣ дар соҳаҳои гуногуни саноат бо 20 ҳазор ҷойи нави кори доимӣ ташкил карда шуд. Ҳамчунин дар ин давра истеҳсоли беш аз 35 намуди маҳсулоти саноатии нав ба роҳ монда шудааст. Тавре Пешвои миллат дар Паёми навбатии хеш иброз намуданд, дар натиҷаи тадбирҳои амалинамудаи Ҳукумати мамлакат дар се соли охир ҳиссаи соҳаи саноат дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 15,2 то 17,3 фоиз афзоиш ёфтааст.

Маҳз, бо дарназардошти нақш ва саҳми босазои соҳаи саноати мамлакат дар ҳалли масоили иҷтимоию иқтисодии кишвар, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, таъмини рушди босуботи иқтисодиёти миллӣ, инчунин фароҳам сохтани шароити созанда барои таъмини ҳаёти осоиштаи мардум Пешвои миллат саноатикунонии бомароми иқтисодиёти миллиро ҳамчун ҳадафи чоруми миллӣ эълон намуданд.

Мавриди зикр аст, ки ибтикор ва татбиқи босамари ислоҳоти иқтисодии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тӯли солҳои охир имкон дод, ки рушди устувори саноати кишвар таъмин гардида, ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шаванд. Аммо, ба дастовардҳои мазкур нигоҳ накарда, ниҳодҳои давлатӣ ва бахши саноати мамлакатро зарур аст, ки баҳри ноил гардидан ба нишондиҳандаҳои назарраси ҳадафи чоруми стратегии мамлакат, инчунин ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, аз ҷумла барои тибқи барномаи индустралию инноватсионӣ ба 22 фоиз расонидани ҳиссаи саноат дар ММД тадбирҳои заруриро роҳандозӣ ва амалӣ намоянд.

Ғайр аз ин, тавре аз ҷониби Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ зикр карда шуд, барои расидан ба ин ҳадафҳо бояд амалишавии барномаҳои соҳавии қабулгардида ва лоиҳаҳои сармоягузорӣ таҳти назорати қатъӣ қарор дода шуда, самаранокӣ ва сифати онҳо таъмин карда шавад.

АМИТ «Ховар»: Дар шароити муосир нақши субъектҳои соҳибкории саноатӣ дар устувории иҷтимоӣ ва сиёсии ҷомеа чӣ гуна аст ва дурнамои рушди иқтисодиёти Тоҷикистон бо кадом соҳаҳо алоқамандӣ дорад?

Диловар Қодирзода: Дар шароити муосир субъектҳои соҳибкории саноатӣ кафили устувории иҷтимоӣ ва сиёсии ҷомеа мебошанд. Имрӯз корхонаҳои саноатӣ ҷойҳои нави корӣ фароҳам месозанд, буҷети давлатро ғанӣ мегардонанд, Маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакатро афзун мегардонанд ва ба баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии аҳолии мамлакат мусоидат менамоянд.

Бояд зикр намуд, ки ҳалли проблемаи рушди бемайлони иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бевосита бо саноатикунонии иқтисодиёти миллӣ ҳамчун омили стратегии рушди иқтисоди миллӣ алоқаманд аст. Зеро тавре гуфтаанд: «Истеҳсолот дар иқтисодиёт рушд мекунад ва иқтисодиёт аз истеҳсолот рушд менамояд».

Воқеан, дурнамои рушди иқтисодиёти Тоҷикистон бо инкишофи  индустриалию инноватсионӣ алоқаманд аст, ки он дар навбати худ ба густариши фаъолияти истеҳсолии субъектҳои хоҷагидорӣ ва рақобатпазирии иқтисодиёти миллӣ, ҳамчунин дар ин замина таъмин намудани ҳаёти шоистаи аҳолии мамлакат равона гардидааст.

Бо ҳадафи таҳким бахшидан ба рушди босуботи соҳаи саноат дар стратегияву барномаҳои давлатӣ дар мамлакат масъалаи баланд бардоштани самаранокии истифодаи иқтидорҳои саноатӣ, дороиҳои миллӣ, махсусан неруи инсонӣ ва воситаҳои асосӣ самтҳои афзалиятнок ба ҳисоб мераванд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то кунун бо мақсади фароҳам овардани фазои мусоиди инкишофи соҳаи саноат ва ҷалби сармоя ислоҳоти иқтисодиро бомаром идома бахшида истодааст. Солҳои охир аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои дастгирии соҳаи саноат, аз ҷумла соҳибкории истеҳсолӣ қарзҳои имтиёзнок ҷудо карда шудаанд. Дар Паёми навбатии Пешвои миллат пешниҳод карда шуд, ки бо мақсади дастгирии минбаъдаи соҳибкорон дар мамлакат «300 рӯзи ислоҳот оид ба дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ» амалӣ карда шавад.

Дарвоқеъ, саноатикунонии иқтисодиёти миллӣ заминаи боэътимоди таъмини бозорҳои истеъмолии ҷумҳурӣ бо молҳои ватанӣ, густариши иқтидори содиротии мамлакат, ташаккули имконоти воридотивазкунӣ, таъмини cатҳи инкишофи босуръати Маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакат, васеъсозии муносибатҳои иқтисодии байналмилалии кишвар мебошад.

Масъалаи афзун намудани иқтидори содиротии мамлакат бо роҳи саноатикунонии иқтисодиёти миллӣ, рушди соҳибкории истеҳсолӣ, инчунин ба ин восита коркарди пурраи ашёи хоми ватанӣ, беҳтар намудани зерсохторе, ки ба тараққиёти инноватсионии соҳаҳои саноат, аз ҷумла истихроҷ ва коркарди маъдан, металлургияи ранга, саноати сабук ва хӯрокворӣ равона шудааст, зарур мебошад.

АМИТ «Ховар»: Самтҳои афзалиятноки иқтидори ба содирот нигаронидашуда ва воридотивазкунандаи иқтисодиёти мамлакат кадом соҳаҳо ба ҳисоб мераванд ва соҳибкорон бояд истеҳсоли маҳсулоти саноатии рақобатпазири ватаниро чӣ гуна ба роҳ монанд?

Диловар Қодирзода: Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои бойи гидроэнергетикӣ, истеҳсолоти кимиёвӣ, металлургияи ранга, металлҳои қиматбаҳо ва ғайраҳо мебошад. Имконоти коркарди захираҳои бойи табиӣ ва ашёи хоми ватанӣ на танҳо иқтидори содиротии мамлакатро зиёд мегардонад, балки иқтидори воридотивазкуниро низ афзун менамояд.

Бинобар ин, дар шароити муосир зарур аст, ки ба масъалаҳои тақвияти рушди содирот, тезонидани ҷараёни саноатикунонии иқтисодиёти миллӣ аҳамияти махсус дода шуда, барои коркарди ниҳоии маҳсулоти саноатӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.

Самтҳои афзалиятноки иқтидори ба содирот нигаронидашуда ва воридотивазкунандаи иқтисодиёти мамлакат ин- электроэнергетика, металлургияи ранга, саноати кимиё, саноати сабук ва соҳаи кишоварзӣ буда, метавонанд дар заминаи истифодаи васеи иқтидори захиравии маҳаллӣ ва инсонӣ ташаккул ёбанд. Инчунин дар бахшҳои воқеии иқтисодиёти миллӣ аз ҷониби соҳибкорон бояд бо истифода аз технологияҳои нави ҷаҳонӣ истеҳсоли маҳсулоти саноатии рақобатпазири ватанӣ ба роҳ монда шавад.

Ҳамин тавр, зикр намудан зарур аст, ки андешидани тадбирҳои мазкур ба саноатикунонӣ дар мамлакат мусоидат менамояд, имконияти аз содиркунандаи ашёи хом ба содиркунандаи маҳсулоти тайёри саноатӣ табдил додани мамлакатро фароҳам сохта, барои саноатикунонии иқтисодиёти миллӣ заминаҳои воқеӣ ба вуҷуд оварда метавонад.

Умедворем, ки саноатчиён ва субъектҳои фаъолияти хоҷагидории мамлакат баҳри иҷрои ҳидоятҳои созандаи Пешвои миллат ва бо мақсади шукуфоии Тоҷикистони азиз, баланд бардоштани обрӯву нуфузи мамлакат дар арсаи байналмилалӣ, инчунин фароҳам сохтани шароит барои ҳаёти шоистаи аҳолии мамлакат содиқона хизмат мекунанд.

Бо чунин рафтори созандаи хеш онҳо баҳри саноатикунонии иқтисодиёти миллӣ ва инкишофи ҳаёти босаодат дар мамлакат мусоидат намуда метавонанд.

Январь 4, 2019 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Директори идории Хазинаи байналмилалии асъор иқтисоди Тоҷикистонро хеле устувор ва ба самти дуруст рушдёбанда арзёбӣ намуд
15 МАЙ- РӮЗИ ҶАҲОНИИ ИҚЛИМ. Тағйирёбии иқлим аз ҷомеаи ҷаҳон ҳамкории устувор ва дурандешӣ тақозо менамояд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд беш аз 100 намояндаи ВАО сабти ном гардид
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Шуурнокии ҳуқуқии миллат муайянкунандаи дараҷаи рушди давлат ва таъмингари нуфузи он дар ҷаҳони муосир аст
МАВҚЕЪГИРИИ СИЁСӢ ВА АРЗЁБИИ МУШКИЛОТИ ИМРӮЗ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Тоҷикистон дар мулоқот бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
Владимир Путин ба Эмомалӣ Раҳмон: Ҳеҷ неруе наметавонад муносибатҳои бародаронаи мардумони ду давлатро халалдор намояд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода